logo

фарҳанг

КИТОБҲОИ ШАХСӢ ТО ВА БАЪД АЗ МАН

Оне, ки тоҷикон таърихан мардуми китобдору китобхонанд, ҳақиқати бебаҳс аст. Бахусус, барои ман, ки давоми умри  худ китобҳои зиёде ба мерос гирифтааму бештар аз ин ба шогирдон тақдим намудаам. Як умр ба зодрӯзҳо китоб бурдааму ҳамин гуна туҳфаро дар мавлудам интизорӣ кашидаам. Ва хушбахтам…
Вале вақтҳои охир андешае бисёр тира ранҷам медиҳад, балки водорам месозад, то соатҳо дар ин бора фикр кунам. Пас аз ман китобҳоям магар мунису ғамхоре меёбанд. Мабодо аз назарҳо дур монанду фаромӯш шаванд ё Худо накарда, касе онҳоро ашёи нолозим гуфта, ба берун ҳаво диҳад… Намехоҳам дар зиндагиям аз онҳо ҷудо бошам, ҳарчанд мебинам, баъзан, ки бархе аз олимону адибони номии мо бо фарорасии даврони пирӣ, ҳатто бо тағйири ҷойи зист қиматтарину  нодиртарин китобҳои дар солҳои мадид ҷамъовардаашонро ба фурӯш мегузоранд. Ва низ медонам олимону адибони дигареро, ки ин амал барояшон коре нангин ба шумор мерафт. Вале,  пас аз фавташон фарзандон аввалин коре, ки карданд, «халос шудан» аз девори китобҳои эшон буд, то хонаи падарӣ «кушод»-у «барҳавотар» шавад. Баъзе аз фарзандони шахсиятҳои маъруф ин корро то ба ҳол барои худ нораво медонанд, чун эҳсос мекунанд, ки ин амал шаъну шарафи падарашонро коҳиш медиҳад. Ворисони дигар роҳи мадании онро пеша карданд, яъне китобҳои марҳумро ба Китобхонаи миллӣ барои истифодаи умум супурданд.
Масъала, масъалаи хурд нест, бузург асту нозуку муҳим, ки солҳои сол ҳалли дурусти худро хоҳон аст. Аммо он гӯиё ҳеҷ каси масъулро низ ба ташвиш наовардаву намеорад. Матбуот ҳам дар ин маврид хомӯширо пеша кард, ҳол он ки бояд кайҳо бонги изтироб мезад.
Бояд зикр кард, ки  баъди даргузашти шахсиятҳои маъруф то ҷое қимати ганҷи ба меросмондаи онҳоро дигарон намедонанд. Ба ҷуз ин, бо зиёд шудани аҳли хонадон ин ганҷро ҳатман бояд берун бароранд. Чунон ки фарзандони яке аз шахсиятҳои маъруфи кишвар китобҳои ӯро ба ҳуҷраи кории худ овардаву дар он ҷой додааст.
Барои бархе шояд ин кору ин ҳолат хандаовар менамояд. Вале, агар ҳақиқатро баён бинамоем, он як навъ фоҷиа мебошад, фоҷиаи маънавиёти мо. Агар ҳам механдем, бар худ механдем.
Сарнавишти ҳамаи зиёиёни мо дар ин маврид қариб, ки якхелаанд ва ҳамон тавр ба фарҷом мерасанд. Бо эҳсоси пешомадҳои ногувор бархе талош варзиданд ва барои худ бо мадади ҳаммаҳалҳояшон дар зодгоҳашон осорхонаашонро сохтанд.
Маълум нест, ки осорхонаҳои шоирони маъруфу маҳбуби мо Ғаффор Мирзо ва Лоиқ Шералӣ бунёд меёбанд ё не. Агар меёбанд, кай ва дар куҷо? Метавон дар ин маврид мисолҳои зиёд овард ва дигар шахсиятҳои маъруфи кишварро низ ном бурд. Аммо фикр мекунам, ки мушт намунаи хирвор аст. Мурод аз ин навишта танҳо ҷой додани китобҳои шахсиятҳо нест. Ин ашхос лабораторияи бойи эҷодӣ доранд, ки дар оянда бояд ҷиддӣ таҳқиқу пажӯҳиш бишаванд. Мутахассисон, донишмандон асарҳои онҳоро бояд рӯи об бибароранд, нашр бикунанд ва дастраси мардум бигардонанд. Масалан, дар бойгонии устод Соҳиб Табаров бисёр номаҳои нашрношуда мавҷуданд. Дафтарҳои хотироти ӯ бо номи «Таассуроти ақлу дил» интизори нашр мебошанд. Он бисёр асрори адабиёти миллӣ ва роҳи эҷодии адибону олимони маъруфро бозгӯ мекунад. То ҳанӯз ба ин корҳои ҷиддӣ ягон шахсият ё худ мутахассиси варзида ҷиддан машғул нест.
Устодон Лоиқ Шералӣ ва Ғаффор Мирзо низ ба ин гуна таҳқиқ ва пажӯҳиш ниёз доранд. Аммо ба ин ҳол ба лабораторияи эҷодии ин ҳар ду адиб роҳ бурдан душвор аст.
«Намунаи адабиёти тоҷик» - и устод Садриддин Айнӣ ду бор дар кишвар ва як бор дар Эрон ба табъ расид. Азбаски ба ҳангоми ин се нашр аз дастхати устод истифода набурданд, балки ба он роҳ наёфтанд, китоб бо ҳамон ғалатҳои зиёде, ки дошт, чоп шуд. Яъне, ислоҳи ғалатҳо танҳо тавассути истифодаву муқоиса бо дастхати устод Садриддин Айнӣ даст медиҳад.
Сухан танҳо дар бораи адибони барҷаставу шахсиятҳои маъруф намеравад. Ҳар эҷодкор ба қадри тавоноияш ва истеъдодаш дар рушду такомули фарҳанги миллӣ саҳм гирифтааст. Дар навбати худ онҳо низ ниёз ба омӯзишу таҳқиқ доранд. Ин барои илму фарҳанги мо ногузир мебошад. Масалан, устод Соҳиб Табаров дар баробари он ки эҷоду кори адибони забардасти мо – Садриддин Айнӣ ва Пайрави Сулаймониро мавриди таҳқиқу тадқиқ қарор дод, ҳамчунон дар бораи Мунзим, Саъдулло Рабеӣ, Алӣ Хуш асарҳо таълиф кард.
Шояд ин суол матраҳ бигардад, ки Ҳукумат барои сохтмони осорхонаҳо маблағи зиёдро аз куҷо бояд пайдо бикунад. Посух мушкил нест. Ба сохтмони осорхонаи зиёд зарурат надорад. Барои мисол метавон Донишкадаи давлатии забонҳо ва Консерваторияи миллиро ном бурд. Яке ба номи адиби забардаст Сотим Улуғзода ва дигаре ба номи композитори маъруф Талабхӯҷа Сатторов мебошад. Чаро мумкин нест, ки осорхонаҳои ин ҳар ду эҷодкор дар ин муассисаҳои таълимӣ бунёд биёбанд? Ба ҷуз ин, маблағеро, ки мақомотҳои маҳаллӣ барои бунёди  осорхонаҳои шахсиятҳои маъруфи маҳаллашон сарф менамоянд, беҳтар аст онро дар пойтахти кишвар сарф бикунанду бисозанд. Дар ин кори хайру мондагор хуб мебуд, ки соҳибкорон низ саҳм мегирифтанд. Инчунин, Осорхонаи миллӣ имконияти васеъ барои ҷой додани осори адибон, олимон ва дигар эҷодкоронро дорад. Агар дар оянда бо пайдо шудани имкониятҳои молӣ бинои бузургу серошёна барои ҷой додани ин гуна осор ва таҳқиқу пажӯҳиши он бунёд меёфт, беҳтар мебуд.
А. ИСМОИЛ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.12.2016    №: 254    Мутолиа карданд: 2328

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед