logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН - КИШВАРИ ПЕШСАФ ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ГЛОБАЛИИ ВОБАСТА БА ОБ

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷӣ, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои кушода» ташкил медиҳад, яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ гардид. Аз ҷумла, Сарвари давлат изҳор доштанд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст».
 
Баёни ин матлаб дар ҳолест, ки Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»,  ки бори аввал зимни ҷараёни Форуми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд, ҷонибдорӣ кард. Рӯзи 21 декабри соли 2016 дар ҷаласаи пленарии Маҷмаи умумии СММ қатънома таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 қабул гардид. Ин ҳуҷҷат бо ташаббуси Тоҷикистон ва ҳаммуаллифии 177 кишвари аъзои созмон дар Кумитаи дувуми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пешбарӣ шуда буд. 
Қарор аст, дар доираи қатъномаи мавриди назар Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди усутвор" аз рӯзи 22 марти 2018 (Рӯзи байналмилалии захираҳои об) оғоз ёфта, 22 марти 2028 ба анҷом расад. Пешбинӣ мешавад, ки ин ташаббус дар рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, татбиқи лоиҳаву барномаҳои хос, таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об мусоидат хоҳад кард. Гузашта аз ин, Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор"  масъалаҳои таҳкими самаранокии истифодаи захираҳои об, ғизо, энергия ва муҳити зистро фаро гирифта, қатъномаи тасвибшуда роҳбарии ҷараёни тадорукот ва татбиқи ҳадафҳоро ба уҳдаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид  вогузор менамояд.
Қобили зикр аст, ки Пан Ги Мун, Дибири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба қабули ин санад, ки бо ҳамовозии кишварҳои аъзо қабул гардидааст, субҳи 23 декабр ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи табрикӣ ирсол намуд. Дабири кулл дар Паёми табрикии худ изҳори бовар намудааст, ки даҳсолаи нав дар роҳи таҳким ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об нақши арзишманд гузошта, дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005 - 2015 - ро тақвият мебахшад.
Қабл аз ин Питер Томсон, раиси Маҷмаи умумии СММ, низ дар барқияе  ба унвони Пешвои миллат қабули муввафақонаи қатъномаро ба Сарвари давлат ва мардуми тоҷик табрик намуд. Ба гуфтаи ин мақоми сатҳи олӣ, ташаббуси ҷониби Тоҷикистон метавонад ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои байналмилалии тасдиқшудаи марбут ба об, бахусус он ҳадафҳое, ки дар Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 инъикос шудаанд, мусоидат намояд.
Бо қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» Тоҷикистон бори дигар ҳамчун кишвари пешоҳанг дар ҳалли масоили глобалии ҷаҳон дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Дар остонаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфтани боз як ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон баёнгари нуфузи бештар касб кардани кишвари мо дар ҷаҳони муосир аст. Аз ин рӯ, эҳтирому эътироф ва пазируфтани пешниҳодоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ, ки ҳамзамон аз ҷойгоҳи шоиста ва мавқеи сиёсии кишвар дар арсаи олам далолат мекунад, боиси ифтихори миллат аст.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.12.2016    №: 254    Мутолиа карданд: 1857

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед