logo

иҷтимоиёт

ТЕРРОРИСТ. НА ДИН, НА МАЗҲАБ, НА МИЛЛАТ

Имрӯз дар ҷаҳони муосир ҳар гуна равияву ҷараён ва созмонҳои ифротгарою террористӣ ба миён омаданд, ки ба ҳаёти осоиштаи сокинони сайёра таҳдид мекунанд. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки: «Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».

Террористон баҳри пиёда кардани ҳадафҳои нопоки худ аз таълимоти дини мубини ислом мунҳарифона суистифода намуда, исломро ба сиёсат омезиш медиҳанд ва ба амалҳои нопок даст мезананд. Ҳол он ки дин ҳамчун ойини муқаддасу пок набояд ба сиёсат вобаста ва ё омехта бошад.
Амалҳои террористие, ки дар Сурия, Ироқ, Туркия, Олмон, Фаронса ва дигар кишварҳо сурат гирифтанд, боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Хавфноктарин силоҳи террористон ҷоҳилони худкушанд, ки бо маводи таркандаи зери либос худро дар байни анбӯҳи одамон, ҳатто дар масҷидҳои ҷомеъ тарконда, занону кӯдакон ва одамони бегуноҳро ба ҳалокат мерасонанд. Ин гурӯҳҳои террористӣ имрӯз бо номи Салафия, Ваҳобия, Ҳизб - ут - таҳрир, Ансоруллоҳ, Ал - қоида, ҳаракати «Толибон», Ҷабҳа - ан - нусра, Бародарони мусулмон, гурӯҳи «Давлати исломӣ» ва амсоли инҳо бо номи ислом фаъолият бурда, ба суботу амнияти минтақаҳои гуногун таҳдид мекунанд. Ин ифротгароён бо кирдорҳои муғризонаи худ ба дини мубини ислом иснод меоранд ва ҳар лаҳза тайёранд ба амалҳои террористӣ даст бизананд ва одамони бегуноҳро ҳадафи «ҷиҳод» - и навбатии худ қарор диҳанд.
Мутафаккири бузург Носири Хусрав дар китоби «Ваҷҳи дин» он шахсонеро, ки аз дин манфиати шахсии худро ҷуста, онро ба мақсади носолимию нопокӣ истифода мебаранд, интиқод карда, менависад: «Ва ҳар кӣ ба муроди хеш андар дин сухан гуфт, ӯ деви ронда бувад». Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ ба ин маъно фармуда:
Зиёни касон аз пайи суди хеш,
Биҷӯянду дин андар оранд пеш.
Яке аз олимони шинохтаи олами ислом Муҳаммад Тоҳир - ал - Қадрӣ мегӯяд, ки: «Назарияи дини ислом терроризмро маҳкум мекунад ва террористони худкушро огоҳ менамояд, ки онҳоро дӯзах интизор аст ва ҳаракати онҳо ҳеҷ гоҳ ҷиҳод ҳисобида намешавад».
Боиси нигаронист, ки солҳои охир баъзе шахсони сода ва зудбовар фирефтаи суханони дурӯғини чунин бадхоҳону бадандешон шуда, ба ҷараёнҳои ифротгаро, гурӯҳҳои террористӣ ва равияҳои номатлуб мепайванданд. Имрӯз ҷавонону наврасони бонангу номус, ватандору дурандеши кишвари соҳибистиқлоли моро лозим аст, ки аз ин панди бузургон баҳра гирифта, аз ҳар гуна корҳои ношоям, мисли гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ дурӣ ҷӯянд, фирефтаи суханони дурӯғини шахсони манфиатҷӯ нашаванд.

Муҳаммадшариф ШАРИФОВ,
муовини мудири шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашри дастгоҳи Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2016    №: 255    Мутолиа карданд: 2647

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед