logo

иқтисод

СУҒД. СОЗАНДАГӢ ВУСЪАТ МЕЁБАД

Имрӯзҳо сохтмончиёни вилояти Суғд амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ сармашқи фаъолияти худ қарор дода, баҳри иҷрои рисолати пуршарафи хеш – ободониву бунёдкорӣ талош доранд. Дар оғози сол бинокорон дар деҳаи Хиштхонаи ноҳияи Ашт бинои мактаби замонавиро бунёд карданд. Мактаби нав аз 3 ошёна, 18 синфхона, се ҳуҷраи корӣ, толори варзиш бо 220 ҷойи нишаст ва китобхона иборат буда, дар он барои таҳсили 540 хонанда шароити арзанда фароҳам оварда шудааст.

Чунин як бинои таълимӣ дар деҳаи Андарвашти Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Мактаби мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 240 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Бино дорои 15 синфхона, аз ҷумла синфхонаи компютерӣ бо тахтаи электронӣ ва синфхонаи физикаю биология бо навтарин аёниятҳои таълимӣ муҷаҳҳаз мебошад. Соли 2016 барои сокинони вилоят бо назардошти дастовардҳои бузург хотирмон аст. Ин ҷо баробари мактабу марказҳои хизматрасонӣ, ҳамчунин як иншооти фарҳангии ду ошёна бо 800 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои хурди варзишӣ, толори маҷлис ва таҳхона ба истифода дода шуд. Бино бо санъати меъмории миллӣ сохта шуда, кори сохтмончиён аз ҷониби Сарвари давлат баҳои баланд гирифт. Ғайр аз ин, дар маркази шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби бинокорон хиёбони марказӣ ва боғи фарҳангию фароғатӣ навсозӣ гардида, он ба як мавзеи дилфиребу маҳали сайру гашти сокинону меҳмонони ноҳия табдил ёфт.
Чанд соли ахир дар вилояти Суғд дар фазои орому осудагии кишвар сохтмони шаҳракҳои наву замонавӣ вусъати тоза пайдо намуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди шаҳракҳои замонавии Сайҳун ва Баҳористон санги асос гузошта буданд. Ҳоло сокинон дар ин ҷо ба сохтмони манзилҳои истиқоматӣ машғуланд. Беш аз 1000 нафар одамони касбу кори гуногун барои бунёди манзили истиқоматӣ дар ин мавзеъ соҳиби қитъаи замин шуданд.
Дар масоҳати 330 гектар дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Суғдиён низ як шаҳраки наву замонавии Меҳробод бунёд мегардад, ки аз рӯйи нақша дар он бояд 18 километр дуртар аз маркази ноҳияи Мастчоҳ 220 манзили дуқабата ва 2500 манзили зисти якқабата сохта шавад. Бо заҳматҳои сохтмончиён дар шаҳрак аллакай беш аз 1,5 километр роҳ мумфарш гардида, хатҳои интиқоли барқ ва лӯлаҳои об кашида шуданд. Айни замон, дар шаҳракҳои нав корҳои ободонию созандагӣ бомаром ҷараён доранд.
ҶДММ «Суғдшаҳрофар» дар давоми ду - се соли охир аз ҷумлаи муваффақтарин дар соҳаи меъмориву лоиҳакашии вилоят ба ҳисоб рафта, ғолибияти  мутахассисонаш дар чандин озмуну музоядаҳо тақвиятбахши гуфтаҳои болоянд.
Муъминҷон Бобоев, сардори  корхона, аз он изҳори қаноатмандӣ менамояд, ки теъдоди муроҷиаткунандагон-муштариён барои таҳияи лоиҳаҳои иншооти гуногун дар вилоят сол то сол меафзояд. Танҳо дар 11 моҳи соли равон ба  маблағи 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ корҳои тарҳсозӣ анҷом дода шуд. Нақши меъморони «Суғдшаҳрофар» дар тарҳи иншооти ҷашнии Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Истиқлол» дар маркази шаҳри Хуҷанд, мактабҳои замонавӣ дар навоҳии Кӯҳистони Мастчоҳу Спитамен, биноҳои истиқоматӣ дар шаҳраки навбунёди Сайҳун, азнавсозии фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, хати оби нӯшидании Деҳмой-Хуҷанд, омодасозии лоиҳа бо фармоиши Бонки рушди Аврупо оид ба беҳтар кардани хати обу ташноби маркази вилоят ва биноҳои зиёди маъмурӣ хеле назаррас аст, - иброз дошт Муъминҷон Бобоев.
   - Соле, ки сипарӣ мешавад, воқеан ҳам бо файзу баракат буд, -  гуфт  Тоҳирҷон Қудратов, сардори идораи сохтмони асосии вилоят. -  То моҳи декабри соли равон аз ҷониби сохтмончиён ба маблағи зиёда аз 23,5 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ, бунёдкорӣ, таъмиру тармим анҷом дода шуданд, ки нишондиҳандаи баланд дар солҳои охир маҳсуб меёбад.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2016    №: 256-257    Мутолиа карданд: 1821

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед