logo

сиёсат

ПАЁМ. РОҲ БА СӮИ ҲАДАФҲОИ ОЛӢ

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ доир ба таҳкими самтҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимою  фарҳангии кишвар  беҳбудиҳои назаррас  дар пай хоҳад дошт. Масъалаҳои  мубрам - мусоидат ба инкишофу такомули ҳамаҷонибаи ҷавонон, рушди сайёҳии кишвар бо истифодаи имкониятҳо,  дастгирии соҳибкорӣ, тақвияти ҳамкориҳои  хориҷӣ дар чорчӯбаи барномаи  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор  2018 -2028» ва ғайра  ироа гардиданд.  Файзулло Баротзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Лахш,  Паёми нави Сарвари давлатро ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ  омили расидан ба ҳадафҳои олӣ арзёбӣ намуда, чунин изҳор дошт:
- Тоҷикистон, бо вуҷуди омилҳои берунии иқтисодӣ,  соли 2016 – ро бо натиҷаҳои баланд дар  бахшҳои муҳими ҳаёти ҷумҳурӣ ҷамъбаст намуд. Дар ин соли  маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 6,9 дарсад афзуда, ба  зиёда аз 54 миллиард сомонӣ расид. Даромади пулии аҳолӣ  беш аз 27  миллиард  сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 8,1 дарсад зиёд мебошад. Ин муваффақиятҳо аз амалишавии  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми моҳи январи соли равон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд. Паёми имсолаи  Сарвари давлат ислоҳоти  босамари бахшҳои гуногуни ҳаётро, ки  барои рушди дарозмуддати соҳаҳо заминаи устуворро фароҳам месозанд,  дар бар мегирад. Дар он  масъалаҳои муҳиме, ки болоравии сатҳи тараққиёти кишвар ба ҳалли онҳо вобаста аст, возеҳ ва борикбинона таъкид гардидаанд. Аз ҷумла, Президенти кишвар доир ба тақвияти рушди неруи зеҳнӣ ва мусоидат ба инкишофи ҳамаҷонибаи ҷавонон, ки аз зумраи роҳҳои асосии пешрафти давлатанд, дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 ташаббуси хирадмандона буда, ба  пешгирии  бархе аз шаҳрвандон аз гаравидан ба гурӯҳҳои тундраву террористӣ, баланд бардоштани малакаи касбии онҳо ва пайдо намудани мутахассисони варзидаю  боистеъдод такони ҷиддӣ мебахшад.  Гузашта аз ин, рушди  саноати кишвар бо назардошти тавлиди маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда, афзоиш додани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, беҳсозии фазои ҷалби сармоя, дастгирии соҳибкорон ва соҳибкасб  сохтани  шаҳрвандон аз нуктаҳои асосии  Паём мебошанд, ки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нигаронда шудаанд.  Президенти мамлакат таъкид карданд: «Таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад ва мо тамоми захираву имкониятҳоямонро барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар сохтаем». Бешубҳа,  амалишавии нуктаҳои Паём моро ба ҳадафҳои олӣ мерасонад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2016    №: 256-257    Мутолиа карданд: 1766

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед