logo

иқтисод

РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН – АФҒОНИСТОН – ТУРКМАНИСТОН. МАСИРИ ПАЙВАСТШАВӢ БА БАНДАРҲОИ БАҲРӢ

Пан Ги Мун, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, дар шаҳри  Ашқобод -  пойтахти Туркманистон зимни ҳамоиши  байналмилалӣ оид ба нақлиёти устувор изҳор дошт, ки  пешрафти тиҷорати ҷаҳонӣ ба воситаҳои  байналмилалии коммуникатсионӣ иртиботи ногусастанӣ дорад.  Рушди  бахши нақлиёт,  ҳалли мушкилоти вобаста ба он, хусусан ҳифзи муҳити  зист аз олудагии партову паҳншавии газҳои гармхонаӣ, коҳиш додани садамаҳои марбут ба роҳу нақлиёт ва рушди инфрасохтори соҳаи нақлиёту коммуникатсия, аз ҳадафҳои асосии СММ дар ин ҷода маҳсуб меёбанд. 

Азим Иброҳим, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар чорабинии сатҳи баланд  изҳор дошт, ки бо ташаббуси кишварҳои минтақа Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2015  қатънома  оид ба таъмини  фаъолияти муштарак байни тамоми намуди нақлиётро қабул кард.  Он  ба ташкил ва фароҳам овардани долони устувори  транзитии мултимодалӣ нигаронда  шудааст, ки ба иҷрои яке аз ҳадафҳои асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иқтидори транзитию нақлиётӣ  мусоидат менамояд.  Ҷумҳурии Тоҷикистон    иштирокчии фаъоли конвенсияҳои байналмилалӣ, ташаббусҳои минтақавию байналмилалист ва ба  бандарҳои баҳрӣ дастрасӣ надорад. Аз ин рӯ, роҳбарияти кишвар  барои  татбиқи ҳадафҳои стратегии худ ҷиҳати рушди устувори ин бахш пайваста талош мекунад.  Ҳукумати мамлакат барои  ноил гардидан  ба  ҳадафҳои стратегӣ мувофиқи талаботи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба шабакаи шоҳроҳи  Осиё  ва низоми роҳи оҳани Транс - Осиё ва дигар санадҳои байналмилалӣ «Барномаи мақсадноки рушди бахши нақлиёт то соли 2025»-ро қабул кард. Дар кишвар марҳила ба марҳила ҳолати  инфрасохтори нақлиётӣ  беҳтар мегардад.  Бунёду барқарорсозии роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хатсайри  долонҳои байналмилалӣ,  назири ТРАСЕКА, CAREC ва СҲШ шомиланд, ботадриҷ идома дорад. Соли равон дар Тоҷикистон шохаи нави  роҳи оҳан сохта ба истифода дода шуд, ки он шабакаи марказӣ ва ҷанубии роҳи оҳани мамлакатро  пайваст намуд. Ин дастовард талош ва омодагии кишвари моро  дар самти бунёд ва рушди шабакаи шимоли Афғонистон, ки бо Туркманистон мепайвандад, рӯшан месозад. Татбиқи барномаҳои фаромиллии  соҳа, аз ҷумла дар  самти  сохтмон ва пайвасти роҳҳои оҳани Туркманистон – Афғонистон - Тоҷикистон   ва пайвастшавӣ ба шохаи роҳи оҳани  Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон,  аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ чашмрас мебошад.    Роҳбарияти ҷумҳурӣ дар бахши  манфиатҳои мултимодалии ҳамлу нақл, назири интиқол ва бехатарии бор, рақобатпазирӣ дар муқоиса бо воситаҳои алтернативии нақлиёт, арзиши ҳамлу нақл,  кам кардани вақти таҳвили бор,  ҳамзамон ба беҳтар намудани қонунгузорӣ  аҳамияти хоса медиҳад. Барои  мукаммалӣ  ва беҳбудии  бахши ҳавонавардӣ дар  кишвар шумораи хатсайрҳои нави парвоз фарох гардида, сохтмони инфрасохтори  фурудгоҳҳои замонавӣ, терминалҳои нави  мусофиркашонию боркашонӣ босуръат идома дорад.  Гузашта аз ин,  таҳияи муқаррароти  нав  дар бахши  роҳдории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи миллии  амал барои баланд бардоштани ҳолати бехатарии роҳ ва танзими ҳаракат дар онҳо ба анҷом мерасад.
 Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов,  Президенти Туркманистон,  дар ҳамоиш изҳор намуд, ки эҷоди шабакаи нақлиётии транзитӣ ва логистикӣ  дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи баҳри Хазар  яке аз бахшҳои муҳими муколама  дар масъалаи  рушди нақлиёти байналмилалӣ  мебошад. Сохтмони   инфрасохтори  маҷмӯию муштарак ва сершохаи нақлиёти қораи Аврупо ва Осиё бо дастрасӣ ба терминалҳои баҳрӣ,  назири баҳри Сиёҳ, минтақаҳои Балтика, Осиёи Ҷанубӣ,  Ҷанубу Шарқӣ,  Шарқи Наздик,  минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ифтитоҳи марҳилаи аввали роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон - Тоҷикистон  оғози таъсиси  долони байналмилалии нақлиёти  қитъаи Осиё, масири пайвастшавии кишварҳои номбурда ба бандарҳои баҳрист.
Марзия САИДЗОДА,
рӯзноманигор, Душанбе – Ашқобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.12.2016    №: 254    Мутолиа карданд: 1870

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед