logo

иқтисод

КИШТИ БАҲОРӢ ДАР ВАНҶУ ДАРВОЗ

Дар минтақаҳои қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ  баъди борону барфрезиҳои зиёд кишоварзон аз рӯзҳои бебориши арафаи соли нави 2017 истифода бурда, як қатор корҳои омодагӣ ба фасли баҳорро аллакай оғоз кардаанд. Онҳо аз ҳадяҳои табиати кӯҳистон - рӯзҳои офтобии зимистон самаранок истифода мебаранд.

Бино ба гуфтаи Содиқ Абдусамадов, сардори идораи кишоварзии ноҳияи Ванҷ,  аҳли заҳмати ин ноҳия то оғози  хунукиҳои шадид тавонистанд, ки  дар майдони бештар аз  340 гектар зироатҳои ғалладона кишт намоянд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  26 гектар зиёдтар мебошад. Ҳамчунин, бештар аз 760  гектар замин хушсифат шудгор шуд. Боғдорон ҳам баъди ҷамъоварии ҳосили фаровон таҷрибаи солҳои  гузаштаро идома дода, дар охирин рӯзҳои фасли тирамоҳ бештар аз  2 ҳазор бех ниҳол, асосан себу нок  ва зардолу шинонданд. Дар   хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродии ҷамоатҳои деҳоти Водхуд, Язгулом ва ба номи  Муҳаммадулло Абдуллоев кишт ва шудгори тирамоҳӣ пурра ба анҷом расидааст. Инчунин, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хусусии водии баландкӯҳи Ванҷи Боло низ то саросар барфпӯш гаштани ин минтақаи баландкӯҳ  қисми зиёди заминҳо хушсифат шудгор шудаанд.
Ҳамзамон сарвари идораи кишоварзӣ гуфт, ки аҳли деҳот тамоми фасли сол аз пайи иҷрои корҳои хоҷагӣ мебошанд. Дар қисматҳои поёнии ноҳия ба сари заминҳо садҳо тонна пору кашонда мешавад. Ба боғистонҳо, ки дар ноҳияи Ванҷ зиёда аз 820 гектарро ташкил медиҳанд, яхоб мемонанд. Кишоварзон  пешакӣ тухмии хушсифатро  омода кардаанд, механизаторон трактору плугҳо ва дигар техникаи кишткунандаро  таъмир, сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётиро захира карда, ба кишту кори баҳорӣ омодагӣ мегиранд.
    Тибқи иттилои Нурмуҳаммад Додов, сардори идораи кишоварзии ноҳияи Дарвоз, аз рӯи анъана фарорасии фасли баҳоронро аҳли деҳот интизорӣ намекашанд. Чунки ин минтақаи Бадахшон  табиати нарм ва гарм  дорад.  Аз ин ҷост, ки имрӯзҳо дар деҳоти қисматҳои поёнии ноҳия, ба истиснои 17 деҳаи ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сағирдашт, ки он ҷо фасли сармо 6 моҳ тӯл мекашад, кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои деҳоти Қалъаи Хумб, Нулванд ва Вишхарв    аз рӯзҳои бебориши арафаи соли нави 2017  истифода мебаранд ва роҳи  саҳроро дар рӯзҳои бебориш пеш мегиранд. 
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2016    №: 256-257    Мутолиа карданд: 1914

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед