logo

иқтисод

"САМАР". ПЕШРАВӢ АЗ МАСЪУЛИЯТ АСТ

«Самар» яке аз хоҷагиҳои фаъоли ҷумҳурӣ мебошад, ки соли 2008 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор таъсис ёфта, асосан ба зотпарварӣ машғул аст. Ҳоло дар хоҷагӣ зиёда аз 300 сар гови сиёҳало  парвариш меёбад. Мутахассисони ветеринарӣ ҷиҳати саломатии чорво назорати доимӣ мебаранд. Ба ҳолати санитарӣ ва таъмини чорво бо хӯроки серғизо аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Ин буд, ки соли равон хоҷагӣ аз аввалинҳо шуда, нақшаҳои солонаи истеҳсоли маҳсулоти чорводориро пеш аз муҳлат иҷро намуд.
Ба гуфтаи сарвари хоҷагӣ Маҳмадалӣ Тӯхтаев, ки собиқаи 35 – солаи корӣ дар соҳаи агрономӣ дорад, то имрӯз хоҷагӣ аз ҳар модагов зиёда аз 4000 литр шири аълосифат дар як сол мегирад, ки зимистону тобистон равғаннокии он аз 4 % кам нест. Кормандони хоҷагӣ мувофиқи шартнома ба комбинати шири «Саодат» - и шаҳри Душанбе ҳар рӯз зиёда аз як тонна шири хушсифат месупоранд. Хоҷагӣ дорои техникаҳои махсуси ҷамъоварии хошок буда, осиёб ва сехи комбикорм низ мунтазам фаъолият доранд. Шароити кору истироҳати кормандони хоҷагӣ пайваста беҳтар мешавад. Ҳоло музди меҳнати говҷӯшон ва подабонон беш аз 1000 сомонӣ аст. Коргарон ҳамеша бо хӯроки  гарм ва сару либоси корӣ таъминанд.
Дар хоҷагӣ ба соҳаи боғпарварӣ, ки он аз самтҳои афзалиятнок ҳисобида мешавад ва дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми созгор дорад, аҳамияти хоса дода мешавад.
- «Самар бо муассисаҳои илмӣ алоқаи зич дорад. Ҷиҳати гирифтани ҳосили баланди ғалла аз маслиҳати олимону  мутахассисони соҳа истифода мебарем. Гирифтани ду ҳосил аз як замин ва аз ҳар ду кишт рӯёндани ҳосили баланд ҳадафи асосии кишоварзони хоҷагист, - мегӯяд сарвари хоҷагӣ.
Ба иттилои ӯ, то имрӯз дар заминҳои лалмии хоҷагӣ 2 гектар олу, 2 гектар зардолу, 4 гектар чормағз, 13 гектар гелос, 19 гектар себ ва 6 гектар ангури тоифӣ парвариш меёбад, ки ҳамасола ҳосили хуб медиҳанд. 
Айни ҳол дар хоҷагӣ корҳои нарм кардани бехи дарахтон, буридани шохчаҳои зиёдатӣ, пошидани доруҳои зидди зараррасонҳо ва кандани ҷӯю заҳбурҳо ҷараён доранд. Хоҷагӣ дар ободии деҳа, таъмири роҳҳо, кумак ба оилаҳои камбизоат, хонандагони бесарпаноҳ, мактаб ва амбулаторияи деҳот низ саҳми назаррас мегузорад. 
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2016    №: 255    Мутолиа карданд: 1807

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед