logo

сиёсат

БА ХОТИРИ САОДАТИ САЙЁРА. АЗ ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ба шарофати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо тайи даврони соҳибистиқлолӣ ба мақоми шоиста дар низоми навини муносибатҳои байналмилалӣ даст ёфта, ба ҳайси узви фаъол ва созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуд. 
Таҳкими мавқеи давлати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ яке аз ҳадафҳои сиёсати хориҷии мамлакат маънидод гардида, кишвари мо дар як муддати кӯтоҳ ба сатҳи сифатан нави равобит ва ҳамкории созанда бо давлатҳои пешрафта ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ворид гардид. Ҳанӯз 2 марти соли 1992 Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии иҷлосияи 46 - уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба узвияти ин созмони бонуфуз пазируфта шуда буд ва имрӯз узви зиёда аз 80 созмони минтақаӣ ва байналмилалӣ мебошад. Кишвари мо бо 128 давлати ҷаҳон дар асоси принсипҳои ҳуқуқӣ байналмилалӣ муносибатҳои дипломатӣ барқаррор намуда, дар ҳалли мушкилоти глобалии сайёра ташаббусҳои созандаро пешниҳод ва амалӣ месозад.
Ташаббусҳои созандаи Сарвари давлати тоҷикон, ки ба ҳалли  мушкилоти глобалии сайёра, аз ҷумла дар масъалаи об, равона гардидаанд, қобили дастгирии ҷомеаи ҷаҳон мебошанд ва кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Тоҷикистон яке аз давлатҳое мебошад, ки дар он захираҳои калони об мавҷуд буда, дар кӯҳҳои осмонбӯсаш, ки ганҷинаи табиии оби тоза маҳсуб меёбанд, захираи пиряхҳо низ зиёданд, ки онҳо яке аз афзалиятҳои миллӣ маҳсуб меёбанд ва давлати мо ҳамеша ҷонибдори истифодаи самарноки онҳо мебошад.
Бо назардошти проблемаи глобалӣ будани масъалаи оби нӯшиданӣ дар Паёми қаблии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ аз 20 январи соли 2016, зикр гардида буд, ки Тоҷикистон чун кишвари дорои захираҳои фаровони об ҷонибдори истифодаи одилонаву оқилонаи ин захираҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад ва татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт медонад.
Боиси ифтихор аст, ки дар ин соли таърихӣ, яъне таҷлили 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ пайдо намуда, 21 декабри соли равон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор”, солҳои 2018 -2028 - ро  қабул кард. Ин омил, боз як нишонаи муҳими он аст, ки ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва минтақавии ҷаҳони имрӯза оид ба об яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати мо арзёбӣ гардида, ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ба хотири саодати тамоми сокинони сайёра ва дастрасии онҳо ба оби тозаи нӯшиданӣ равона гардидаанд.
Даврон ҲОШИМЗОДА,
судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2016    №: 256-257    Мутолиа карданд: 1928

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед