logo

иҷтимоиёт

СИПОСНОМА

Дар ин айёми сароғози фасли зимистон саросари водиҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз қисмати ғарбии Боми Ҷаҳони - водии Вахё сар карда, то дуриҳои музофоти Ванҷи Боло, Бартанг, Ғунду Шоҳдара ва Вахон, инчунин чорсӯи Помири Шарқӣ ҳама ҷо дар ҳукми сармо мебошанд. Баъди солиёни тӯлонӣ аввалин маротиба дар даҳрӯзаи охирини моҳи ноябр дар ҳамаи минтақаҳои вилоят барфи зиёд борид.
Аҳли заҳмати ноҳияи Дарвоз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди самтҳои афзалиятнок - кишоварзӣ, чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ, ки зимни сафарҳои кориашон ба  шаҳру навоҳии  вилоят, аз  ҷумла водии Вахё,   баён карда буданд, бо сарбаландӣ ба ҷо оварда истодаанд.   
Тибқи иттилои раиси деҳоти Сағирдашт Бегиҷон Алиев,  баъди сафарҳои кории анҷомдодаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  ба деҳоти мазкур дар ин минтақаи  баландкӯҳ 24 муассисаи нави хизматрасонӣ сохта,  ба кор дароварда шуда, ба ҷои  иншоот ва хонаҳои истиқоматии гилини бадсифати дар ҳолати садамавӣ қарордоштаи солҳои панҷоҳуму шастуми асри гузашта манзилҳои нави зисти бисёрошёнаи ҷавобгӯи талаботи меъморӣ ва шаҳрсозии ҳозиразамон  сохта  шудаанд.
Боиси сарфарозии ҷавонони ин минтақаи баландкӯҳ  мебошад, ки бо иштироки Пешвои миллат дар маркази деҳот  варзишгоҳ барои 400 ҷои нишаст сохта, мавриди истифода қарор гирифт, ки баландкӯҳтарин иншооти варзишӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.      
Мутобиқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ду муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Дарвозро бо техникаи роҳсозӣ таъмин кард. Дар деҳаи Сағирдашт  корхонаи дӯзандагӣ барои 50 нафар духтарони маҳаллӣ мавриди истифода қарор гирифт.    
Яке аз куҳансолтарин сокини деҳоти Сағирдашт Ҳукум Муҳаббатов, ки солҳои зиёде дар мансабҳои гуногун адои вазифа карда, баҳри ободии ин диёр саҳми муносиб гузоштаанд, бо ифтихор  гуфт, ки ба хотири ободии кӯҳистон, торафт беҳбудӣ ёфтани дараҷаи зисту зиндагонии сокинони он  дар даврони истиқлолият корҳои зиёде ба ҷо оварда шуданд. Аз ин хотир, хурду калони  водии  Вахё ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз дилу ҷон изҳори сипос менамоянд.
Аз фаромадани сел дар деҳаи Барсеми водии Ғунди ноҳияи Шуғнон  вақти зиёд нагузаштааст. Аҳли ин деҳа соатҳои дидорро бо Пешвои миллат, ки зимни сафари кориашон ба ин минтақа калидҳои манзилҳои  нави истиқоматиро тақдимашон намуда буданд, ёд меоранд. Онҳо ҳоло дар деҳаи Раҳмонобод, ки беҳтарин шароити зист барояшон муҳайё гаштааст, зиндагонӣ мекунанд. Дар шафати ин деҳа корхонаи  истеҳсоли орд бунёд гаштааст ва рустонишинон дигар ба бозорҳои шаҳри Хоруғ намераванд.Сокинони деҳоти Басид, Савноб, Рошорв, Ғӯдара ва Пасори домони кӯли Сарез низ дар ин айёми фарорасии соли нави 2017 дар хонаҳои навбунёди  нисбат ба   манзилҳои куҳнаи фарсудаашон даҳҳо маротиба беҳтар ба сар мебаранд. Ҳамагон шукронаи ғамхориҳои Пешвои миллат, шукронаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат ва ваҳдати миллиро мекунанд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2016    №: 250-251    Мутолиа карданд: 2929

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед