logo

иқтисод

ШУҲРАТИ ХОСТ

Мавзеи Хост аз чор деҳа иборат буда, дар ноҳияи Рашт бо мардуми меҳмоннавозу меҳнатқаринаш шуҳрат дорад. Солҳои қаблӣ, ки фурӯшгоҳҳои маҳаллиро меваҳои хушку тари хориҷӣ пур карда буданд, ба онҳо танҳо себу нок, шафтолую зардолу ва гелосу олучаи ин мавзеъ рақобат менамуданд. Ҳанӯз ҳам себу нок ва картошкаи ин мавзеъ  харидори зиёд дорад.

Назрхоҷа Раҳимов, роҳбари хоҷагии деҳқонии ҷамоаваии «Хост», ба замин меҳри беандоза дорад. Меҳнатдӯстию ҳалолкорӣ ва ташаббускориҳояш баҳри ободии диёр ва дастгирии мардуми камбизоат обрӯю эътиборашро афзудааст.
Соли 1996 раиси вақти ноҳия Сайдулло Хайруллоев дар мавзеи Хост хоҷагии давлатӣ таъсис дод ва роҳбарии ин хоҷагии навбунёдро ба зиммаи Назрхоҷа Раҳимов гузошт. Нахуст коре, ки ӯ ба анҷом расонд, кабудизоркунии ду тарафи роҳ буд. Дар масофаи ҳашт километр панҷ  ҳазор ниҳоли боровар - зардолу, гелос ва олуча шинонд.
Баъди барқарории сулҳ дар кишвар низ шароит дар ноҳия вазнин буд. Собиқ раиси ноҳия равоншод Муҳаммадшариф Толибов Назрхоҷаро ба наздаш даъват кард.  Ба ӯ дастур дод, ки барои боз ҳам беҳтар шудани шароит дар хоҷагӣ байни мардум кор барад. Маҳз бо дастгирии раиси ноҳия роҳи мошингардро  сангфарш намуд. Хизмати неки дигари ӯ дар деҳаи Лангар бунёди неругоҳи барқи обии хурд аст, ки тавассути он деҳа бо рӯшноӣ таъмин гардид. Ҳамчунин дар масофаи 7 км  ба  деҳаҳои Хост хати оби нӯшокӣ кашид.
Фасли зимистон сокинони мавзеи Хост ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ мегарданд. Яке аз он набудани бунгоҳи тиббӣ ва ба маркази ноҳия бурдани беморон буд. Бо ибтикори  Назрхоҷа ба тариқи ҳашар бунгоҳи тиббӣ бунёд карда шуд. Барои сохтмони мактаб  ба назди раиси ноҳия омад. Сокинони маҳал дастаҷамъона ба бунёди таълимгоҳ шурӯъ намуданд.
Ҳоло Назрхоҷа Раҳимов дар майдони панҷ гектар боғ бунёд намудааст. Ниҳолҳои себу нок ва муруд дар  баландӣ  ҳосили фаровон  медиҳанд. 
Соли 2016  дар 5 гектар картошка кишт намуда, ҳосили дилхоҳ  ба даст овард.
- Заминро самаранок истифода мебарем, - мегӯяд  Назрхоҷа Раҳимов. - Дар байни дарахтони себу нок картошка кишт мекунем. Ҳамчунин  дар  боғот нигоҳдории оилаҳои занбӯри асалро ба роҳ монда, аз заҳрхимикатҳо низ хеле кам истифода мебарем. Аз кори деҳқонӣ баракат ёфтам. Дар ободии диёр саҳм гузоштанро барои худ шараф медонам.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2016    №: 256-257    Мутолиа карданд: 1898

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед