logo

маориф

“МАГАР ИН МУМКИН АСТ?”

(«Ҷумҳурият», 29 ноябри соли 2016)
Шуъбаи маориф бо арзи эҳтироми самимӣ ва итминони комил аз дастгириҳои ҳамешагии шумо дар инъикоси масоили соҳаи маориф изҳори сипос менамояд. Ҳамзамон, ба шумо иттилоъ медиҳем, ки номаи З. Акрамов, сокини деҳаи Восеободи Хурди ноҳияи Восеъ, ки дар гӯшаи «Шаҳрванд» - и рӯзнома нашр шудааст, сухан дар бораи мактаби № 64 - и ноҳияи Восеъ меравад, ки ҳампаҳлуи беморхонаи касалиҳои сил мебошад. Нома  дар маҷлиси назоратии назди мудири шуъба (1.12.2016) мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар асоси қарори раиси ноҳияи Восеъ аз 21.09.1999 дар заминаи боғчаи Ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазов муассисаи таҳсилоти асосии умумии № 64 таъсис ёфта, бо қарори раиси ноҳияи Восеъ аз 29.08.2014, № 513 аз муассисаи таҳсилоти асосии умумӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шудааст.
Муассисаи мазкур дорои 8 синфхона буда, дар он 421 нафар хонанда таҳсил менамояд. Соли 2015 ба тариқи ҳашар сохтмони 5 синфхона оғоз шуда, айни замон масолеҳи сохтмонӣ барои пӯшондани боми синфхонаҳои иловагӣ омода гардидааст, ки то моҳи марти соли 2017 пурра ба истифода дода мешавад.
Ҳангоми таъсисдиҳии муассиса дар соли 1999 дар шафати муассиса беморхонаи касалиҳои сил вуҷуд надошт. Аз давраи таъсисдиҳии беморхонаи касалиҳои сил то ҳол ҳолатҳои таъсири ангезаҳои  ин беморӣ маҳз аз беморхонаи мазкур ба омӯзгорону хонандагони муассиса аз тарафи ниҳодҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.
Сироҷиддин ГУРЕЗОВ,
мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2016    №: 250-251    Мутолиа карданд: 5470

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед