logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА НАҚШИ Ӯ ДАР ГИРОМИДОШТИ АРЗИШҲОИ МИЛЛИВУ ДИНӢ

Таъкид намудан бамаврид аст, ки пазируфтани фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ва Рӯзи Президент яке  аз  дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон маҳсуб меёбад. Тамоми халқи шарифи Тоҷикистон шоҳид ва иштирокчии бевоситаи раванди босуръати ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа буда, роҳи пурпечутобу сангин ва гомҳои устувору қавии Сарвари Тоҷикистонро барои таҳкими ваҳдати миллӣ, беҳдошти зисту зиндагонии мардум ба чашми дилу сар дида, аз ҷавонмарди далеру шуҷоъ ва ҷоннисори Ватан то абармарди арсаи сиёсати ҷаҳон эътироф гардидани Пешвои муаззами худро бо қаноатмандии беандоза ва ифтихору шукргузориҳо қабул намуданд.
Роҳбару раҳнамои миллати тамаддунофари тоҷик аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан, дар баробари ғамхориҳои пайвастаю  беш аз пеш,  ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла ба рушду такомули фарҳанги миллӣ, гиромидошти арзишҳои волои  милливу динӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда истодаанд. Бо ибтикору талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили ҷашнвораҳои миллӣ ва маросимҳои динии маҳдуд ва мамнӯъ эълонгардида, ба мисли Наврӯз, идҳои Рамазон ва Қурбон эҳё шуда, бозтоби нав пайдо карданд. Ва дар замони истиқлоли Тоҷикистон Наврӯзи хуҷастапайи Аҷам, ки иди бостонии тоҷикон аст, мақоми ҷаҳониро сазовор гашт.
Бузургдошти шахсиятҳои барҷастаи илму адаб дар сиёсати фарҳангии Сарвари давлат мақому манзалати хоса дорад. Дар ин росто, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил намудани 800 -  солагии  Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ  (соли 2007),  «Соли бузургдошти Имоми Аъзам» (соли 2009),  «600 - солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ» (2014), «700 - солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» (2015) ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ аз мақоми шоиста доштани дини мубини ислом дар сиёсати фарҳангсолории Сарвари давлат шаҳодат медиҳанд.
Бамаврид аст иброз намоем, ки бо тарҷума гардидани китоби муқаддаси «Қуръон» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳияти дини ислом ҳамчун арзиши бузурги маънавӣ, ахлоқию тарбиявӣ мақому манзалати хоса пайдо намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пуштибонӣ аз арзишҳои дини мубини ислом дар арсаи ҷаҳон саҳми бузург дорад. Дар суханрониҳояшон аз минбари бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид борҳо боисрор таъкид доштанд, ки гурӯҳҳои тундраву ифротгаро ба дини поку мубини Ислом ҳеҷ алоқамандӣ надоранд. Зеро дини ислом ба зоти худ сулҳпарвару ваҳдатгаро мебошад.
Хизматҳои пайвастаи Пешвои миллат дар масъалаҳои арҷ гузоштан ба арзишҳои волои миллию динӣ беназиру бузурганд. Дар самтҳои гуногун пуштибонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дини мубини Ислом, фош ва маҳкум кардани терроризм ва гурӯҳҳои ифротгаро ба бахту сарфарозии мо боиси он шуд, ки Сарвари давлати мо яке аз шахсиятҳои муътабари олами ислом эътироф гардидааст. Ва номи Пешвои миллат ба Феҳристи 500 шахсияти олами ислом сабт шуда, инчунин соли 2010 шаҳри  Душанбе -   пойтахти тоҷикон ҳамчун «Пойтахти исломӣ» эътироф гардид.
 Бояд тазаккур дод, ки барои ҳифз ва нигоҳдории мероси фарҳангию миллӣ, арзишҳои динии миллати  азизамон дар тӯли  давлатдории навини тоҷикон аз ҷониби Сарвари давлат кӯшишҳои зиёд ба анҷом расидааст. Бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон (соли 2006) қабул гардидани «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» падидаи тозаи ҳуқуқӣ маҳсуб меёбад. Зеро, аввалин маротиба масъалаи тарбияи динӣ ва тааммулпазирӣ дар ин ҳуҷҷати муҳими меъёрию ҳуқуқӣ дар назар дошта шудааст, ки тибқи он дар тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, динии аҳли ҷомеа, аз ҷумла ҷавонону бонувон ба беҳбудию дастовардҳои назаррас ноил гардидаем.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама шаҳру ноҳияҳои Ватани маҳбубамон бо иштироки Пешвои фарҳангсолори миллат бори дигар ягонагию муттаҳидии халқу ҷомеаро дар атрофи Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон дод.
Миллати  аз азал хирадманду бофарҳанги тоҷик  мутмаин аст, ки бо роҳбарии хирадмандонаи ин абармарди бузург дар давраи  бархӯрди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ бо иштироки  уламою удабои фархеҳта асолати худ, арзишҳои суннатии миллию динии худро ҳифз ва боз ҳам ғанитар намуда, ба наслҳои оянда мерос мегузоранд.
Куган ИЗЗАТУЛЛОЕВ,  
Абдулҳай ҚАЛАНДАР,
устодони  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи  Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2016    №: 250-251    Мутолиа карданд: 1944

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед