logo

сиёсат

ОСОИШИ МИЛЛӢ ВА АМНИЯТИ ҶАМЪИЯТӢ. АНДЕШАҲО ПЕРОМУНИ МАҚОЛАИ С. ЯТИМОВ "РАВОНШИНОСИИ ҶАМЪИЯТӢ ВА АМНИЯТИ ҶАМЪИЯТӢ" (ДАР ДОИРАИ ШУУРИ МУҚАРРАРӢ)

Инсоният дар давраҳои тараққиёти ҷамъият ба дастовардҳои бузург ноил шуда, дар баробари ин, ба бохтҳои гӯшношуниде низ дучор омадааст, ки ҷубронаш солиёни дароз мушкилот тавлид месозанд. Ҳақ ба ҷониби Саймумин Ятимов аст, ки сабақ аз саҳифаҳои печ дар печи таърих гирифта, баён медорад: «Муборизаи миллат барои соҳибихтиёрӣ, ҳифзи марзу бум, таъмини рушди миллӣ дар рақобатҳои ниҳоят сангину нангини байни миллатҳо, ҷонфидоиву хиёнатҳо, бурду бохтҳо дар тӯли таърих аз омилҳои муҳимтарини шаклгирӣ, рушд ва ҳамчунон рукуди психологияи ҷамъиятӣ мебошад». Бинобар ин, бо донистани ин раванду тамоилҳо кор ба сомон намерасад.
Инсонҳоро зарур аст, ки аз таҷрибаи ҳаёти дирӯза ва имрӯза хулоса бароварда, ба манфиати ҷомеаи имрӯз ва оянда кору фаъолият намоянд. Дар воқеъ «…ҳама гуна рафтори ҷамъиятӣ, ҳатман субъекти тибқи мақсад амалкунандаро ба хотири ҳадафҳои муайян доро мебошад». Дар ин самт, моро зарур аст, зираку ҳушёр  бошем ва ҳар падидаро бо паҳлуҳояш, ҳар ҳодисаю ҳаракат ва рафтору кирдори ноҷоро сари вақт дуруст дарк намуда, ҳамон лаҳза хулосаи даркорӣ бароварда, таъсиррасон бошем.
Дар муассисаҳои таълимӣ курсҳо ва барномаҳои махсуси омӯзиширо оид ба муносибатҳои ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, амнияти ҷамъиятӣ бояд роҳандозӣ намоем. Зеро бо пешниҳоди  дурандешонаи муаллиф; «Омӯзиш ва ташхиси доимии психологияи ҷамъиятӣ, унсур ва равандҳои он, бо дарназардошти истифодаи омили мазкур дар самтгирии шуури  рӯзмарра, вобаста ба таъмини субот ва амният аз муҳимтарин самтҳои кор бо ҷомеа мебошад».
Ҳаводиси чанд соли охир дар як қатор мамолики дунё гувоҳи он аст, ки маҳз аз бетарафӣ, ба ҳисоб нагирифтани ақидаҳои солими ҷомеа, сари вақт вокуниш  нишон надодани  шаҳрвандон ба зуҳуроти номатлуб боиси аз байн рафтани як қатор давлату миллатҳо  гардидааст. Абарқудратҳо бо идеологияи «демократикунонӣ» ваҳдату истиқлолияти як қатор кишвару миллатҳоро ба нестӣ мебаранд. Мисоли онро инсоният ҳам дар Шарқу ҳам дар Аврупо дидааст. Тақдири талхи давлатҳои Либия, Сурия, Ироқ, Афғонистон, Украина ва чандин кишварҳои дигар  моро водор  месозад, ки  дуруст ва бошуурона  амал намуда,  оид ба  амнияти ҷамъиятӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, якпорчагии Ватани азиз, риояи қонунҳои амалкунанда  ва ҳифзи дастовардҳои  Тоҷикистони соҳибистиқлол  бо дилу нияти пок  заҳмат кашем. Ба хубӣ дарк намоем, ки ин Ватанро ба ҷуз худи мо дигар кас ободу шукуфон намегардонад. Мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия кунем, ба онҳо фаҳмонем, ки дар ташаккул ва инкишофи ҷомеа нақши шахс басо муҳим аст. Қаҳрамониҳои бемисли Шерак, Муқаннаъ, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик ва даҳҳо намояндагони миллати мо метавонанд барои ҷавонон идеал ва раҳнамову ифтихор бошанд.
Марҳалаи начандон тӯлонии таърихӣ собит сохт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз шахсиятҳои бузурги таърихи  халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, аз марзи шахсияти миллӣ берун шуда, ҳамчун шахсияти байналмилалӣ  шинохта шудааст. Тақозои замон аст, ки шоирону нависандагон, воситаҳои ахбори омма барои ҷавонон ва насли наврас идеал офаранд. Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин идеал ва симои барҷаста барои пайравӣ мебошад. «Дар  пайравӣ ба Пешвои миллат, ба ҳаёт, корнамоӣ, ҷонфидоӣ, натиҷаи амали таърихӣ ва зиндаи ӯ ҳис, дарк, фаҳм ва андешаи миллӣ, ки ҷавҳари онро амн ва рушди миллӣ ташкил мекунад, шакл мегирад. Наслҳо дар мисоли корномаи ӯ тарбия  мешаванд. Он сарчашма ва пояи аслии пайдоиши рӯҳи миллӣ мебошад», - таъкид медорад  С. Ятимов.
Нуктаи дигаре, ки перомуни он муаллиф бо дилсӯзӣ ҳарф задааст, ин осоиши миллӣ ва амнияти ҷамъиятӣ мебошад. С. Ятимов менависад: «Эҳсосоти гурӯҳи иҷтимоиро дар ҷараёни дарки воқеият ҳам дар дохил, минтақа ва ҳам берун аз он бо реалияти объективӣ  баробарвазн гуфтан наметавон. Шуури муқаррарӣ бояд ҷузъиёти аз доираи эҳсос фаротарро дарбар гирад. Эҳсоси воқеият, асос ва давоми мантиқии он андеша, фикрронӣ, арзёбӣ ва хулосабарории дурустро ҳамчун омили муҳим ва ҳатмии таъмини амнияти шахс ва ҷомеа эътироф кардан зарур аст».
Мутаассифона,  дар кишвари мо низ шахсоне ҳастанд, ки гумкардаи роҳи худанд ва аз худшиносию ифтихори миллӣ фарсахҳо дуранд. Чунин шахсон бо эҳсоси таҳмилгардида ба ҷуз «фикри» худ дигар чизеро шунидан ва ё дарк кардан намехоҳанд. Нисбат ба Ватан ва миллати худ амали душманона ва хиёнаткоронаро раво мебинанд. Ин раванд дар натиҷаи таблиғоти хоҷагони дохилӣ ва хориҷӣ  дар амалҳои ҷинояткоронаи онҳо  дар шакли экстремистӣ ва террористӣ шакл мегирад. Баъзе аз ҷӯяндагони «роҳи ҳақ» хушбахтиро дар куштори бародарони мусулмон, тифлони бегуноҳ ва ба ин васила пур кардани ҷайби худ мебинанд. Ин кирдору рафтор, пеш аз ҳама, хиёнат ба Ватан, хиёнат ба миллату сарзамини аҷдодист. Муаллиф бо дарки амиқи ҳамин масъала менависад: «...хиёнат сангинтарин ҷиноят, амали комилан беоқибат, мунҷар ба лаънаткардаи миллат аст».
Сафаралӣ СОБИРОВ,
мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2016    №: 256-257    Мутолиа карданд: 1756

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед