logo

ҳуқуқ

ТАСАРРУФИ ЗАМИН. КӢ ДАР ТАТБИҚИ ҚОНУН МОНЕА ЭҶОД МЕКУНАД?

30 апрели соли 2016 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №201, «Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон додани қитъаҳои замин» ба тасвиб расид. Тибқи қарор ҳудуди 333,71 гектар замин барои ташкили қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ  ба фонди манзили мақомоти иҷроияи шаҳр гузаронда шуд. Бо қарори комиссияи ҷамъиятӣ №20 аз ҳисоби заминҳои ба фонди манзилгузаштаи тарҳҳои 66, 68, 66а ва 59 - и харитаи заминистифодабарии хоҷагии ба номи Сафаралӣ Зарифови Ҷамоати деҳоти Кӯлоб ба 64 нафар эҳтиёҷманд ба масоҳати 5 - садякӣ қитъаи замин ҷудо гардид.
Мутаассифона, ҳангоми тақсимот кор ранги дигар гирифта, 7  нафар эҳтиёҷманд аз замин «бенасиб» монданд. Ин дар ҳолест, ки ҳамаи онҳо дар даст қарори раиси шаҳр дар бораи додани  қитъаи заминро доранд. Масъулон мӯҷиби асосии ба вуқӯъ омадани ин ҳолатро аз тарафи як гурӯҳ сокинони деҳаи Чорбоғ хилофи қонун тасарруф кардану бо симтӯрҳо маҳкам намудани тарҳҳои замини 66, 68 - и харитаи заминистифодабарӣ арзёбӣ мекунанд.
- Мутахассисони Кумитаи идораи замини шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои зирабт қабл аз тақсимоти заминҳои холии деҳаи мазкур бо нафароне, ки худсарона заминро гирифтаю истифода мебаранд, вохӯрӣ намуда, зиддиқонунӣ будани кирдорашонро фаҳмонданд. Ва ба ҳар яки онҳо дастури хаттӣ доданд, то дар муҳлати 3 рӯз заминро аз симтӯрҳои кашидаашон озод кунанд, - тазаккур дод Рустам Бобохонов, раиси кумита.
Алъон феҳристи расмие дар даст дорем, ки ному насаби 8 нафар аз забткорон дар он дарҷ шудааст. Аз ин сарчашма маълум гардид, ки сокинон Зуҳуршо Холов масоҳати 5,25 Зебо Саидова 5 Раҳматулло Мирсаидов 8,3   Назрулло Амонов 10 Райҳонбӣ Исоева 14   Мисқолбӣ Шарифова 9,6  садяк, Зокир Маҳмадов 9,2 Илҳом Ҷурақулов 6,2 садяки заминро азхуд кардаанд.
Оё дар ҳақиқат эшон ба ғасби замин даст задаанд ё ин заминҳо моли қонунии онҳост? Барои посухи дақиқ гирифтан ба суол хабарнигори «Ҷумҳурият» бо чанд тан аз онҳо мусоҳиб гардид.
- Аз соли 2007 инҷониб гирди заминро, ки дар рӯ ба рӯи ҳавлии зистамон мустақар аст, бо симтӯр рахна карда, истифода мебарем. Дар он ҷо дарахт шинондем, захираи ҳезуми зимистонаамон аз ҳамин ҳисоб мешавад. Ғайр аз ин, сабзавот мекорем. Баъди чандин сол заминҳоро ҷудо намуда, ба дигар ашхос доданд. Замини моро низ гирифтанианд. Кунун маҷбур доранд, то заминро ба ашхоси қарордор диҳем. Ҳарчанд кӯшиш дорем, ки заминҳоро ба худамон қарор карда диҳанд, аммо ҷавоби рад гирифтем. Мегӯянд, ки аз ягон гӯшаи шаҳр заминатон медиҳем, аммо розӣ нестем, - гуфт Райҳонбӣ Исоева, сокини Чорбоғ.
Масоҳати замини забткардаи ҳамсуҳбати дигари мо Раҳматулло Мирсаидов 10  садякро ташкил медиҳад. Ӯ изҳор кард, ки атрофи заминро ҳанӯз чанд сол қабл симтӯр гирифта, обчакорӣ мекунад. «Ҳозир заминамро ба номи писарам Ҷамшед Мирсаидов ва келинам қарор карда гирифтаам. Ду қарори раиси шаҳрро дорам. Ҳамаашро қонунӣ намудам», - гуфт ӯ. Чандон ки қарори № 20 - ро аз назар гузарондем, исми Р. Мирсаидовро пайдо накардем. Худи Мирсаидов низ «ду қарор»-и гуфтаашро пешкаш накард. Таҳқиқ собит сохт, ки воқеан ашхоси фавқуззикр алайҳи қонунгузории кишвар амал карда, ба ғасби замин даст задаанд. Ҳеҷ ҳуҷҷате надоранд, ки  қонунан соҳиби замин будани онҳоро тасдиқ кунад. Бо вуҷуди ин, соҳибони қонунии заминро намегузоранд, то омада дар қитъаи заминашон хона созанд. Ба гуфтаи масъулон, пеш аз шурӯи тақсимот онҳоро даъват карданд, то заминро бидуни саркашӣ холӣ намоянд. Сокинон низ розӣ шудаанд. Санади аз тарафи комиссия 29-уми июли соли 2016 тартибдодашуда бозгӯӣ мекунад, ки касе аз ҷонибҳо дар бартафсозии қонунвайронкунии вобаста ба замин мухолифат накардааст. Аммо, иттифоқан, ҷамоатчиён аз райъашон гашта, «замин»-ашонро ба «дандон» доштаанд.
- Феълан мақомоти прокуратура дар ин масъала тафтишот оғоз намуда, чораҷӯӣ мекунад. Борҳо ба ғасбгарон огоҳӣ додем, то симтӯрҳояшонро канда гиранду заминро тоза кунанд, аммо нописандӣ доранд. Ба онҳо пешниҳод кардем, ки агар шумо ба замин муҳтоҷед, пас аз дигар гӯшаи шаҳр қонунӣ ҷудо карда медиҳем, вале рад карданд. Ҳеҷ порчаи замини ғасбкардаро ба онҳо набахшидаем. Дурӯғ мегӯянд, ягон нафар аз забткорон қарори раиси шаҳрро надоранд, - гуфт Пӯлод Ҳафизов, муовини раиси шаҳр ва раиси комиссияи ҷамъиятӣ. - Агар як нафар аз онҳоро қарор карда, заминашро бидиҳем, фардо дигар нафарон ба забти замин даст задаю пушти дари мақомоти иҷроия қарорпурсӣ меоянд. Ин пурра бар зарари кор аст. Аз дигар ҷиҳат, 7 нафар ниёзманд қарор рӯи дасту безамин мондаанд. Заминҳоро холӣ карда, ба онҳо медиҳем.
Муддати панҷ моҳ аст, ки кашмакашҳо идома доранд. Агар одилонаю воқеъбинона назар афканем, ғайр аз Кумитаи идораи замини шаҳр ягон мақомоти зидахл алайҳи ин «дастаи қонуншиканон» тадбирандешӣ накардааст. Бо роҳи зӯрӣ ғасб кардани замин ягона амали зиддиқонунии 8 нафар иқоматкунандаи Чорбоғ нест, балки онҳо то имрӯз заминҳои давлатро солҳо бе иҷозат истифода карда, андозашро низ напардохтаанд. Дар қайди нозироти андоз нестанд. «Яхи» ниҳодҳои зидахл то кунун нашикастааст, то пайи бартарафсозии ин ҳама ҳуқуқвайронкунӣ шаванд. Ҳама муҳри хомӯшӣ ба лаб зада, аз дур тамошо доранд. Эҳтиёҷмандони замин бошанд, моҳҳост қарорҳо зери китфу пушти дари идороту ташкилоти дахлдор сарсону саргардонанд. Касеро парвое нест. Агар нисбати забткорон парванда оғоз шуда бошад, наход, ки дар панҷ моҳи комил ба анҷом нарасад? Чӣ асрорест дар ин асно? Дар ҳоле ки ҳудуди заминҳо бо девор не, балки бо симтӯрҳои муқаррарӣ баста шудаанду дохилашон дарахти ар-ар доранд, ҳамагӣ ду рӯз барои ҳамвор карданашон кифоя асту бас. Танҳо масъулият лозиму гомҳои устувору ҷасурона дар роҳи татбиқи қонун.
Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2016    №: 250-251    Мутолиа карданд: 3423

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед