logo

фарҳанг

"ТОҶИКОН" - И ШИШОВ

Миллат бояд аз гузаштаи худ – хоҳ дурахшон бошад, хоҳ тира – сабақ бигирад ва дурнамои ояндаашро муайян бисозад.
Эмомалӣ РАҲМОН


Истиқлолият чун муҳаррики пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон ба соҳибони ин марзу бум имкони бузургу нодири таърихӣ дод, то гузашта ва имрӯзи худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

Аз ҷумлаи чунин иқдомоти судманд нашри силсилаи китобҳоест ба унвони «Тоҷнома», ки аз ибтикору дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. То имрӯз китобҳои «Авесто», «Бундаҳишн», «Таърихи Сиистон», «Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ», ки бо расмулхат ва забони муосири тоҷик дастрас набуд, тарҷума, баргардон ва бо сифати баланд нашр гардиданд. Дар ин моваро руҷӯи мо ба китоби «Тоҷикон»-и муаррих ва этнографи маъруфи рус Александр Шишов аст. Баъзе аз навиштаҷоту гуфторҳои ҷудогонаи ин таърихнигорро тавассути рӯзнома ба саҳматон расонда будем, ки аксарашон аз тарҷума рӯи кор меомаданд. Инак, кӯшишу талошҳои пайвастаи тарҷумон Илҳом Юсуфӣ ва муҳаррири масъул Алишери Муҳаммадӣ самара дод ва тарҷумаи тоҷикии ин китоб дастраси хонандагон гашт.
Дар оғози китоб омадааст: «Тоҷикон»-и А. П. Шишов нахустин асари бунёдӣ доир ба ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, фарҳанги маишӣ, одобу ахлоқ ва дар умум этнографияи тоҷикон аст, ки соли 1910 дар Тошканд ба чоп расидааст».
Аз мазмуну мундариҷааш  пайдост, ки ин маҷмӯа таърих, расму оин ва фарҳанги рӯзгордории тоҷиконро дар асоси маълумоти то аввали асри ХХ батабърасидаи олимону сайёҳони рус ва аврупоӣ инъикос мекунад.
Александр Шишов дар сарсухани соли 1910 нигоштааш кори кӯчактарин ва саҳми андаке барои омӯзиши тоҷикон будани рисолаашро таъкид намуда менависад: «Мо дар бораи саъйу талош ва қобилияти тоҷикони кӯҳистон барои рушду густариши фарҳанг ва такомули миллиашон ҳанӯз маълумоти кам дорем».
Аммо бо вуҷуди ин, ба гуфтаи матншинос Қодири Рустам, муаллиф нахустин бор бисёр аниқ ва ҳамаҷонибаю дақиқ маводи фаровонеро дар бораи этнография ва фарҳанги рӯзгордории тоҷикон ҷамъоварӣ намуд. Қисмати асосии маводе, ки ӯ истифода бурдааст, дар асри ХIХ ва аввали садаи ХХ дар нашрияҳои гуногун дарҷ гардидаанд ва ҳоло ҳуҷҷатҳои китобшиносии нодир маҳсуб мешаванд, ки барои муаррихон ва хонандагони сершумор то имрӯз дастрас набуданд.
Масъулон ва пажӯҳандагони «Тоҷикон» хидматҳои Шишовро тавсиф намуда, ҳамзамон баъзе аз камбудиҳоро низ ба қалам додаанд. Аз ҷумла, ба андешаи онҳо А. Шишов  дар баробари тасвири  маишати зиндагидории тоҷикони кӯҳистон метавонист, ба хазинаи маълумотии худ аз ҳаёти гуногунҷанбҳаи мардуми шаҳр ва маданияти онҳо низ маводу матлабҳои дигар илова намояд.
Бо вуҷуди ин, тарҷумаи ин китоби мардумшиносӣ барои муҳаққиқону мухлисони таъриху оини халқи тоҷик маълумоти муфиду шавқовар медиҳад.  Аз ҷумла, Александр Шишов дар байни дигар мардуми Осиёи Миёна аз чӣ мавқею нуфуз бархӯрдор будани халқи моро чунин тавзеҳ медиҳад: «Тоҷикон сокинони қадимтарини минтақа ҳастанд. Дар ин робита онҳо омӯзгори маънавии халқҳои дигари ин марзу бум маҳсуб меёфтанд».
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2016    №: 250-251    Мутолиа карданд: 2349

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед