logo

иқтисод

СОҲИБКОРӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ

Аз ҷониби Фонди дастгирии соҳибкорӣ то аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ беш аз 120 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо шудаанд.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, маблағи муқарраршуда барои амалисозии 132 лоиҳаи гуногун, аз ҷумла дастгирии иқтидорҳои хурди истеҳсолӣ дар минтақаҳои кишвар, равона гаштааст.
Ёдрас месозем, ки фонди мазкур дар доираи амалисозии Барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020 бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна ва дастрасии соҳибкорон ба захираҳои қарзии имтиёзнок таъсис ёфт. То соли 2020 маблағи он бояд ба 1 миллиард сомонӣ расонда шавад.
Фаъолияти соҳибкорӣ дар беҳбудбахшии сатҳу сифати зандагии аҳолӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон соҳибкорон ба навовариҳои илму техника, тағйироти талабот ва вазъи бозори минтақавиву ҷаҳонӣ ба хубӣ мутобиқ шуда, дар ин замина ба роҳ мондани маҳсулоти рақобатпазири ватаниро таъмин менамоянд.
Бо дарки амиқи ҳамаи ин омилҳо Ҳукумати ҷумҳурӣ рушди соҳибкориро яке аз самтҳои афзалиятнок қарор додааст. Ин буд, ки солҳои охир дар ин самт як қатор беҳбудиҳо ҷараён гирифтанд. Ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон гузаронда шуд, яке аз ислоҳоти муҳим маҳсуб меёбад. Кам кардани шумораи иҷозатҳо аз 605 то 86 адад намунаи беназир буда, ба ақидаи коршиносони байналмилалӣ, нишондиҳандаи баланди муваффақ будани ислоҳот арзёбӣ гардидааст.
Ҷиҳати мусоидат ба пешрафти минбаъдаи соҳибкорӣ лоиҳаҳои тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ва қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба такмили низоми андозбандии субъектони ба коркарди сарватҳои зеризаминӣ машғулбуда ва соҳибкорони инфиродӣ таҳия гашта, барои баррасӣ ба вазорату идораҳои дахлдор фиристода шудаанд. Лоиҳаҳои санадҳои мазкур пешниҳодҳои беҳтарсозии маъмурикунонии андоз, сатҳу сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва соҳибкоронро ҳам пешбинӣ намудаанд.  Ғайр аз ин, дар гузориши Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба «Пешбурди соҳибкорӣ - 2017: имкониятҳои баробар барои ҳама» Тоҷикистон аз зинаи  130 ба 128 баромад. Ин ба шарофати содагардонии тартиби пардохти андоз муяссар гашт.
Мувофиқи иттилои сомонаи Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, пардохтҳои андозӣ аз 31 ба 29 номгӯй кам шуд. Мувофиқи моддаи 51 – и Кодекси андоз аз 1 июли соли 2015 низоми электронии пешниҳоди эъломияҳои андозӣ дар реҷаи он-лайн ва пардохти андозҳо тавассути «Амонатбонк» ҷорӣ гардид. Ин пеш аз ҳама ба кӯтоҳ кардани вақти пардохти андозҳо мусоидат намуд. Тибқи моддаи 252 Кодекси андоз аз 1 январи соли 2015, меъёри андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ба андозаи 50 фоиз паст карда, аз аввали соли 2017 пурра хориҷ мешавад. Илова бар ин, бо мақсади иҷрои дастурҳои Роҳбари давлат шумораи эъломияҳои андоз то 41 фоиз, шумораи ҳисоботҳои андозӣ то 86 фоиз ва шумораи умумии пардохтҳои андозӣ то 43 фоиз кам карда шуданд.
Тибқи таҳлилҳои мутахассисон, 90 дарсади субъектҳои хоҷагидор ба бахши хусусӣ рост меояд. Аз онҳо 13,8 дарсадро шахсони ҳуқуқӣ, 49,3 дарсадро соҳибкорони инфиродӣ ва 36,7 дарсадро хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил медиҳанд. Саноати кӯҳӣ, кимиё, сохтмон ва масолеҳи сохтмонӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ, кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, нақлиёт, иртиботу иттилоот, сайёҳӣ самтҳои самарабахши соҳибкорӣ дар мамлакат маҳсуб меёбанд. Ва барои пешбурди ин навъҳои соҳибкорӣ дар мамлакат имтиёзҳои гуногуни гумрукиву андозӣ пешбинӣ шудаанд ва минбаъд низ дар ин самт сабукиҳо ҷорӣ хоҳанд гашт.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2016    №: 256-257    Мутолиа карданд: 1962

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед