logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

КАНАЛИ  СУЭТС
Каналест дар шимоли шарқи Ҷумҳурии Мисри Араб, ки баҳри Миёназаминро бо баҳри Сурх мепайвандад. Он кӯтоҳтарин роҳи обии байни бандарҳои уқёнусҳои Атлантик ва Ҳинд (аз роҳи обии атрофи Африқо 8 - 15 ҳазор км наздиктар аст. Минтақаи Канали  Суэтс дар байни қитъаҳои Осиё ва Африқо сарҳади географии шартист.
Киштигардӣ дар Канали  Суэтс 17 ноябри соли 1869 ба таври расмӣ оғоз ёфтааст. Дарозии канал қариб 161 км, бараш аз рӯйи сатҳи об 120 - 150 м, чуқуриаш дар фарватер (ҷойи киштигардӣ) 12,5 - 13 м мебошад. Бандарҳои асосиаш: Порт-Саид (бо Порт-Фуад) ва Суэтс (бо Порт-Тавфиқ) буда, аз мавзеъҳои пасту камбари гарданаи Суэтс, як қатор кӯлҳо, инчунин мурдобаи  Мензала мегузарад.
Канал дар маркази робитаҳои байналмилалии баҳрӣ мавқеи муҳими географӣ дорад. Аврупои Ғарбиро бо ноҳияҳои нафтдори Шарқи Наздик ва Миёна, инчунин Осиё, Австралия ва Африқои Шарқӣ мепайвандад. То соли 1967 Канали Суэтс аз рӯйи ҳаҷми боркашонӣ дар байни каналҳои байналмилалӣ ҷойи аввалро ишғол менамуд. Аз июни соли 1967 ба сабаби амалиётҳои ҳарбӣ байни Исроил ва мамлакатҳои Араб (Миср, Сурия, Лубнон ва дигарҳо) киштигардӣ дар Канали Суэтс қатъ гардида, аз 5 июни соли 1975 аз нав оғоз шудааст.
Таҳияи Мирзои ФИРӮЗ

МАРГИ ХАСИС
Бузургеро, ки дар сарват Қоруни замони худ буд, аҷал даррасид. Чун умед аз зиндагонӣ қатъ кард, ҷигаргӯшагони худро ҳозир намуд ва гуфт: «Эй фарзандон! Рӯзгоре дароз дар касби мол заҳматҳои сафар кашидаам ва  ин чанд динор захира кардам. Зинҳор аз муҳофизати он ғофил мабошед ва ба ҳеҷ ваҷҳ дасти харҷ бадон маёзед. Агар ҳар касе бо шумо сухан гӯяд, ки падари шуморо дар хоб дидам, қаля ва ҳавло мехоҳад, зинҳор бо макри он фирефта нашавед, ки он ман нагуфта бошам ва мурда чизе нахӯрад. Агар ман худ низ ба шумо дар хоб намоям ва ҳамин илтимос кунам, бад-он илтифот набояд кард, ки онро хобҳои парешон хонанд. Ман он чӣ дар зиндагӣ нахӯрда бошам, дар мурдагӣ таманно накунам». Ин бигуфт ва ҷон супурд.
Убайди ЗОКОНӢ

«ГАНҶ»-И ЗОКОНӢ
Мегӯянд, ки Убайди Зоконй марди суҳбаторо ва базлагӯ будааст. Дар ин гуфтор наметавон шубҳа кард, зеро эҷодиёти ӯ ва бахусус латифа ва мутоиботи адиб ба ин гувоҳанд. Нақл аст, ки Убайд пеш аз маргаш ба фарзандон васият намудааст, ки ганҷинае дорад ва пас аз марг онро бикшоянд ва дар маросимаш сарф кунанд ва бақияашро байни худ қисмат намоянд. Чун Убайд вафот кард, фарзандон хазинаро кушоданд ва дар он хазина танҳо ҳамин байтро ёфтанд:
Худой донаду ман донаму ту ҳам донӣ,
Ки як фулус надорад Убайди Зоконӣ.
Таҳияи М. ЗУВАЙДОВА

5. ВИЛЛИ МОСКОНИ
Вилям Ҷозеф Москонии амрикоӣ билярдбози маъруфтарини ҷаҳон  мебошад, ки бо ҳунари волои хеш оламиёнро ба ҳайрат овардааст. Ӯ ҳанӯз аз овони кӯдакӣ ба билярд рағбати беандоза дошт ва дар шашсолагӣ бозигарӣ ҳирфаӣ мешавад.
Аҷиб он аст, ки падараш ҳарчанд соҳиби якчанд билярдхона буд, ба Вилям иҷозат намедод, ки бо бозии дӯстдоштааш шуғл варзад. Вале, сарфи назар аз ин, ӯ ноумед нагашта, бо роҳҳои гуногун малакаву таҷриба меандӯхт. Масалан, ҳангоми машқу тамринҳо ӯ ба ҷои кий (чӯбдасти билярд) дастаи пайкора (швабра) ва ба ҷои саққо помидор ё картошкаро истифода мебурд. Заҳматҳои Вилями хурдсол барабас нарафтанд. Падараш чун дарк кард, ки ӯ дар ин ҷода мумтоз мегардад, ба гузарондани мусобиқаҳои намунавӣ даст зад. Ва қатъи назар аз хурдсолӣ, Вилям ҳангоми бозӣ маҳорати баланд нишон дода, аксар вақт ҳарифони бузургашро мағлуб мекард. Соли 1919 миёни ӯ ва қаҳрамони ҷаҳон Ралф Гринлиф бозии намунавӣ сурат гирифт, ки дар он Вилям шикаст хӯрд, вале ҳунари волояш дари билярди касбиро ба рӯи ӯ боз кард.
Умуман, тайи солҳои ҳунарнамоӣ Вилям Ҷозеф Москони 16 карат чемпиони ҷаҳон шуда, дар мусобиқаҳои гуногун рекордҳои зиёд гузоштааст. Яке аз рекордҳои ӯ, ки 526 маротиба ворид намудани саққо ба тӯрхалта то ҳол бесобиқа мебошад.
Таҳияи Умари ШЕРХОН

МАРГИ ПУРАСРОРИ ЗИЁУЛҲАҚ
17 августи соли 1988 дар садамаи ҳавопаймо Президенти Покистон генерал Муҳаммад Зиёулҳақ ҳалок шуд. Асрори ин ҳодисаи фавқулода то имрӯз пӯшида аст.
Кайҳо боз роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳи Покистон дар назди ҳукумат ва махсусан дар назди президент масъалаи такмил додани қӯшунҳои танку мошинҳои зиреҳпӯшро гузошта буданд. Мехостанд ба ҷои танкҳои куҳна танкҳои нави амрикоии М-1 бихаранд. Дар миёнаҳои моҳи августи соли 1988 дар танкодроми назди шаҳри Бахавалпур, ки дар 450 километрии ҷануби пойтахти кишвар – Исломобод доман густурда буд, машқи чунин танк бояд доир мегашт. Барои санҷиши танкҳо як гурӯҳ мутахассисони амрикоӣ низ омаданд, ки ба онҳо генерали бригада Герберт Уоссом роҳбар буд.
Шоми 15 август сарфармондеҳи қӯшунҳои танку мошинҳои зиреҳпӯши Покистон генерал Маҳмуд Дурронӣ ба президент занг зад ва хоҳиш кард, ки  дар ин чорабинӣ, яъне санҷиши танкҳои амрикоӣ, иштирок намояд. Президент даъватро рад кард, гуфт, ки санҷиши техникаи нав вазифаи худи онҳост. Вале Дурронӣ аз ҳад зиёд исрор варзид ва боз иловатан тазаккур дод, ки президент бар замми сарвари кишвар будан, ҳамчунин сардори ситоди қӯшунҳои хушкигард низ мебошаду ширкаташро дар он сӯи уқёнус хуб баҳо хоҳанд дод. Зиёулҳақ баъди сарпечиҳои зиёд оқибат розӣ шуд ва вақти санҷишро ба 17 август таъйин кард.
Субҳи ҳамон рӯз тайёрае бо муовини сардори ситоди қӯшунҳои хушкигард генерал Мирзо Асламбег, гурӯҳи генералҳои покистонӣ ва сафири Амрико дар Покистон Арнолд Рафел, генерал Герберт Уоссом ва якчанд мутахассисони заводи истеҳсолкунандаи танки М-1 ба танкодром парвоз кард. Ҳангоми машқ танкҳои амрикоӣ ягон нишонро зада натавонистанд, ҳарчанд хуб ҳаракат мекарданд. Бо вуҷуди ин, Зиёулҳақ саворони танкро хело таъриф намуд, дар ҳаққашон суханони хуб гуфт, бо зарофатгӯиҳо онҳоро хеле хандонд. Сипас, ҳама ба тайёраи президент – С-130 «Геркулес» даъват шуданд. Генерал Мирзо Асламбег бо баҳонаи он, ки бояд зудтар ба машварати таъҷилие бирасад, аз парвоз дар «Геркулес» даст кашид ва ба дигар тайёра нишаст.
Дар соати 16 30 тайёраи президент ба ҳаво хест ва ба самти Равалпиндӣ парид. Сарнишин Машхуд буд, ки яке аз сарнишинони беҳтарини Покистон ба шумур мерафт ва ӯро худи Зиёулҳақ интихоб намуда буд. Ва баъд…
Баъд ҳодисае рух дод, ки ба фаҳми касе намегунҷид. Ба гуфтаи шоҳиде аз тайёра дуди ғализе баромад ва он ба замин сарнагун афтод. Дигаре гуфт, ки аввал садои таркиши сахт ба гӯш расид, тайёраро дуд фаро гирифт ва он аланга заду ба замин бархӯрд. Сеюмӣ мегуфт, ки ягон таркиш набуду дуду оташ ҳам, тайёра рӯгардон шуду мисли санг ба замин уфтод, сипас таркид. Боз мегуфтанд, ки дар ҳуҷраи сарнишинони тайёраи президент бар асари кашмакаш сарнишин идоракуниро аз даст додааст, аз ин рӯ, тайёра худ ба худ ҳар гуна ҳаракатҳоро анҷом медод. Шояд сарнишинҳо аз чизе беҳуш шуда бошанд? Аз ғизо ё аз газ? Тайёра ҳамагӣ 5-6 дақиқа парвоз кард. Ҳамаи 30 нафари дар «Геркулес» буда ҳалок шуд.
Ҳукумати Покистон оҷилан барои таҳқиқи сабабҳои садама дар ҳайати 4 мутахассиси покистонӣ ва 6 амрикоӣ комиссия ташкил дод. Сарфармондеҳи неруҳои ҳарбии ҳавоии Покистон Аббос Мирзо сардори комиссия таъйин шуд. Тафтишот 2 моҳ идома ёфт. 350 саҳифаи мошиннавис ҳуҷҷатҳо омода гаштанд, аммо нисбат ба ҷавоб саволҳо зиёд буданд. Аввал он ки дар тайёра «сандуқи сиёҳ» набудааст. Чаро? Ба ин пурсиш касе посух надод. Дар С-130 алоқаи радиоии пурзӯр буд, чаро вай ҳам пас аз ду-се дақиқаи парвоз хомӯш шуд ва сарнишин натавонист заминро аз воқеаи дар тайёра бавуқӯъомада хабардор созад? Ба ин пурсишҳо вазири алоқа натавонист посухи қобили қабул диҳад. «Машхуд, Машхуд» гуфтани адютанти президент генерал Наҷиб Аҳмад, ки ин садоро дар тайёраи эҳтиётии президент шуниданд, чӣ маъно дошт? Чаро ба ӯ Машхуд ва дигар сарнишинон ҷавоб надоданд? Шояд тайёра аллакай идора карда намешуд? Ба ин пурсишҳо посух нест. Аҷиб, ки ҷасади ягон нафарро аз ташхиси тиббӣ нагузаронданд. Аз ин рӯ, аз газ заҳролуд шудан ё нашудани онҳо низ номаълум монд.
Тайёраи С-130 «Геркулес», истеҳсоли ширкати «Локхид», дар ҷаҳон аз ҳама бехатартарин ба ҳисоб мерафт. Агар ҳамаи чор муҳаррикаш ҳам аз ҳаракат монад, имкони онро ба замин беосеб фуровардан буд. Ҳамон вақт дар 50 кишвар 2000 «Геркулес» мепарид ва ягонтоаш ҳангоми парвоз натаркида буд.
Ошноӣ бо хулосаҳои мутахассисон, ки мегуфтанд бо сабабҳои техникӣ тайёра ба садама гирифтор шуд ва ҳамчунин аз гуфтаи шоҳидон ба натиҷае расидан мумкин аст, ки касе аз роҳбарони олимартабаи Покистон ва ИМА ба тафтиши ҳақиқии ҳодиса ҳавасманд набудааст.
Қ. МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ

ҚАЛЪАИ АГРА
Шаҳри Аграи Ҳиндустон дар олам на танҳо бо шоҳкории давраи ҳукмронии Шоҳҷаҳони I – масҷид-мақбараи Тоҷмаҳал маълуму машҳур мебошад, балки дар он яке аз қалъаҳои зеботарини дунё қомат афрохтааст.
Қалъаи Агра дар замони салтанати шоҳ Ҷалолуддин Абулфатҳ Муҳаммад Акбари I (1542-1605), пас аз он ки пойтахти кишвар аз Деҳлӣ ба Агра кӯчонда мешавад, бунёд мегардад. Бино ба маълумоти муаррихон, барои  сохтани он 14 миллион нафар меъморону бинокорон ҷалб гаштаанд. Қалъаро деворҳои бузургу мустаҳкам, ки ғафсиашон 10 метр ва дарозиашон 2,5 километрро ташкил медиҳад, иҳота менамоянд. Он аз регрезаи сурх эъмор гашта, шакли ҳилолро дорад.
Дар қалъа се ҳокими давр – шоҳ Акбари I, Ҷаҳонгир ва Шоҳҷаҳони I ба сар бурдаанд ва ҳар кадоми онҳо онро мувофиқи завқу салиқаи хеш таҷдиду азнавсозӣ кардаанд. Ҳангоми ҳукмронии шоҳ Акбари I қалъа асосан ба мақсадҳои ҳарбӣ истифода бурда мешуд. Дар давраи Ҷаҳонгир  майдонҳо, гулгаштҳо ва қасрҳои муҳташами аҳмарӣ бунёд ёфтанд. Замони Шоҳҷаҳони I қалъа дорои  масҷидҳо, қасрҳои мармарӣ ва айвонҳои зебо гашт.
Ба хотири шукӯҳу шаҳоматаш Қалъаи Агра соли 1983 аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳангии олам эътироф гашт.
Таҳияи Ш. ШОКИР

ШОҲПАРАКИ БУЗУРГТАРИН
Олимон дар қисмати шарқии Ҳимолой шоҳпараки калонтарин дар ҷаҳонро, ки болаш 25 сантиметрро ташкил медиҳад, ба қайд гирифтанд.
Чунин шоҳпарак дар шимолу шарқии Ҳиндустон барои шакли ғайриодиаш «Attacus», ҳамчунин барои ранги зебояш ба худ номи «Atlas» гирифтааст. Ба ақидаи мутахассисон, зарби боли он метавонад ба 30 сантиметр расад. Коршиносон мушоҳида кардаанд, ки бо вуҷуди зебо, бузург ва заҳрнок будани ранги баданаш шоҳпарак комилан бехатар аст. Ғайр аз ин, ӯ кам парвоз ва ба ҳадди имкон ду ҳафта умр мебинад. Мақсади асосии ин ҷонвари зеборо, ки дар ҷангалҳои тропикӣ ва субтропикии ҷанубу шарқии Осиё зиндагӣ мекунад, зиёд намудани наслаш мебошад.
Таҳияи Зебо НАЗАРОВА

БОНУФУЗТАРИН ШИРКАТҲОИ ОЛАМ ДАР СОЛИ 2016
Ширкати Эйпл (APPLE), ки сарварии онро Стив Ҷобс ба уҳда дорад, дар даҳгонаи муваффақтарин ширкатҳои олам мақоми якумро ишғол намуд. Эйпл дар муддати хеле кӯтоҳи фаъолият ба яке аз ширкатҳои бонуфузтарин ва доротарини олам табдил ёфт.  Маҳсулоти  он  дар тамоми олам шуҳрати калон дошта, сармояи яксолааш 749 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Яке аз бузургтарин ширкатҳои технологияҳои  иттилоотӣ -  ширкати Google  мебошад. Дороии ин ширкат 368 миллиард доллар аст. Google на танҳо машҳуртарин система, балки дар телефонҳои мобилӣ низ  истифода бурда мешавад.
Google  ҳамеша роҳҳои нави тараққиро ҷустуҷӯ менамояд. Инчунин,  ширкати Google мошинеро ихтироъ намудааст,  ки бе ронанда, яъне мустақиман борро ба манзил мерасонад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО

ШАҲРИ ХУРДТАРИНИ ҶАҲОН
Шаҳри Хуми кишвари  Хорватия ҳамчун шаҳри хурдтарин  вориди Китоби рекордҳои Гиннес гардидааст. Хум дар асри XI сохта шуда, то ҳол дар ҳамон шакл арзи вуҷуд дорад. Аҷиб ин, ки дар он то ҳол одамон зиндагӣ мекунанд. Яъне, дар хонаҳое, ки 10 аср пеш сохта шудаанд. Шаҳр хеле хурд аст. Аммо хеле зебо. Танҳо ду роҳ дорад. Ҳамасола  мардуми он 17- 20 нафар меафзояд. Бо вуҷуди аҳолии кам доштан, шаҳр, дармонгоҳ ва додгоҳ ҳам дорад. Дар он меҳмонхона, тарабхона низ мавҷуд аст. Ба ин макон ҳамасола сайёҳони зиёди дохиливу хориҷӣ ташриф меоранд. Ба ин хотир, шаҳрро аз мавзеи дӯстдоштаи  сайёҳон меҳисобанд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ

ДИДОРИ МЕССИИ АРГЕНТИНӢ БО МЕССИИ АФҒОН
Аввалҳои соли равон акси бо футболкаи полиэтиленидоштаи писараки  панҷсолаи  афғон, ки дар интернет ҷой дода шуда буд, қалби миллионҳо истифодабарандагони  интернетро тасхир ва тамоми дунёро мутаассир намуд. Аз ин рӯйдоди басо фавқулода футболбози аргентинии дастаи «Барселона» Лионел Месси низ бохабар гашт ва пас аз чанд муддат ӯ ба ин писарак ду адад футболкаву як тӯб бифиристод. Ҳадяи бозигари маъруфро намояндаи UNICEF (Фонди кӯдакони Созмони милали муттаҳид) ва хабарнигорони BBC ба писараки афғон, ки Муртазо Аҳмадӣ ном дошт, тақдим намуданд.
Муртазои хурдсол бозии футболро ниҳоят дӯст медорад ва мухлиси ашаддии Лионел Месси мебошад. Ӯ аз падараш борҳо хоҳиш намуд, ки  барояш футболкаеро  бо акси Месси бихарад, вале ба сабаби  камбизоатӣ қиблагоҳ хости писарро  наметавонад, иҷро бикунад.
Боре, ҳангоми бозии футбол дар кӯча тӯби  задаи Муртазо ба партовгоҳ афтид ва ӯ хост онро аз он ҷо дарбиёрад. Ин замон халтаи полиэтилении ранги сафеду осмонидоштаро, ки рамзи мунтахаби Аргентина аст, дид ва онро оварда  ба бародараш Ҳумоюни 15 – сола дод ва хоҳиш  намуд, аз он футболка бисозаду  рақами 10 – ро насб кунад. Бародар хоҳиши Муртазои хурдсолро ба ҷо  овард. Муртазо аз ин хеле хушҳол шуда, ҳар рӯз ман Месси  гӯён футболкаи полиэтилениро бар тан  мекард ва дар замини ноҳамвори назди хона футболбозӣ менамуд.
Хуллас, ҳангоми ҳадяро фиристодан Месси ваъда дод, ки дар фурсати барояш мувофиқ бо Муртазо вомехӯрад. Ва, инак, чанде қабл ин дидор ба вуқӯъ пайваст. «Барселона» барои як бозии дӯстона бо тими арабии  «Ал – Аҳли» ба Қатар омад ва Муртазо низ ба он ҷо даъват шуд. Мессии афғон (Муртазо) ва Мессии аргентинӣ қабл аз шурӯи бозӣ бо ҳам вохӯрданд. Лионел ба Муртазо футболкаи худро тақдим намуд ва мухлисашро рӯи даст гирифт. 
Муртазо бо ишораи довар тӯбро ба маркази майдон гузошт ва бисёр мехост чанд дақиқа бо Месси бозӣ бикунад, вале…
Солҳо мегузаранд ва дар як рӯзи мутантан ба ифтихори Лионел Месси Муртазо Аҳмадӣ дар ҳайати «Барселона» бо дӯстдоштатарин футболбози худ ба майдон хоҳад омад…
Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ

99 ФАКТИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ИНСОН
Идома аз шумораи «Шоми шанбе» - и гузашта
12. Аз лаҳзаи таваллуд дар мағзи одам аллакай 14 миллиард ҳуҷайра мавҷуд аст ва ин шумора то охири умр зиёд намешавад. Баръакс баъди 25 – сол дар як рӯз 100 ҳазорӣ кам шудан мегирад. Инсонҳо дар як дақиқаи барои хондан сарфшуда, наздики 70 ҳуҷайраро аз даст медиҳанд. Баъди 40 – солагӣ 50 нейрон хушк шуда, ҳаҷми мағз кам мегардад.
13. Инсон дар вақти ташнагӣ 1 дарсади вазнашро аз даст медиҳад.
14. Нохунони даст нисбат ба пой чор маротиба зудтар дароз мешаванд.
15. Одамоне, ки ранги чашмонашон кабуд аст, дардро нисбат ба дигарон  ҳасостар қабул мекунанд.
16. Импулсҳои асаб дар бадани одам тақрибан, бо суръати 90 метр дар 1 сония ҳаракат мекунанд.
17. Дар мағзи сари одам дар 1 сония 100 000 реаксияҳои кимиёӣ ба амал меояд.
18. Одамон  бе устухони зону ба дунё меоянд, он фақат дар синни 6 – 7 солагӣ пайдо мешавад.
19. Масоҳати қисми болоии шуши инсон тахминан бо масоҳати тӯби теннис баробар аст.
20.  Риши одамони мӯйзард назар ба одамони мӯйсиёҳ зудтар мерӯяд.
21.   Аз ҳама мушаки боқуввати одам забон аст.
22.  Ҳаҷми дили одам тахминан ба мушаки ӯ баробар аст. Вазни дили одами калонсол 220 – 260 граммро ташкил медиҳад.
Таҳияи Сарвиноз ШОДМОНОВА

КАДОМ САБАҚҲОИ ЗИНДАГИРО ТО 30 – СОЛАГӢ БОЯД АЗ ХУД КАРД?
7. Ҳамаи имконот барои рушди шахсият дар доираи ҳузур қарор надоранд. Худро одат кунонед, ки бояд ҳамеша аз он доира баромад.
8. Ба муносибатҳои вайроншуда набояд андармон шуд. Вақти худро ба коре, ки дигар ислоҳ намешавад, сарф накунед. Онро фаромӯш созед ва пеш равед.
9. Ҷаҳон пур аз ноадолатист. Дар зиндагӣ борҳо бо зуҳури он бармехӯред. Омода  бошед. Хабардорӣ мусаллаҳ будан аст.
10.  Муваффақият ба нафароне хайрхоҳ аст, ки ҷиддан меҳнат мекунанд. Ба онҳое, ки нишаста интизор мешаванд, ҳеҷ хубие рӯй намедиҳад. Роҳи ягонаи бобарорӣ суботкор ва меҳнатдӯст будан аст.
11.  Барои амал кардан вақти муносибро интизор нашавед. Агар ягон мақсаде доред, худи ҳозир оғоз намоед. Лаҳзаи нисбатан муносиб ҳеҷ вақт фаро намерасад.
12.  Ҳама чизро якбора ба даст овардан номумкин аст. Қабул кардани қарори дурустро омӯзед ва худро ба коре бахшед, ки бароятон ниҳоят муҳим аст.
Макс ЛУКОМИНСКИЙ
(Аз русӣ тарҷумаи  Ш. ҚУРБОН)

ЛИМӮ ВА ХУСУСИЯТИ ШИФОБАХШИ ОН
Лимӯ дарахти ҳамешасабзи субтропикӣ буда, аз 2,8 то 7 метр қад мекашад. Дар таркиби меваи лимӯ қанд, пектин, моно ва нолисахаридҳо, витаминҳои С, В1, В2, РР, каротин, кислотаи фолӣ, гликозидҳои флавоновӣ, аминокислотаҳо ва дар таркиби пӯсташ моддаи лимонен, спиртҳои гераниолӣ, ситрал ва равғани атрӣ мавҷуд аст.
Хусусиятҳои шифоии лимӯ ҳанӯз аз замонҳои қадим маълум буд, онро пизишкон барои муолиҷаи беморон васеъ истифода мекарданд.
Абумансури Муваффақ дар «Хақоиқ – ул – адвия» овардааст, ки «лимӯ (утруҷ) даҳонро хушбӯй, меъдаро қавӣ гардонда, сафроро бишканад ва ба диққи нафас суд бахшад. Озах, доғи кунҷитак ва зардии чашмро    рафъ намояд, агар оби лимӯро ба онҳо бимоланд». Инчунин, тухми лимӯро барои муолиҷаи бавосир ва равғани аз донаҳову пӯсти лимӯ ҷудокардашударо барои муолиҷаи фалаҷ, сустии бадан ва ҳамчун подзаҳр тавсия додааст.
Муҳаммад Ҳусайн дар  «Махзан – ул – адвия» лимӯро барои муолиҷаи сардард, омосҳои гарми гулӯ, дилзанӣ фармудааст. Ӯ менависад, ки «агар лимӯро аз пӯсташ ҷудо карда, мағзи онро гарм, ба пешонӣ молед, дарди сарро шифо мебахшад». Оби лимӯ рӯйро аз ҳар гуна доғҳо пок мекунад ва хусусиятҳои подзаҳрӣ дорад, хусусан аз заҳри ҳашарот.
Ғайр аз ин, лимӯро ҳамчун доруи хунбанд, табшикан, рӯҳафзо, зиддиилтиҳобӣ ва барои паст намудани фишори баланд истифода мекунанд.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2016    №: 253    Мутолиа карданд: 2514

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед