logo

сиёсат

МАҲМАДАМИН МАҲМАДАМИНОВ: "ДАҲСОЛАИ НАВ БА ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ МАНБАЪҲОИ ОБӢ МУСОИДАТ МЕНАМОЯД"

Рӯзи панҷшанбе Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро, ки ба барномаи сеюми байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» оғоз мебахшад, якдилона қабул намуд. Ин барнома аз соли 2018 то соли 2028 идома меёбад. Қатъномаро 177 давлати аъзои СММ ҷонибдорӣ кард.
Бори аввал ташаббуси эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» - ро Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Даҳсолаи қаблӣ соли 2005 оғоз ёфта буд.
Дар бораи он ки дар ин солҳо чӣ корҳо анҷом дода шуданд ва кадом вазифаҳоро бояд дар даҳсолаи минбаъда ба иҷро расонд, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Маҳмадамин Маҳмадаминов дар мусоҳиба бо Радиои СММ назари худро чунин баён намуд:
- Тибқи қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ҳадафҳои Даҳсола таваҷҷуҳи баланд ба рушди устувор ва идоракунии ҳамоҳангшудаи захираҳои об барои расидан ба ҳадафҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист, амалигардонӣ ва пешбурди барномаҳо ва лоиҳаҳои дахлдор, инчунин густариши ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳамаи сатҳҳо барои мусоидати татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи марбут ба захираҳои об, аз ҷумла Ҳадафҳои рушди устуворро дар бар мегиранд.
Илова бар ин, дар қатънома муҳимияти пешбурди истифодаи босамари об дар ҳама сатҳҳо, бо назардошти ҳамалоқамандии захираҳои об, озуқаворӣ, энергетика ва муҳити зист махсус таъкид гардидааст.
Қатънома ҳадафҳои иловагии Даҳсола, аз ҷумла такмили механизмҳои ташаккул ва паҳн намудани дониш, осонгардонии дастрасӣ ба дониш ва табодули иттилоот  оид ба таҷрибаи пешрафта, гирифтани иттилооти нави алоқаманд ба ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об; амалӣ намудани фаъолияти иттилоотию фаҳмондадиҳӣ; таъсиси шабакаҳо ва мусоидат ба ташкили шарикӣ ва фаъолияти дигар иштирокдорони манфиатдор дар татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои марбут ба захираҳои об; таҳкими фаъолияти коммуникатсионӣ дар сатҳҳои гуногун ба манфиати татбиқи ҳадафҳои бо захираҳои об алоқамандро муайян мекунад.
Қатъномаи мазкур ба Дабири кулли СММ андешидани тадбирҳои заруриро барои банақшагирӣ ва ташкили фаъолият дар доираи Даҳсола дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва кишварӣ бо дастгирии механизми байни муассисавии «СММ – захираҳои об» пешниҳод менамояд.
Дар баробари ин, натиҷаҳои амалишавии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, фаъолияти Форуми сиёсии сатҳи баланди СММ оид ба рушди устувор ва кори Комиссияи сатҳи баланд оид ба об, ки аз ҷониби Дабири кулли СММ ва раиси Бонки ҷаҳонӣ таъсис дода шудааст, бояд ба инобат гирифта шаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари роҳбарони 10 кишвари дигари аъзои СММ узви Панели сатҳи баланд оид ба об мебошад. Муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Панели сатҳи баланд оид ба об таъйин шудааст.
Тибқи қатъномаи мазкур гузарондани ду муколамаи корӣ таҳти роҳбарии Президенти иҷлосияи 71-уми Маҷмаи умумии СММ оид ба муҳокимаи масъалаи баланд бардоштани ҳамгироӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти СММ, ки марбут ба манбаъҳои обӣ аст, инчунин Шарҳи миёнамуҳлати СММ доир ба рафти татбиқи Даҳсола дар чорчӯбаи иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии  СММ дар назар аст.
Пас аз соли нав раванди омодагӣ доир ба гузарондани муколамаи кории Маҷмаи умумии СММ оғоз мегардад. Раванди омодагӣ ба шарҳи миёнамуҳлат ҷиҳати рафти татбиқи Даҳсола мутобиқи қатъномаи мазкур дар рафти иҷлосияи 73 - юми Маҷмаи умумии СММ тирамоҳи соли 2018 оғоз мегардад.
Ибтикорот дар бораи эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об, ки моҳи апрели соли гузашта дар Ҷумҳурии Корея доир гардид, пешниҳод шуд.
Президенти кишвар зимни суханронӣ дар Форуми об таъкид намуд, ки: «…чолишҳо ва таҳдидҳои ҷаҳони муосир, бо шумули буҳрони молию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, афзоиши басомади ҳодисаҳои ниҳоии обу ҳаво, норасоии об ва дар натиҷа боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, афзоиши бемориҳои сирояткунанда, фавти модару кӯдак ҳанӯз сафарбар намудани талошҳои мо ва қабули чораҳои дахлдорро дар ин соҳа талаб мекунанд».
Ибтикорот дар бораи эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», 2005 - 2015 низ соли 2003 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Баъдан, дар доираи ин даҳсола ибтикороти Тоҷикистон дар бораи эълон намудани соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкории об», ҳамчунин дигар ибтикоротҳо, аз ҷумла Соли байналмилалии санитария ҷонибдорӣ ёфт.
Дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ва тибқи қатъномаҳои Маҷмаи умумии СММ се Муколамаи интерактивии Маҷмаи умумӣ дар солҳои 2010, 2013 ва 2015 гузаронда шуданд. Илова бар ин, Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ дар Душанбе чорабиниҳои муҳимро, аз ҷумла шарҳи миёнамуҳлати ҳамаҷонибаи ҷараёни баргузории Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар моҳи июни соли 2010, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, моҳи августи соли 2013 ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», моҳи июни соли 2015 омода ва баргузор кард.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2016    №: 255    Мутолиа карданд: 1755

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед