logo

порлумон

ЗАНБӮРПАРВАРӢ. ТАВАҶҶУҲ БА ЗОТИ КАРПАТӢ БЕШТАР МЕШАВАД

Дар ҷаласаи муҳокимаи парлумонӣ, ки бо иштироки масъулони як қатор вазорату идораҳои дахлдори мамлакат баргузор гашт, рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2016» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бадриддин Садриддинов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, иброз дошт, ки дар натиҷаи татбиқи «Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ барои солҳои 2011 - 2016» ва дастгирии молиявӣ аз Буҷети давлатӣ, теъдоди оилаҳои занбӯри асал дар кишвар ба 179 000 ва истеҳсоли асал ба 3 000 тонна расонда шуд.
Директори Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварии «Асали Тоҷикистон» Музаффархон Ҳалимов перомуни дастовардҳо ва мушкилоти соҳа ибрози назар намуда, зимнан тазаккур дод, ки занбӯрпарварӣ дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ба се самти асосӣ - гирифтани маҳсулот, зиёд намудани оилаҳои занбӯри асал ва гардолудсозии зироатҳои кишоварзӣ  равона шудааст. Мутаассифона, дар аксари мавридҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони инфиродӣ, ки соҳиби сертификати ҳуқуқи истифодаи замин мебошанд, моҳияти самти сеюм - гардолудшавии зироатҳоро дуруст дарк накарда, дар ҳудуди заминҳои ба онҳо вобастабуда ҷойгиронии оилаҳои занбӯри асалро бидуни шартномаи пешакӣ иҷозат намедиҳанд. Ин дар ҳолест, ки истифодаи оилаҳои занбӯри асал дар гардолудкунии набототи энтомофилӣ на танҳо ба афзоиши ҳосилнокии онҳо, балки ба хушсифатшавии меваю тухмҳо низ мусоидат мекунад. Ҳамзамон, дар вақти гардолудшавии рустаниҳо ҳосилнокии пахта ва офтобпараст аз 30 то 50 дарсад ва зироатҳои дар гармхона парваришёбанда (помидор, бодиринг) то 100 дарсад баланд мегардад. Зикр  гардид, ки айни замон дар ҷумҳурӣ зотҳои занбӯри асали маҳаллӣ, қафқозӣ, итолиёвӣ, руси  миёнагӣ ва карпатӣ парвариш карда мешаванд. Ҳар кадоми онҳо бо хусусиятҳои хоси худ аз якдигар фарқ мекунанд, аммо занбӯри зоти карпатӣ нисбат ба дигар зотҳо бо дароз будани хартум, тобоварӣ ба касалиҳои вароатоз ва нозематоз, зиёд будани миқдори тухмгузорӣ,  инчунин сермаҳсулиаш афзалият дорад.  Аз ин рӯ, дар нақшаи амалигардонии барнома харидани ин зот пешбинӣ шудааст. 
Ба Вазорати  кишоварзӣ тавсия дода шуд, ки барномаи нави рушди соҳаро барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунад.  Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ ва Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин вазифадор шуданд, ки бо баррасии масъалаи ҷудо намудани субсидияи давлатӣ ва қарзҳои дарозмуҳлати имтиёзноки бонкӣ, бо мақсади пешбурди фаъолияти занбӯрпарварӣ, омӯзиши имкониятҳо барои озод намудан аз боҷи гумрукӣ, андоз аз арзиши иловашуда оид ба воридоти модарзанбӯри зотӣ, таҷҳизоти соҳаи занбӯрпарварӣ ва доруворӣ, ворид намудани баъзе тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» пешниҳодҳо ироа намоянд. 
Мунаввари САФАР,«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2016    №: 253    Мутолиа карданд: 7112

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед