logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН. ПЕШНИҲОДИ НАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ 177 КИШВАРИ ҶАҲОН ПАЗИРУФТА ШУД

22 декабр Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эъломи Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (барои солҳои 2018 – 2028) бо ҷонибдории 177 давлати аъзои СММ қатънома қабул кард.
Ташаббуси эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  12 апрели соли 2015  зимни суханронӣ  дар Форуми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об дар Ҷумҳурии Корея садо дод: «Бидуни шакку шубҳа нақшаи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» барои муттаҳид сохтани саъю талоши муштараки мо дар сатҳҳои  маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ба хотири тақвияти расидан ба ҳадафҳо дар соҳаи захираҳои об асоси хубе ба миён овард. Вале таҳдиду  хатарҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши  аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд – зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометереологӣ, норасоии  об ва дар натиҷа боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои  сирояткунанда ва  афзоиши фавти модару кӯдак, аз мо саъю талоши бештар  ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро  тақозо доранд. Зеро таҳдидҳои зикршуда имкон надоданд, ки ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» пурра татбиқ карда шаванд. Бо дарназардошти ин пешниҳод менамоям, ки  Даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти шиори «Об ба хотири  рушди устувор» эълон карда шавад», - изҳор дошт дар ин ҳамоиш Президенти Тоҷикистон.
Зарурати эълом доштани Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои рушди  устувор» аз ҷониби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои  2005 – 2015)  ва талошҳои минбаъда ба хотири расидан ба рушди устувори захираҳои об», ки тибқи қатъномаи Ассамблеяи генералии  Созмони Милали Муттаҳид 9 – 11 июни соли 2015 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе баргузор шуд, бори дигар таъкид гардид.
Тавре Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии  сатҳи баланди натиҷагирӣ аз татбиқи амалиёти даҳсолаи барномаи «Об барои ҳаёт» таъкид намуданд тайи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар  самти дастёбӣ ба ҳадафҳои марбутаи  Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва кам кардани теъдоди одамоне, ки ба оби безарари нӯшоӣ эҳтиёҷ доранд, пешравиҳои назаррас ба мушоҳида расиданд. Муттаҳидии  бештари саъю талошҳои ҷонибҳои манфиатдор барои расидан ба ҳадафҳои  муштарак оид ба об ба даст омад. Аммо  омилҳои зиёд ба комилан амалӣ гаштани ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» монеъ шуданд.
Об ҳанӯз ҳам масъалаи мубрами глобалӣ боқӣ мемонад. Тибқи маълумот, дар ҷаҳон тақрибан 750 миллион нафар ба оби тозаи нӯшокӣ ва 2, 5 миллиард нафар ба шароити беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд, 1,3 миллиард нафар бо неруи барқ таъмин нестанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки шумораи аҳолӣ дар сайёра пайваста зиёд шуда, талабот ба истеъмоли об ва неруи барқ меафзояд. Маҳз ҳамин вазъ арбоби барҷастаи ҷаҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро водор сохт, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ташаббуси нави башардӯстона муроҷиат намояд.
Тибқи қатъномаи нави Ассамблеяи генералии СММ, ҳадафҳои асосии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018 – 2028) ҷалби таваҷҷуҳи хосаи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ба истифодаи муштарак аз захираҳои об, густариши ҳамкориҳо дар татбиқи барномаю лоиҳаҳои байналмилалию минтақавӣ, мусоидат ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар бахши истифодаи умумии захираҳои обӣ, бо назардошти пайвастагии тавъами онҳо ба захираҳои озуқаворӣ, энергетикӣ ва ҳифзи муҳити зист мебошад.
Санади нави таърихӣ тақозо менамояд, ки бо истифода аз таҷрибаи пешрафта ва зимни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти "Об барои ҳаёт» (2005 – 2015) бадастомада механизмҳои нави шарикӣ ва истифодаи захираҳои обию ба он алоқаманд дар сатҳҳои гуногун дарёфт карда, иттилоотонӣ ва такмили дониши аҳолӣ оид ба ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» роҳандозӣ шавад. Даҳсолаи нав корҳои зимни Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» баанҷомнарасидаро низ дар бар мегирад.
Ёдрас месозем, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2003 Иҷлосияи 58 – уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эъломи «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», 2005 – 2015 қатънома қабул карда буд. Охири соли 2014 бошад, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Ассамблеяи генералии СММ таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» 2005 – 2015 ва талошҳои минбаъда барои дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об қатъномаи навро ба тасвиб расонд.
Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии заковатмандӣ ва башардӯстии ӯ буда, аз ин ҷиҳат аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои ҷаҳон ҳамовозию дастгирӣ меёбанд. Бо пешниҳоди Сарвари Тоҷикистон СММ соли 2003 – ро «Соли оби тоза», солҳои 2005 – 2015 – ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ва солҳои 2018 – 2028 – ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълом дошт.
Эмомалӣ Раҳмон дар баробари роҳбарони 10 кишвари аъзои СММ узви Гурӯҳи сатҳи баланд оид  ба об мебошад. Обрӯю эътибори байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз дурандешӣ, заковатмандӣ ва башардӯстии олии ӯ сарчашма мегирад, нуфузи Тоҷикистон ва минтақаро низ дар арсаи ҷаҳон боло мебарад. Зеро ҳалли проблемаи глобалии об дар доираи як кишвар ҳал намегардад. Ҳар як инсон, сарфи назар аз нажод, миллат, дониш, эътиқод ва синну сол ба об эҳтиёҷ дорад. 
Сайвалӣ АЗИЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2016    №: 255    Мутолиа карданд: 2541

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед