logo

иқтисод

"АЗ ХУДСАРӢ ТО ХУНУКНАЗАРӢ"

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг мақолаи «Аз худсарӣ то хунукназарӣ» «Ҷумҳурият», 22 сентябри соли 2016, № 189 (23011) - ро, ки масъалаи фаъолият накардани фурудгоҳи ноҳияро дар бар гирифтааст, мавриди баррасӣ қарор дод. Ҷиҳати омӯхтан ва муайян намудани ҳолати воқеии кор гурӯҳи корӣ ташкил карда шуд. Гурӯҳи корӣ муайян намуд, ки фурудгоҳ то соли  1990 фаъолияти хуби  корӣ дошт. Солҳои аввали ташкилёбиаш фақат ҳавопаймоҳои хурди «Ан – 2» ва чархболҳоро қабул менамуд. Соли 1987 ҳудуди фурудгоҳ васеъ гардида, ба 58,41 гектар расонда шудааст. Аз он замини корами лалмӣ 5,98, чарогоҳ  51,1, боғот 0,85, роҳ 0,23 ва сохтмон 25 гектарро ташкил медод. Фурудгоҳ барои қабул намудани ҳавопаймоҳои калонҳаҷм мувофиқ гардонда шуд. Солҳои 90 – ум фурудгоҳ тадриҷан таъминоташро гум кард. Биноҳои фурудгоҳ фарсуда ва хати парвоз корношоям шуданд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҳолатҳои воқеиро ба инобат гирифта, чораҳои таъҷилӣ андешид. Сараввал  аз ҳамин мавзеъ идораи обуҳавосанҷиро ба маркази  ноҳия кӯчонданд. Ошхонаро тариқи музояда фурӯхтанд. Биною замин ва воситаҳои дигари  асосии фурудгоҳ соли 2005 – ум ба тавозуни Вазорати мудофиаи  кишвар дода шуд. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи фурудгоҳ мактаби муттаҳидаи  техникии назди вазоратро ташкил намуд.
Солҳои охир шароити иқтисодию молиявии мактаб низ ба талабот ҷавобгӯ нест. Айни ҳол мактаб умуман фаъолият надорад. Қисми заминҳоро коркунони ҳамин мактаб истифода мебаранду халос. Боқимондаи заминҳо ба чарогоҳ ва бино бошад, ба вайрона табдил ёфта истодааст. Ҳамаи инро ба назар гирифта, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг барои ба ҳолати аввала баргардондани фурудгоҳ  ва дар муҳлати кӯтоҳ бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, чораҳои зарурӣ меандешад.
Н. МИРЗОЗОДА, раиси ноҳияи Ховалинг

АЗ ИДОРА:
Мутаассифона, посухи ба идора расида моро қаноатманд карда наметавонад. Дар посух айни камбудиҳо, ки дар матлаби «Аз худсарӣ то хунукназарӣ» муфассал баён шуда буданд, дар шакли хулоса оварда шудаанду бас. Фақат дар ҷумлаи охирини посух зикр шудааст, ки «барои ба ҳолати аввала баргардондани фурудгоҳ ва дар муҳлати кӯтоҳ бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои зарурӣ» меандешанд. Дар бораи  роҳандозӣ ягон тадбири мушаххас ва муҳлати  муайян сухане нест. Бо вуҷуди ин, рӯзнома бо умеди он ки вазъи фурудгоҳ беҳтар хоҳад шуд, мавзӯъро пайгирӣ мекунад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.12.2016    №: 254    Мутолиа карданд: 1691

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед