logo

иқтисод

ПАЁМ. СОҲИБКОРӢ СОҲИБНОМӢ НИЗ ҲАСТ

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, аз 20 январи соли 2016, барҳақ ҳуҷҷати раҳнамунсоз, дастури рӯимизӣ ва ҳидоятгари нек дар фаъолияти ҳаррӯзаи ҳар як фарди соҳибдилу некбин, худогоҳу дурандеш маҳсуб меёбад. 
  
Латиф Шоҳзодаев, сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, зикр намуд, ки дар Паёми Сарвари давлат нақшаҳои дурнамо ва вазифаҳои афзалиятноки сол барои ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат возеҳу равшан баён шудаанд. Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят, баргузории ҷашни ҷумҳуриявии Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят такони ҷиддӣ бахшиданд. Дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар вилоят ба 771 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба соли сипаригардида 7 дарсад зиёд мебошад. Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети вилоят дар соли равон ба андозаи 108,7 дарсад (нақша 124255661 сомонӣ, иҷро 135016877 сомонӣ) таъмин гардид.
Тавре дар Паёми Президенти мамлакат омадааст, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ яке аз вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Масалан, соли равон шумораи онҳое, ки ба соҳибкорӣ машғуланд, ба 2858 нафар расида, онҳо дар давоми сол ба буҷети вилоят 4,254 миллион сомонӣ ворид намуданд. Дар ин давра аз ҳисоби 237 кироякор ба буҷет 205 ҳазор сомонӣ дохил шуд, ки нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад. Пешрафти иқтисодиёт, пеш аз ҳама, ба ҳаҷми сармоягузорӣ вобаста аст. Соли равон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» - и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 лоиҳаи самти истеҳсолии вилоят ба маблағи қариб 2 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардид, ки нисбат ба соли гузашта 549 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Барои рушди устувори соҳаи саноат дар вилоят тадбирҳои муассир андешида шуданд. Дар соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаву коргоҳҳои саноатӣ 110354,5 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли гузашта 23559 ҳазор сомонӣ ё худ 30 дарсад зиёд мебошад. Дар ин давра дар вилоят 23 иншоот, аз ҷумла коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти консервӣ, блоки пенополестрол, блоки сементӣ, мебелтайёркунӣ, ресандагӣ, корхонаҳои дӯзандагӣ, коркарди мармар, меваи хушк, истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, дару тирезаи пластикӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. То охири сол боз 3 корхонаи дигар бо таъсиси 30 ҷойи нави корӣ ба истифода дода мешавад.
Бо иштироки Сарвари муаззами кишвар моҳи июни соли равон як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ - иқтисодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Толори варзиш дар маҳаллаи Тем, бинои маъмурии Ассотсиатсияи экофарҳангии сайёҳӣ ва рушди соҳибкории вилоят, хати обгузари Боғевдара - Хоруғ, Парчами давлатии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Хоруғ, мактаби замонавӣ барои 464 хонанда дар ноҳияи Шуғнон, биноҳои маъмурии МИМҲД - и ноҳияҳои Рӯшон ва Ишкошим, бинои нави нозироти андоз дар ноҳияи Рӯшон (ҳамагӣ 90 иншоот бо харҷи беш аз 220 миллион сомонӣ) аз ин ҷумла мебошанд. Дар давоми сол ҳаҷми умумии маблағгузории асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба 281,5 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба соли гузашта 30 дарсад ё 64 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамаи дастовардҳое, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят ба даст овардем, маҳз аз Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ сарчашма гирифтаанд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2016    №: 250-251    Мутолиа карданд: 2052

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед