logo

иқтисод

АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. ДАР ТАЪМИНИ ОН КИШОВАРЗОН САҲМИ БЕШТАР ДОРАНД

Яке аз се ҳадафи стратегии кишварро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон таъмини амнияти озуқаворӣ номидаанд. Рушди соҳаи агросаноатӣ, яъне таъмини пурраи аҳолӣ бо маҳсулоти рустанӣ ва чорво мебошад, ки дар ин самт тадбирҳои муҳим роҳандозӣ гашта истодааст.
Ин вазифаи фахрӣ ба зиммаи барзгарону чорводорон вогузор шудааст, ки мебояд аз дастовардҳои навтарини илму техника, тухмиҳо, навъҳо ва зотҳо пурмаҳсул истифода баранд.
Мафҳуми амнияти озуқаворӣ аз истеъмоли даҳ анвои асосии хӯрокворӣ иборат буда, солимии инсон ва таъмини корхонаҳои саноатии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба он тавъам аст.
Агар деҳқонон ғалладона, сабзавоту полизиҳо, картошка, меваю ангур ва равғани рустанӣ истеҳсол намоянд, кормандони бахши чорводорӣ аҳолиро бо гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шир ва маҳсулоти он, тухм, асал ва моҳӣ таъмин менамоянд.
Дар баровардани ниёзи мардум саҳми кишоварзон бештар аст. Зеро маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо баробари ҳаштод дарсади таъминоти солонаи аҳолии мамлакат мебошад. Дар сурати боз ҳам беҳтару самараноктар истифода бурдани обу замин, тухмиҳо, техника ва дигар воситаҳо кишоварзон аз уҳдаи таъминоти аҳолӣ бо маводи хӯрокворӣ баромада, ҷойҳои нави корӣ таъсис медиҳанд.
Омили тақвиятдиҳандаи рушди чорводорӣ беҳтар кардани зот, мустаҳкам намудани базаи хӯрок, бордорсозии сунъӣ, ташкили хоҷагиҳои зотпарварӣ, таъмини соҳа бо мутахассисони варзида ва дигарҳо мебошад. Аллакай дар ҳар минтақаи кишвар хоҷагиҳои махсуси чорвопарварие фаъолият доранд, ки бо ҳайвоноти хушзоти сермаҳсул таъмин буда, тавассути дар асоси қоидаҳои баланди зооветеринарӣ нигоҳубин кардан маҳсулнокии баланд доранд. Маҳз чунин корхонаҳои истеҳсоли гӯшту шир боиси фаровон гаштани маҳсулоти чорво гаштааст, ки онро дар бозору муассисаҳои савдо мебинем.
Дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва инфиродӣ назаррас мебошад. Чунончи, аз 5 миллиону 440 ҳазор сар гӯсфанду буз зиёда аз 4 миллион сар ва аз 2 миллиону 220 ҳазор сар чорвои калон 1 миллион сараш дар хоҷагиҳои фермерию инфиродӣ  парвариш карда мешаванд.
Дар соҳаи чорводории ҷумҳурӣ парвариши гӯсфанду буз мавқеи калон дорад. Аз зоти ҳисории номдор, ки калонҷуссатарин гӯсфанди дунё маҳсуб мешавад, то зотҳои қароқулӣ, тоҷикӣ, дарвозии маҳинпашм ва ҷойдорӣ дар минтақаҳои мутобиқшудаашон нигоҳубин карда мешаванд.
Тавре дар боло зикр гардид, бордорсозии сунъӣ яке аз омилҳои пешрафти соҳа мебошад. Ҳоло тавассути бунгоҳҳои бордорсозии сунъии Хадамоти байтории ҷумҳурӣ ҳар сол зиёда аз 50 дарсади чорвои ҷамъиятӣ ва шахсӣ бордор карда мешавад. Ин омил боиси афзоиши маҳсулнокӣ ва беҳ гардидани зоти чорвои калон ва моли майда гаштааст.
Таҷрибаи андӯхтаи субъектҳои зотпарвари хоҷагиҳои гӯсфандпарварии “Қубодиён” -и ноҳияи Қубодиён, ба номи Гагарини ноҳияи Шаҳритуз, “Данғара” - и ноҳияи Данғара, “Ҳисор” – и ноҳияи Фархор, “Тебалай”- и ноҳияи Муъминобод ва парваришкунандаи чорвои калон, амсоли “Баракати Ёвон”- и ноҳияи Ёвон, ба номи Латиф Муродови ноҳияи Ҳисор шаҳодати гуфтаҳои болоянд. Дар хоҷагиҳои пешқадами ҷумҳурӣ аз як сар меши бо роҳи сунъӣ бордорсохта аз 2,5 то 5 килограмм пашм ва аз як гови дӯшо аз 4,8 то 5 ҳазор литр шир медӯшанд.
Аз ин ҷиҳат, олимону мутахассисони соҳаи чорводориро лозим аст, ки барои пурра фаро гирифтани чорвои ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба бордорсозии сунъӣ тадбирҳо ҷӯянд ва ҷиҳати расидан ба амнияти озуқавории мамлакат саҳм гиранд. Барои ин дар ҷумҳурии мо шароиту имконият, таҷрибаю маҳорат, захираҳо ва мутахассисон мерасанд. Фақат онҳоро дастгирӣ карда, шароит муҳайё намудан ба манфиати кор аст.
Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2016    №: 250-251    Мутолиа карданд: 1880

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед