фарҳанг
100 СОЛ ДАР ХИЗМАТ. ДАР БОРАИ КИТОБХОНАИ БА НОМИ ТОШХӮҶА АСИРӢ
Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ яке аз куҳантарин китобхонаҳои оммавӣ дар миқёси кишвар мебошад. Он наздики 100 сол аст, ки барои мардуми шаҳри Хуҷанд ва аҳолии вилояти Суғд хизмат менамояд.
Китобхона соли 1917 бар асоси қарори ҷаласаи Шӯрои вакилони аскарони Гарнизони Хуҷанд таъсис дода шуда, минбаъд доираи фаъолияташро аз ҳудуди гарнизони ҳарбӣ берун - дар шаҳру атрофи он ва дигар ноҳияҳо вусъат бахшид. Китобхона бори аввал худи ҳамон сол бо воридшавии 150 китоб аз шаҳри Тошканд ва 300 китоб аз шаҳри Петроград махзани китобияшро пурра кард.
Китобхона соли 1924 бо махзани дорои 3077 нусха китоб мақоми Китобхонаи марказии шаҳри Хуҷандро соҳиб шуда, соли 1927 бинобар ташкил ёфтани ҳавзаи Хуҷанд китобхонаи байниноҳиявӣ эълон гардид. Дар ин солҳо баробари ёрирасонӣ кори китобхонаҳои ноҳиявии Хуҷанд, Нов, Ашт, Конибодом ва Исфараро ба танзим медаровард. Ин китобхона дар таъсисёбии китобхонаҳои шаҳри Хуҷанд ҳамчун маркази методӣ ва ташкилдиҳӣ хизмат кардааст. Аз рӯйи маълумоти таърихӣ соли 1927 дар Хуҷанд 11 китобхонаи оммавӣ фаъолият мекард.
Китобдорон ба муносибати ҷашнҳои таърихӣ маҳфилҳои вохӯрӣ, суҳбат, муаррифии китоб, намоиши китоб, матбуоти даврӣ ва дигар чорабиниҳои соҳавиро доир мекунанд.
Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ, ки роҳи дуру дарози таърихии рушду инкишофро тай кардааст, дар остонаи ҷашни 100 - солагии таъсисёбӣ қарор дорад. Маъмурият, китобдорону китобшиносон, методистон барои ба таври шоиста таҷлил кардани он ҳаматарафа тайёрӣ мебинанд.
Сарвиноз ШОДМОНОВА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.12.2016 №: 256-257 Мутолиа карданд: 2900