logo

фарҳанг

МЕРОСИ НИЁГОН. ҲИФЗИ ОН ВАЗИФАИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ

Миллати тоҷик таърихи куҳан ва фарҳанги ғанӣ дорад. Ин миллат бо дастовардҳои хеш дар тамаддуни башарӣ саҳми сазовор гузошта, бо ин восита дар байни халқҳои олам мақоми хосро соҳиб шудааст. Далели ин гуфтаҳо мероси нодири меъморӣ, таърихиву фарҳангие мебошад, ки бо гузашти асрҳо аз байн нарафта, то ба замони мо расиданд. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва асолати миллӣ, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ хеле муҳим мебошад. Ҳоло дар  қайди Вазорати фарҳанги кишвар  2020 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст. Аз ин шумор 1278 – тоаш ёдгориҳои бостонӣ, 300 - меъморӣ ва 430 – таърихӣ - монументалӣ мебошад. 
Қобили зикр аст, ки замони     соҳибистиқло-лии кишвар ҷиҳати танзиму нигоҳдории ёдгориҳо 14 санади меъёрӣ ва ҳуқуқӣ ба тавсиб расид. Бо дастгирии Ҳукумати кишвар қисме аз мероси ниёгон таъмиру барқарор  ва ҳолати ҳифзашон хуб гардид. Аз ҷумла ба муносибати таҷлили 3000 - солагии Ҳисори шодмон дар Мамнӯъгоҳи таърихиву фарҳангии қалъаи Ҳисор корҳои назаррас анҷом ёфт. Деворҳои атрофи қалъа, дарвозаю аркҳои он таъмир шуданд. Ҳавзи дохили қалъа,  сарбозхона, амфитеатр, чойхона, дукони  ҳунармандон ва дигар иншооти дорои аҳамияти таърихии ин макон азнавсозӣ шуданд.
Маҷмаи меъмории мадрасаи Хоҷа Машҳад ва масҷиди Хоҷа Дурбод дар ноҳияи Шаҳритуз, оромгоҳи  Хоҷа Заррин дар ноҳияи Данғара, Абдуллои Валии ноҳияи Айнӣ, Ҳазрати Султон ва Хоҷа Аюби Ансорӣ дар ноҳияи Ховалинг, Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ дар ноҳияи Сангвор ва Хоҷа Ҳотами Асами ноҳияи Файзобод аз ҷумлаи ёдгориҳои дигари таъмиру барқароршуда мебошанд. Ин далели он аст, ки Ҳукумати кишвар ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Аммо, бо вуҷуди ин, ҳоло бисёр ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, аз ҷумла оромгоҳи Хоҷа Нахшрон дар шаҳри Турсунзода, қалъаҳои Қаҳқаҳа, Ямчун ва Вранги ноҳияи Ишкошим, ёдгории беназири ноҳияи Дарвоз - Карон ба таъмиру азнавсозӣ ниёз доранд. Аз ҷониби дигар ёдгориҳои таърихии кишвар ҳанӯз пурра мавриди омӯзиш қарор нагирифтаанд. Таъмири ёдгориҳо ва омӯзиши ҳамаҷонибаи он, ки ҷузъи муҳими шаҳрсозии ниёгонамон ба шумор мераванд, на танҳо боиси худшиносиву худогоҳии насли наврас мегардад, балки дар рушди иқтисодиёт ва туризм нақши зиёд мегузоранд. Пешвои миллат бесабаб таъкид накардаанд: “Омӯхтани таърих танҳо барои донистани гузашта нест, балки он барои шукуфоии ҳар давлату миллат зарур аст. Яъне миллат бояд аз гузаштаи худ сабақ гирад ва дурнамои ояндаашро бисозад”. Мутаассифона, дар бештари маврид мардум ба ин масъала кам таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Баъзан мебинем, ки ёдгориҳои қисман харобгашта ба ҷойи бозии кӯдакон ё ба чарогоҳ табдил ёфтааст. Бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки барои ба ҷаҳониён бештару беҳтар муаррифӣ намудани мероси ниёгон муваззаф ҳастем. Ёдгориҳоеро, ки ҳанӯз мавриди омӯзиш қарор нагирифтаанд, то замони расидани шароити мусоид, ҳифз намоем ва аз нестшавӣ нигоҳ дорем. Ин вазифаи шаҳрвандии мост. Дар ин кор бояд якҷоя саҳм гузорем.

Сафармуҳаммад ЮСУФҶОНОВ,
узви Иттифоқи меъморони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2016    №: 255    Мутолиа карданд: 2600

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед