logo

иҷтимоиёт

ПАЁМ. ДАСТУР, ДАСТГИРӢ ВА ПЕШРАФТ

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 20 январи соли равон, аз он ҷиҳат дорои аҳамият ва арзиши баланди сиёсӣ буд, ки он ҳадафҳои барҷастаи сиёсати давлатиро дар робита ба як рӯйдоди муҳими Тоҷикистони соҳибистиқлол - таҷлили сазовор ва шоистаи 25 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар пайванди қавӣ бахшид.
Дар навбати аввал бояд таъкид намуд, ки дар соли 2016 яке аз бузургтарин рӯйдодҳои таърихӣ баргузор гардидани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки бешак барои вуруди ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба як марҳалаи сифатан нави таҳаввулоти сиёсӣ асос гузошт. Хушбахтона, бо мақсади ҳузури фаъол ва густардаи мардум бо раъй ва иродаи хеш дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Сокинони мамлакат, хоса ҷавонон бо баргузор намудани раҳпаймоиҳои ваҳдатгароёна аз ин чорабинии бузург бо самимият ва ҳисси баланди давлатдорӣ истиқбол намуданд.
Дигар аз рӯйдодҳои нодир бо ҳидоят ва раҳнамоии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар Тоҷикистон доир шудани ҳамоиши адибони кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз мебошад. Бо иштирок дар ин ҳамоиш меҳмонон ба дурустӣ ва ба ҳақиқат эҳсос намуданд, ки воқеан Тоҷикистон ватани Наврӯз аст. Дар истиқбол аз ин падидаи нодири сиёсати фарҳангии Пешвои миллат моҳи октябр дар шаҳри Хуҷанд низ ҳамоиши байналмилалии “Камоли Хуҷандӣ, рушди адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ” баргузор гардид, ки дар он низ ҳузури донишварони зиёде аз кишварҳои мухталифи олам боз ҳам Тоҷикистони моро мизбони чунин чорабиниҳои бузурги сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намуд, ки ин нукта, пеш аз ҳама, аз ҳадаф ва ормонҳои сиёсати хориҷии Пешвои миллат сарчашма мегирад.
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ, ки ба таъмини рушди соҳаи тандурустӣ, дастрасӣ доштани ҳар як сокини мамлакат ба хизматрасонии босифат ва муосири тиббӣ нигаронида шуда, дар Паёми имсола низ бори дигар таъкид гардид. Дар партави ин ҳидоят, дар вилояти Суғд соли 2016 – Соли фарди солим эълон гардида, барномаи вижа дар ин самт қабул ва амалӣ гардид. Шоистаи таъкид аст, ки дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар 45 иншооти соҳаи тандурустӣ корҳои сохтмонӣ ва дар 182 иншоот корҳои таъмирӣ иҷро шуданд.
Барои дар амал татбиқ намудани сиёсати фарҳангии Пешвои миллат, ки пеш аз ҳама сарчашма аз Паёми солона доштанд, инчунин таблиғи арзишҳои миллию фарҳангӣ дар вилояти Суғд низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Бо мақсади муаррифии фарҳанги волои халқи тоҷик ва бедор намудани ҳисси зебоипарастии аҳолӣ, бахусус ҷавонон дар Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” чорабиниҳои анъанавии “Иди зардолу”, фестивалҳои “Оши палав” ва “Гулҳо” дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор карда шуданд. Таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба масъалаи эҳёи ҳунарҳои миллӣ имконият фароҳам овард, ки дар канори баргузории фестивали атласу адрас, озмунҳои мухталифи атласу адрасбофон ба таъсиси Муассисаи давлатии “Мактаби эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ” асос гузошта шавад. Бо мақсади тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, тақвияту густариши истеҳсоли анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ ва ба муносибати 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 октябр дар толори Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги Суғдиён Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд - 2016» баргузор гардид, ки дар он либосҳои тарроҳон аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо номинатсияҳои қадима, идона, рӯзмарра, расмӣ ва кӯдакона танҳо аз матои атласу адраси тоҷик намоиш дода шуд.
Муҳимтар аз ҳама, ваҳдату ҳамдилӣ, сарҷамъиву сарсабзии мардуми шарифи Тоҷикистон, ки ҳамагӣ онҳоро дар атрофи Пешвои миллати худ фароҳам овардаву ба сӯи шукуфоиву дастовардҳои нав ба нав ҳидоят мекунад, падидаҳои беҳтарини идона ва туҳфаҳои беназире ба ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.
Ғаффорӣ Назира АБДУЛЛОЗОДА,
муовини раиси вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2016    №: 250-251    Мутолиа карданд: 2777

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед