logo

маориф

БА СИФАТИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДИҚҚАТИ ҶИДДӢ МЕДИҲЕМ

Паёмҳое, ки ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури мо мегардад, ҷараёни иҷрои татбиқи вазифаву ҳадафҳои стратегии кишварро дар ҳама самтҳо баррасӣ карда, мувофиқи вазъи бавуҷудомадаи иқтисодиву иҷтимоии кишварамон, инчунин бо назардошти таҳаввулоти ҷаҳони муосир як қисми онҳоро такмил дода, мақсадҳои навро муайян ва мушаххас месозад.
Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш  дар самти сиёсати иҷтимоии кишвар таъкид намуданд, ки: “Дар панҷ соли оянда фаъолияти Ҳукумат ба баланд бардоштани сифати рушди неруи инсонӣ нигаронида шуда, ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муҳити зист ва шуғл диққати ҷиддӣ дода мешавад ва дар натиҷаи амалӣ гардидани чунин тадбирҳо Тоҷикистон дорои сатҳи баланди рушди инсонӣ мегардад”.
Пешвои миллат  дар Паёмҳои хеш аз хусуси таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва ба анъанаҳои неки гузаштагон сазовору содиқ, ба меъёрҳои ҷаҳонӣ наздик гардондани низоми таълим низ таъкид ба амал меоваранд. Дар ин маврид дар Паёми имсолаи хеш иброз намуданд, ки: “Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Ҳарчанд ки дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд, вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд.
Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем”.
Пешвои миллат дар Паёмҳои хеш ва дар дидору мулоқотҳо бо аҳли ҷамоатчигии кишвар аз падару модарон, устодон мудом талаб мекунанд, ки бештар диққати наврасону ҷавононро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд.
Дар Паёми навини хеш низ падару модарон ва устодонро ҳидоят карданд, ки  диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб созанд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд ва ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд.
Пас, имрӯз вақти он  расидааст, ки  мо - аҳли маориф ва ҷомеа ба масъалаи сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани маърифатнокию ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандии фарзандон саҳми арзанда гузорем.
Бо ин ки рафти Паёмро ҳамасола  мо ба воситаи телевизион тамошо мекунем, он боз алоҳида мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор мегирад. Бояд моҳияти Паёмҳои Пешвои миллатро ба дурустӣ дарк ва аз рӯи он фаъолиятамонро беҳтар намоем ва ба сӯи ҳадафҳои бузурги созандагӣ қадамҳои устувор гузорем. Зеро ба таъкиди Пешвои миллат: “Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебошанд, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобастаанд. Аз ин рӯ, ҳифзи озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин сарзамин мебошад”.
Сироҷиддин ГУРЕЗОВ,
мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2016    №: 253    Мутолиа карданд: 5386

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед