logo

иқтисод

БЕҲДОШТИ ЗАМИН - БЕҲДОШТИ ЗИНДАГӢ

Дар Паёми навбатии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ  таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо  ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дастур доданд, ки дар самти азхудкунии заминҳои нав, барқарор намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ чораҷӯйӣ намоянд.
Агентӣ дар доираи «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2020» бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат ва Ҳукумат дар соли 2016 ба ҷойи 1000 дар амал  3165 гектар заминро барқарор намуда, ба истифодаи кишоварзӣ супурд. Аз ҷумла, аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обии водии Фарғона» дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ 115 гектар замин барқарор ва ба гардиши кишоварзӣ ворид шуд. Дар ин ноҳия боз аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ 27 гектар замин барои қитъаҳои наздиҳавлигӣ мавриди истифода қарор гирифт. Инчунин бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар мавзеи Сомғар - Мирзоработи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои бунёди боғи нав 1000 гектар  замини нав азхуд карда шудааст.
Аз ҳисоби Маркази татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» (марҳилаи 2-юм) дар ноҳияи Данғара 1750 гектар заминҳои нав ба кишт омода ва ба Комиссияи давлатӣ барои қабул пешниҳод гардидааст, ки баъди ба тавсиб расидани фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гардиши кишоварзӣ ворид мешаванд.
Дар маҷмӯъ соли 2016 аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ  2777 гектар замини нав азхуд шудааст, ки ин  дар  навбати  худ барои бунёди боғу токзорҳо, таъсисёбии ҷойҳои  нави  корӣ,  баланд  бардоштани сатҳи некуаҳволии  мардум ва таъмини  амнияти  озуқаворӣ  мусоидат  менамояд.
Тибқи «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» давоми солҳои 2016 - 2020 азхудсозии  2480 гектар замини нав пешбинӣ гардидааст. 
Агентӣ тасмим гирифтааст, ки  ҷавобан ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки муайянсозандаи роҳи мо дар соли 2017 мебошад, Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 - 2021 - ро таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Холмурод РАҲМОН,
директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2016    №: 255    Мутолиа карданд: 1877

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед