logo

сиёсат

ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. ДАР ТОҶИКИСТОН ЗАМИНАИ ОН ГУЗОШТА ШУДААСТ

Ҳукумати электронӣ усули пешниҳоди  иттилоот ва расондани маҷмӯи хизматҳои ташкилшудаи давлатӣ ба шаҳрвандон дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ мебошад, ки дар ҷараёни он муомилоти бевоситаи аризадиҳанда ва намояндаи давлат як андоза коҳиш дода шуда, истифода аз васоити технологияи иттилоотӣ васеъ ба роҳ монда мешавад. Ташкили ҳукумати электронӣ бунёди низоми муайяни умумидавлатии идораи ҷамъиятиро пешбинӣ менамояд, ки ҳалли маҷмӯи вазифаҳои вобаста ба идораи аснод ва ҷараёни коркарди онҳоро дар бар мегирад.
Ин система ба баланд бардоштани самаранокии идораи давлатӣ ва коҳиши хароҷоти иҷтимоию коммуникатсионии аҳолии кишвар мусоидат менамояд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардида, назири Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3 декабри соли 2004, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» ба рушди ҳукумати электронӣ равона гардидаанд. Таваҷҷуҳ ба якчанд истилоҳот, ки дар раванди дарки ҳукумати электронӣ истифода мешаванд, кори шаҳрвандро осон мегардонад. Масалан, сайт, вебсайт, торнамо ва ё сомона ҳама ифодакунандаи як мафҳуманду таҳти суроғае, ба мисли http://www.did.tj/ қарор дошта метавонанд. Сомонаи мазкур ба Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  тааллуқ дорад. Портал ё “Даромадгоҳи асосӣ”. Мисолаш барномаи ҷустуҷӯии маъруфи Гугл - http://www.google.com/ буда метавонад.
Ҳукумати электронӣ дастрасии хизматрасониҳои давлатӣ ба тамоми субъектҳои он (сохтори давлатию хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ) мутобиқи принсипи “ҳар замон” ва “аз ҳар макон” мебошад. Иродаи сиёсии мунтазам такмилёбанда, бозсозӣ ва ё такмили раванди фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ҷараёни татбиқ, тавонмандии кадрӣ, ҳамкории ҷонибҳои ҳавасманд (шаҳрванд, сохтори хусусӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ) омилҳои таҳрикдиҳандаи ин система ба шумор мераванд.
Имрӯз бештари хизматрасониҳои электронии хусусӣ, ба монанди харидани чиптаи электронӣ, пардохтҳои гуногун тавассути терминалҳои бонкӣ, мобилӣ, интиқоли пулӣ, эълонҳои электронӣ, хариду фурӯши мавод тавассути шабакаҳои электронӣ ба як чизи муқаррарӣ табдил ёфтааст. Ва, хушбахтона, бештари муштариёни бозори интернету алоқаи мобилии кишвар ба хубӣ аз ин хизматрасониҳо огоҳ ҳастанду аз онҳо бархӯрдоранд. Ҳоло шаҳрвандон метавонанд аз дилхоҳ гӯшаи кишвар нома, арзу шикоят ва дархости худро нисбат ба хизматрасониҳои гуногуни ҷамъиятию давлатӣ ба сомона ва суроғаҳои электронии мақомоти дахлдор бифиристанд ва ҷавоби худро бигиранд. Дастрасӣ ба чунин хизматрасонӣ дар сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон http://www.president.tj ба таври мукаммал ба роҳ монда шудааст.
Дастрасӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ дар сомонаи www.mometavonem.tj дар шаҳри Душанбе низ нишонаи ҳукумати электронист. Хизматрасониҳои хоҷагии коммуналии пойтахт тавассути ин лоиҳа ба роҳ монда шуда, имкон медиҳад, ки сокинони пойтахт дар беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ шарики мақомоти давлатӣ бошанд.
Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бешубҳа, дар рушди фазои иттилоотии кишвар, бахусус ташаккул ва рушди фарҳанги иттилоотӣ дар даврони рақамӣ саҳмгузор мебошад. Санади мазкур аз ҳадафу афзалиятҳои миллӣ иборат мебошад. Аз ҷумла таҳким бахшидани пойдории иҷтимоиву сиёсӣ ва расидан ба рушди иқтисоду беҳдошти иҷтимоии мардуми Тоҷикистон дар фазое, ки ба волоияти принсипҳои иқтисод, озодӣ, шарафи инсон ва таъмини имконоти баробар барои ҳар як шахс баҳри татбиқи тавонмандиаш асос ёфтааст, муҳити технологиро фароҳам меорад. Зеро ислоҳоти идоракунии давлатӣ бо назардошти ташаккул додани низоми рушди миллӣ дар кишвар ва электронӣ кардани коргузориҳо омилҳои асосии шаффофият, масъулиятшиносӣ ва мубориза бо коррупсия мебошанд.
Бо назардошти воқеияти кунунии кишвар, бахусус дастовардҳои технологии бозори мобилии ватанӣ ва такя ба қонеъ гардондани ниёзи шаҳрвандон, бавижа шаҳрвандони хориҷӣ тавассути хизматрасониҳои электронӣ, инкишофи босуръату бобарори ҳукумати электронӣ имконпазир аст. Ҳамин тавр, ҳамкории ҷонибҳо (Ҳукумат ва шаҳрванд) Тоҷикистонро дар самти бунёди ҳукумати электронӣ таҳрик бахшида,  ба як кишвари транзитии коммуникатсионӣ мубаддал хоҳад кард.
Силмон МАВЛОНАЗАРОВ,
устоди Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2016    №: 256-257    Мутолиа карданд: 1835

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед