иқтисод
БЕҲДОШТИ ЗАМИН. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА
Тибқи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ассотсиатсияи истифодабарандагони об” Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзим ва дастгирии давлатии Ассотсиатсияи истифодабарандагони об муайян шудааст.
Қонуни мазкур дар татбиқи сиёсати ислоҳоти иқтисодиёту аграрии мамлакат, ҳимояи ҳуқуқҳои истифодабарандагони об ва пешрафти соҳаи кишоварзӣ мусоидат намуд.
Бино ба иттилои Ғазалбек Расулов, сардори шуъбаи дастгирии Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, мақсади асосӣ аз ташкили ассотсиатсияҳо нигоҳдорӣ ва истифодаи шабакаҳои обёрии дохилихоҷагӣ, ки дар истифодаи якҷоя ва инфиродӣ қарор доранд, боадолатона, самаранок ва сари вақт тақсим намудани об байни аъзо ва дигар истифодабарандагони об, ҷамъоварии маблағи хизмати обрасонӣ, ҳалли баҳсҳои байни аъзо ва дигар истифодабарандагон доир ба истифодаи об мебошад. То имрӯз дар ҷумҳурӣ 417 ассотсиатсия ба қайд гирифта шудааст.
Чанде пеш дар Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи “Идоракунии захираҳои обии водии Фарғона” дар мавзӯи “Мушкилоти имрӯзаи Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва роҳҳои ҳалли онҳо” бо иштироки намояндагони ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби шаҳру ноҳияҳо ва мутахассисони соҳа семинари омӯзишӣ баргузор шуд. Зикр гардид, ки бо татбиқи лоиҳаи мазкур 100 ассотсиатсия созмон дода, потенсиали корбарии онҳо баланд бардошта шуд. Сохтмони 53 бинои корӣ ба анҷом расида, сохтмони 10 бинои кории дигар аз моҳи феврали соли 2017 оғоз мегардад. 48 бинои корӣ бо мизу курсӣ, ҷевон, компютер ва дигар таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудаанд.
Дар баробари ин, айни ҳол дар фаъолияти истифодабарандагони об мушкилиҳо, аз қабили норасоии мутахассисони соҳа дар идоракунии ассотсиатсияҳо, мошину механизимҳо, дар сатҳи паст қарор доштани ҷамъоварии ҳаққи хизмати обрасонӣ ва маблағҳои аъзоҳаққӣ, ҳолати мелиоративии заминҳо ва ғайра кам нестанд.
Барои рушди бахшҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар, хусусан кишоварзӣ ва идораи захираҳои обӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ баланд бардоштани истифодаи самараноки обу замин талаботи замон аст. Барои ҳалли масоили ҷойдошта ҷудо намудани грантҳои хурд низ мувофиқи мақсад мебошад.
Аз ҷониби мутахассисони Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ барои ҷоннок намудани раванди баланд бардоштани савияи дониши роҳбарони ассотсиатсияҳо ва кормандони масъул ба роҳ мондани санҷишҳо (аттестатсияҳо), ба танзим даровардани фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба нақша гирифта шудааст. Зеро рушди соҳаи кишоварзӣ омили асосии таъмини амнияти озуқаворист, ки яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар маҳсуб меёбад.
Матлубаи Абдуқаҳҳор, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.12.2016 №: 254 Мутолиа карданд: 1896