logo

фарҳанг

БА ДАСТАШ ДОРАД Ӯ ФОНУСИ БОВАР…

«Дар лаҳзаҳои суруд хонданам, дарду ҳузн ва ё шодиву зарофате, ки дар мусиқиву шеър ҷорист, ба вуҷуди ман ҳам ҷорӣ мешавад. Одаму оламро бо чашми дил мебинам, ва як замон таҳти таъсири мусиқиву шеър, нобиноии худро фаромӯш мекунам».
Бо чунин ҳарфҳои гарму пурмаъно оғоз шуд суҳбати мо бо сарояндаи хушхон Мавзуни Ғафурзод.

Ин навҷавон зодаи шаҳри Панҷакент буда, дар маркази омӯзишии нобиноёни шаҳри Ҳисор таълиму тарбия гирифтааст. Ҳоло дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсилашро идома дода истодааст.
Ӯ мегӯяд: «Замоне, ки месароям, эҳсос мекунам, ки  шунавандагони атроф мувофиқи табъу завқи худ бардошту кайфияте ҳосил мекунанд ва ман дар ана ҳамин лаҳзаҳои аҷиб бисёр мехостам, чашмонам бубинанд. Бубинад, ки садои созу наво ба дилу дидаҳо то чӣ ҳад муассир афтодааст. Бисёр мехоҳам бубинам, аммо...»
Мавзунро лаҳзае сукути ҳузнангез фаро гирифт ва афзуд: «Дареғи чашми нобино гуфтам, аммо шукри чашми бинои диламро низ гуфтаниям. Охир ман хушбахтона дар шумори нафароне нестам, ки бо вуҷуди бино будан, ба дунё назари бадбинона доранд. Қариб ҳар рӯз ба маҳфиле даъват мешавам, дар суҳбати инсонҳои поку наҷиб ва донишманд иштирок мекунам ва аз ҳар як маҳфил ва ё суҳбату ҳамоиш барои худ чизеро кашф менамоям.
Бино ба гуфтаи Фотима Яъқубова,  мудири шуъбаи махсуси Китобхонаи миллӣ, ки ба шахсони имконияташон маҳдуд хизмат мерасонад, Мавзун аз беҳтарин шогирдони ин муассиса аст. Дар маҳфилҳои «Равшандилон» ва «Ҳамешабаҳор»-и китобхона фаъолона ширкат меварзад.  Барои санъати мусиқӣ не, балки барои ҳамаи касбу ҳунар аввал меҳр, баъдан истеъдоду малака лозим аст. Меҳри бепоёни санъат дар дили Мавзун ҷӯш мезанад.
Инсон замоне ба камоли маънавӣ мерасад, ки ба кулли инсоният арҷ бигзорад ва дӯст дорад, хушбахтиву шӯрбахтии дигаронаро чун рӯзи неку бади худ бипазирад ва дилаш барои шодиву масрурии мардум тапидан гирад».
Бузургмеҳри БАҲОДУР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2016    №: 256-257    Мутолиа карданд: 2436

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед