logo

иқтисод

СОҲИБКОРИИ ЗАНОН ҚОБИЛИ ДАСТГИРИСТ

Занони соҳибкор ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи соҳибкорӣ дар амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсию иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор буда, ҳалли масоили гендерӣ, дастгирии иқдомҳои соҳибкорзанон, ба роҳ мондани мубодилаи таҷриба, тақвияти ҳамкории байни ташкилотҳои қарзӣ ва созмонҳои занони соҳибкор, беҳбудсозии маблағгузории занони соҳибкор, баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо аз тадбирҳои саривақтӣ арзёбӣ мегарданд.
Дар натиҷаи гузарондани ислоҳоти пай дар пайи соҳаи иқтисодиёт сол ба сол шумораи занони соҳибкор мефзояд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, то октябри соли ҷорӣ шумораи онҳо ба беш аз 90 ҳазор ( аз 286 ҳазору 627 соҳибкор) расидааст, ки  31 дарсади субъектҳои соҳибкории мамлакатро ташкил медиҳад.
- Тибқи таҳлилҳо корхонаҳои хурду миёна, ки роҳбаронашон занон мебошанд, 15 дарсади ширкатҳои бахши хусусиро ташкил медиҳанд. Вале 96 дарсади занони соҳибкор ҳамчун соҳибкорони инфиродӣ сабти ном шудаанд, ки даромади солонаи онҳо на зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ мувофиқи патент ва 500 ҳазор тибқи шаҳодатнома мебошад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки занон ба захираҳои молӣ дастрасии кофӣ надоранд ва таҷрибаи онҳо барои пешбурди соҳибкорӣ кам аст, - гуфт Нигина Анварӣ, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ  ва идораи амволи  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти вижа.
Мувофиқи омори расмӣ, тайи даҳ соли охир ба ҳисоби миёна тақрибан 28 миллиард сомонӣ қарзҳои хурд ҷудо гардидаанд, ки 7 миллиард сомонӣ ё 25 дарсади он ба занони соҳибкор рост меояд.
Ба андешаи коршиносон, дастрасӣ ба захираҳои молӣ яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Зеро имрӯз маблағгузорӣ мушкили асосӣ барои оғоз ва пешбурди фаъолияти соҳибкорист. Сабаби асосии маҳдудияти дастрасии занон ба воситаҳои молӣ уҳдадориҳои андозӣ, баландии фоиз ва муҳлати кӯтоҳи бозпардохти қарзҳо арзёбӣ мегардад. Илова бар ин, сатҳи пасти донишҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии занон маҳдудияти захираҳои молиявиро бештар мегардонад. Зеро ҳангоми  пешниҳоди кредитҳо аз ҷониби ташкилотҳои молиявӣ бизнес – нақшаи дуруст таҳияшуда ва мувозинати хароҷоту даромад талаб карда мешавад. Тавре мутахассисон иброз медоранд, яке аз роҳҳои муҳими дастрасии баробар ба захираҳои молӣ ин иттилоотонии занон дар бораи мавҷудияти чунин ташкилотҳо мебошад.
Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон барои фаъолияти соҳибкории занон созмону агентиҳои махсус таъсис ёфтаанд, ки занони соҳибкорро дасгирӣ менамоянд. Масалан, дар Қирғизистон бонки «Бай – Тушум» таъсис ёфтааст, ки соҳибкории занонро дастгирӣ менамояд. Қазоқистон тавассути фонди «Даму» соҳибкории занонро рушд мебахшад. Бо мақсади фаъолгардонии соҳибкории занон, бавуҷудоварии лоиҳаҳои густардаи муваффақи занони соҳибкор дар доираи фаъолияти  созмони ҷамъиятии умумирусиягии соҳибкории хурду миёна - «Такягоҳи Русия» кумитаи нав оид ба рушди соҳибкории занон таъсис дода шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки баланд бардоштани мақом ва эътибори зан дар ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳим дар сиёсати Президенти мамлакат мебошад. Хушбахтона, бо саъю кӯшиш ва ташаббусҳои пайвастаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди устувор намудани мавқеи занон дар ҷомеа кафолатҳои ҳуқуқии баробарҳуқуқии занону мардон ба иштироки фаъоли занон дар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ мусоидат карданд. Маҳз дар давраи соҳибистиқлолӣ бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз соли 2006 инҷониб грантҳои президентӣ таъсис ёфтаанд. То соли ҷорӣ ҳаҷми умумии грантҳои ҷудошуда 12 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Натиҷаи амалигардонии лоиҳаҳо гувоҳӣ медиҳад, ки бонувони тоҷик дар самти эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳҳои хурди қолинбофӣ, парвариши паранда, моҳӣ, коркарди меваҳои хушк, рушди соҳаҳои кишоварзӣ малакаҳои хуби кориро доро мебошанд.
Ташкили шароити муносиби молиявӣ, ки ба рушди соҳибкории хурду миёна, бахусус барои занон, мусоидат мекунад, дар боло бурдани сатҳи зиндагии мардуми кишвар нақши муҳим дорад. Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Пешвои миллат зимни суханронии худ соли 2015 аз афзоиши шумораи заноне, ки ба соҳибкории хусусӣ машғуланд, изҳори қаноатмандӣ карда, нақши низоми бонкиро дар маблағгузории онҳо муҳим арзёбӣ намуданд.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2016    №: 253    Мутолиа карданд: 1831

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед