logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Бо соҳибистиқлол гардидани кишварамон моҳият ва рисолати бахши молияи мамлакат тағйир ёфта, дар саргаҳи ин ибтикор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Иқдоми аз ҷониби Пешвои миллат амалишуда замина фароҳам оварданд, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодии давлат тамоюли афзоишро касб намуда, ба шарофати роҳандозии сиёсати дуруст сатҳи камбизоатӣ аз 81,0 дарсади соли 1999 то 31 дарсад паст гардид ва маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сар аҳолӣ 3,8 дарсад зиёд шуд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ сохтори идоракунии молиявӣ дар ҷумҳурӣ такмил ёфта, сохторҳои хазинадорӣ, идоракунии қарзҳои давлатӣ, рушди бозори коғазҳои қиматнок, кор бо филизу сангҳои қиматбаҳо, хазинаи дороиҳои давлатӣ, мониторинги корхонаҳои азим, аудити дохилӣ ва дигар воҳидҳои сохторӣ таъсис ёфта, шуъбаҳои молияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба раёсат, департамент ва минбаъд ба сарраёсату раёсатҳо табдил дода шуданд.
Яке аз нафароне, ки дар ин раванд ба ҳайси мутахассиси соҳа саҳм гузоштааст, Шариф Муллоев мебошад.  Зиндагиву фаъолияти номбурда аз лиҳози ҷанбаҳои мусбат хеле ғанӣ буда, ба маънои томаш ҳар саҳифаи китоби зиндагии чунин шахсон намунаи ибратест барои насли наврас ва аҳли идрок. Аз ин нуқтаи назар, вақте ба зиндагиву фаъолияти ибратомӯзи чунин ашхос назар менамоем, бояд онро аз ҷиҳатҳои гуногун, ки ҳар кадом нозукиҳои худро доранд, пешниҳоди хонандаи арҷманд гардонем.  Дар ин сурат, баробари он ки матлаби иншошуда махсусиятҳои як нафари корозмудаву поквиҷдонро бозгӯйӣ менамояд, ҳамзамон дар ташаккули афкори ҷомеа, тақвияту тавсеаи ҳисси миҳандӯстиву худшиносӣ  саҳми муассир хоҳад гузошт. 
Ба маънои томаш Шариф Муллоев шахсест, ки дар зиндагӣ комилан обутоб ёфтааст. Номбурда дар вазифаҳои гуногуни бахши молияи давлатӣ аз назоратчӣ - тафтишотчии Раёсати назоратию тафтишотии Вазорати молия то муовини якуми вазири молияи ҷумҳурӣ, баъдан муовини сардори Раёсати Кумитаи назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, муовини якуми раиси Кумитаи назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2007 то соли 2012 - замони ба нафақа баромаданаш ба сифати сардори Сарраёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи мамлакат  фаъолияти пурмаҳсул ва поквиҷдонона дошт.
Дар тамоми зинаҳои фаъолият поквиҷдонӣ ва масъулиятшиносиро сармашқи кору зиндагӣ қарор дода, то кунун дар ин ҷода устувор аст. Номбурда дар тарбияи мутахассисони ҷавон саҳми арзанда дошта, ба онҳо чун роҳнамои боэътимод ва маслиҳатгари беғараз кумакҳои арзишманд расондааст. Метавон гуфт, ки Шариф Муллоев намунаи камназири як соҳибмансаби сатҳи баланд аст, ки поквиҷдониро сармашқи фаъолият қарор додааст. Поквиҷдониву масъулиятшиносӣ меҳвари кору зиндагиаш буду ҳаст ва дигарон, аз ҷумла мо, шогирдонашро ба ин амал талқин менамояд.
Бо дарназардошти ин омилҳо, соли 2002 бо Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номбурда бо мукофоти баланди давлатӣ - ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 2 мукофотонда шуд. Хизматҳои софдилонаи қаҳрамони мо, инчунин бо медали Шараф дараҷаи 2 аз ҷониби Комиссияи байналмилалии ҷамъиятии мубориза бо коррупсия ва дигар мукофотҳои соҳавӣ сарфароз шудааст. Номбурда чун як  инсони худогоҳу миҳандӯст номи хешро  бо принсипҳои ҷиддии корӣ ва сарсупурдагӣ ба вазифа  шарафмандона анҷом додааст, ки имрӯз ифтихори шогирдону пайвандон аст.
ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул,
вакили Мачлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2016    №: 255    Мутолиа карданд: 2598

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед