logo

сиёсат

ҶАВОНМАРДӢ. БАРДОШТҲО АЗ САФАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД

Пешвои миллати мо баробари бо таҳаммул ва судманд баргузор кардани мулоқотҳои расмӣ роҳе меёбад, ки бо халқи одӣ ҳамсуҳбат шавад, розу ниёзи онҳоро бишнавад ва ёриашро дареғ надорад. Ин аст, ки аз минбари расмӣ поин омада, дар кӯчаю хиёбонҳо бо мардум суҳбатҳои озоду ошкоро ва самимона доир менамояд.
Тақрибан дар ҳафт сафари хизматие, ки солҳои 1994 - 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи дурдасти кӯҳистони Тоҷикобод дошт, чунин манзараҳо зиёд мушоҳида шуданд, ки дар ҳаёти одамони алоҳида абадӣ нақш баста, дар саҳифаҳои таърихи ноҳия боқӣ монданд.
Мулоқоти нахустини муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми ноҳия 9 июли соли 1994 сурат гирифт. Даврае, ки водии Рашт, алалхусус ноҳияи Тоҷикобод нуқтаи гарми ҷанги шаҳрвандӣ маҳсуб мешуд.
Бисёр пешвозгирандагон аз ӯ чун одати сарварони пешин виқору ҷиддият, нутқу ваъдаи пурпечу расмиро интизор буданд. Ин хел нашуд. Ӯ бо нигоҳи пурмеҳру навозишгар ҷои мулоқот саҳни мақомоти иҷроияи  ноҳияро интихоб кард. Суҳбати озоду ошкоро ва самимӣ бо мардум доир намуд.
Ба мардум, ба мӯйсафедони рӯзгордида гарму ҷӯшон даст дода, ҳолу аҳвол пурсид. Ҳофизи номдори халқ зиндаёд Иброҳим Кобулиро шинохту аз зиндагиаш пурсон шуд. Чун фаҳмид, ки бар асари таҳдидҳои  мухолифин чанд сол боз даст ба сетораш намебарад, таассуф хӯрд. Сарвари давлат дили аз зиндагӣ сардгаштаи ҳофизро аз нав ба зиндагӣ ва эҷод гарм кард ва рӯи саҳна даъваташ намуд. Бовараш бахшид, ки тоҷикон бо зудӣ ба сулҳу ваҳдат мерасанд. Ба масъулин дастур дод, ки барои ӯ шароити мусоиди эҷодӣ фароҳам оранд.
Ниҳоят баъди ин мулоқот ҳунарпешаи асил боз ба саҳна баргашт. Дар саҳни мактаби рақами 8 - и  деҳаи Сари Пул шаби эҷодии Ҳофизи халқии Тоҷикистон Иброҳим Кобулӣ баргузор шуд. Баъди чанде бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзандааш дар равнақи санъати тоҷик бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардид. Ҷашни 75 - солагии ӯро дар Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ таҷлил карданд.
13 сентябри соли 2000 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ба ноҳияи Тоҷикобод ташриф овард. Ин бор тибқи нақша мебоист дар клуби асосии маркази ноҳия вохӯрии Сарвари давлат бо фаъолон доир мегардид. Аммо издиҳоми бузурги ба истиқболаш баромадаро ҳеҷ биное ғунҷонида натавонист. Ва Президенти мамлакат барои вохӯрӣ майдони назди қаҳвахонаи «Сурхоб» - ро интихоб кард. Суҳбати озоду самимӣ баргузор гардид. Сарвари давлат иброз дошт, ки маркази ноҳияи навташкил ба деҳа шабоҳат дорад ва Ҳукумати ҷумҳуриро лозим меояд барои ободу зебо гардондани он тадбирҳои иловагӣ андешад. Баъди ин маблағгузорӣ дар самтҳои гуногун афзуд ва корҳои сохтмону ободонӣ суръати тоза касб намуданд.
1 - 3 августи соли 2003 дар ноҳияи Тоҷикобод машварати умумиҷумҳуриявии картошкапарварон доир гардид. Ин чорабинии бузург ғояти қадрдонии Пешвои миллат буд, ки дар кори он худи Ҷаноби Олӣ ширкат варзид. Ба ноҳияи мо бо сарварии Сарвари давлат меҳмонони зиёди олиқадр ташриф оварданд.
3 октябри соли 2008 зимни мулоқоти Президенти мамлакат бо мардуми ноҳия дар деҳаи Сари Пул духтари Назархоҷа Мӯсоев, тарбиятгирандаи интернати назди мактаби рақами 6 - и деҳаи Нӯшор Парвина Мӯсоева ба назди баландгӯяк омада, ғамхории Президентро ба ятимону бепарасторон дар мисоли худаш бо шеъре иброз намуд. Сарвари давлат аз марги бемаҳали Назархоҷа Мӯсоев изҳори таассуф карда, аз мулоқоти қаблиаш (соли 2003) ёдовар шуд ва  ҳиссиёти ватандӯстонаи ӯро ҳамчун намунаи ибрати дигарон арзёбӣ намуд. Инчунин  сарвари «Ориёнбонк» - ро сарпаноҳи оилаи бесарпаноҳмондаи Мӯсоевҳо эълон дошт.
Дар ҳамин мулоқот, ки ба ифтитоҳи марҳилаи сеюми шоҳроҳи Душанбе – Сари Тош рост омад, зимни суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷумлаи таърихии «Тоҷикобод диёри, дар ҳақиқат, биҳиштосо буда, номи хеле зебо дорад, он ҳамрадифи номи миллат ва номи Тоҷикистони азиз, ҳамсоли даврони соҳибистиқлолии кишвар аст» садо дода буд.
Дар маркази ноҳия вақти мулоқот бо мардуми ба истиқболи Сарвари давлат баромада чашми ҳамабину хайрхоҳи Эмомалӣ Раҳмон ба маъюб Рустам Мирзоев (сокини деҳаи Қалъа) бархӯрд, ки болои аробачаи маъюбӣ мехост аз дигарон қафо намонда, аз наздик суҳбати Роҳбари давлатро бишнавад. Президент назди ӯ омада, вазъи ҳолашро пурсид. Чун фаҳмид, ки айёми хонадоршавии Рустам фаро расидаасту манзили истиқоматӣ надорад, дастур дод, ки дар шаҳри Душанбе барои Рустам хонаеро бо таҷҳизоташ харидорӣ ва ҳадя намоянд.
Дар роҳ то Маркази ҷавонони ноҳия назари Президенти мамлакат ба симои мӯйсафеди озода Сайидҷон (аз деҳаи Фатҳобод) афтода, ба ӯ китоби нав тарҷумашудаи Қуръони маҷидро ҳадя кард. Дар Маркази ҷавонон бо хонандаи мактаби рақами 1 Нишонаи Ҳоким шашкабозӣ кард.
Муносибати Пешвои миллат бо ходимони дин низ шоистаи ибрат аст. Ӯ он ходимони шинохтаи динро, ки асолати исломро покиза нигоҳ медоранду мардумро ба роҳи росту ҳақиқат ҳидоят менамоянд, эҳтиром мегузорад. Ин аст, ки дар ҳар як сафари хизматиаш ба ноҳияи Тоҷикобод аз аҳволи Мавлавӣ Ҳикматулло бохабар шуда,  бо ӯ ҳамсуҳбат мешавад.
3 октябр зимни бозгашт аз хонаи Мавлавӣ Ҳикматулло дар назди чархбол ҳозирон шоҳиди воқеаи таассуротбахше гардиданд. Диданд, ки аз дуриҳо дастафшон марде сӯи чархбол давон меояд. Президент амр кард, ки лаҳзае таваққуф намоянд.
Ниҳоят ӯ - сокини деҳаи Мазори Боло Абдураҳим Абдиев ба назди чархбол расид ва мақсадашро изҳор кард. Орзуи зиёрати Пешвои миллатро доштааст ва ифтихор дорад бо чунин Сарваре, ки беҳтарин неъмати дунё: сулҳу ваҳдатро дар ватани азиятдидааш барқарор сохтааст. Ҳозирон аз ин софтинатии як нафар марди рустои кӯҳистон ба ваҷд  омаданд ва Президент самимона ӯро ба оғӯш гирифт.
Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минтақаҳои баландкӯҳи хоҷагии ба номи Анвар Қаландарови деҳоти Лангари Шоҳ ва хоҷагии «Сари Най» - и деҳоти Ширинчашма 27 августи соли 2010 ба вуқӯъ пайваст.
Меҳмони олиқадр ҳангоми боздид ба комбайнҳои ғалладарав, ки духтарони тоҷикободӣ пушти чанбарҳои онҳо нишаста, машғули дарав буданд, дучор омада, ба ғайрату маҳорати донишҷӯдухтарони омӯзишгоҳи касбӣ – техникии рақами 39 аҳсан хонд.
Деҳаи ба номи А. Қаландаров дар мавзее ҷойгир аст, ки табиати афсонавӣ дорад. Дар ишора ба табиати сабзу рангини мавзеъ Президенти мамлакат гуфт:
- Табиату обу ҳавои кӯҳистони тоҷик назир надорад. Диёри Тоҷикобод биҳиштосо аст, шумо дар дохил онро чандон эҳсос намекунед. Мардумонатон ҳам зебою тануманданд. Чунин мавзеи зебоманзарро то ин дам надида будам. Дар як вақт чор фасли солро мушоҳида кардан мумкин аст.
Дар вохӯриҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҳама қишрҳои ҷомеа доир мекунад, дар баробари баррасӣ намудани ҳадафҳояш аз пайи ҷустуҷӯи истеъдодҳои ҷавон дар ҷабҳаҳои илму техника ва фарҳангу маънавиёт аст. Ин ташаббуси Сарвари давлат низ ба хотири ояндаи дурахшони Ватани азизи мост. Зимни сафари соли 2013 бо тавсияи ӯ хатмкунандагони мактаби рақами 1 - и деҳаи Тоҷикобод Садафмоҳи Паҳлавон ва ятими кулл Миҷгона Эшонова ба факултаҳои ҳуқуқшиносӣ ва рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуданд.
 Шоир ва устои чирадаст Давлатмуроди Баллаҷон аз деҳаи Сари Пул ҳар дафъа дар ҳузури Пешво шеъри навашро қироат менамояд ва ҳам табақҳои сохтаи ӯ самимона пазируфта мешаванд.
Ҳамин тавр, мардуми ноҳияи Тоҷикобод бо номи Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунанд ва аз сидқи дил сиёсати Пешвои миллатро амалӣ мегардонанд.
Баҳодур АБДУСАТТОРОВ,
Дилшод АМИРОВ,  ноҳияи Тоҷикобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2016    №: 250-251    Мутолиа карданд: 1858

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед