logo

сиёсат

ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМА ЭЪТИБОРИ ТОҶИКИСТОНРО ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БОЛО БУРД

Маълум аст,  ки истиқлолияти  сиёсии  кишвар тамоми ҷанбаҳои   ҳаёти ҷамъиятиро дар бар гирифта, асоси рушду пешрафти Тоҷикистони азизро таъмин менамояд. Дар ин росто, масъалаи об муҳимтарин сарчашмаи  ҳаёт  ва  соҳаи  заминавии ташаккулёбии саноат, иҷтимоиёт, пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва некуаҳволии мардуми кишвар ба шумор меравад. Махсусан дар ҷаҳони имрӯз, новобаста аз мушкилоти гуногуни муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои дастаҷамъонаи кишварҳои олам барои дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои хусусияти умумибашаридошта равшан ба назар мерасад. Яке аз ниҳодҳои олие, ки дар замони муосир чунин ҳамкориҳоро ба роҳ меандозад, ин Созмони Милали Муттаҳид ба шумор меравад, ки дар доираи фаъолияти густурдаи он бо ҷалби амалҳои созандаю хайрхоҳонаи давлатҳои аъзо таваҷҷуҳ ба ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои  умумибашарӣ пайваста зоҳир мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки ифтихори ҳар як сокини ин диёри куҳанбунёди мо аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба сифати аъзои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ аз соли 1992 инҷониб бо мурури дастрасӣ ба сулҳу суботи устувор таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба тавонист бо таҳия ва пешниҳодҳои муҳим дар мавриди ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои  умумибашарӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Ин иқдомҳои шоиста Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пеши назари оламиён ҳамчун кишвари  ташаббускор ва пайваста таваҷҷуҳи хосдошта  дар ҳалли мушкилоти  сайёра  намудор сохтанд.
Боиси фараҳмандист, ки имсол низ ҷаласаи 71-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қатъномаи худ оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-ро барои солҳои 2018-2028  қабул намуд, ки ба ҷонибдории он 177 давлати аъзои ин созмон райъ  доданд. Дар лоиҳаи Қатъномаи мазкур ташаббускории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди Соли байналмилалии “Оби тоза” эълон шудани соли 2003, Даҳсолаи байналмилалии  амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон шудани солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон шудани соли 2013 махсус таъкид гардидааст.
Ин гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон бо маҳорати хеле қобили таваҷҷуҳ  дар мавриди татбиқи манфиатҳои миллӣ дар сатҳи ҳамкориҳои байналмилалӣ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад. Мисоли инро мо метавонем дар татбиқи  барномаҳои зикрёфта   мушоҳида  намоем, ки аз татбиқи онҳо на танҳо Тоҷикистон, балки дигар  мамлакатҳои дуру наздик метавонанд  манфиатдор бошанд.
Мубрамияти қабули Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028-ро СММ дар он нигарониҳои умумибашарие асоснок менамояд, ки барои ҳамаи кишварҳои олам дахл доранд. Аз ҷумла дар Қатънома зикр шудааст, ки «афзоиши аҳолию раванди шаҳрнишинӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйири иқлим, инчунин набудани имконот барои таъмини истифодаи мақсадноки об ва дар оянда авҷ гирифтани мушкилоти марбут ба набудани дастрасӣ ба оби нӯшидании бехатар, хизматрасонии асосӣ дар соҳаи беҳдошт ва малакаҳои қавии тозагӣ, нобаробарӣ ба дастрасӣ, офатҳои гидрологӣ ва норасоии об оварда мерасонад».
Дар баробари ин, «хоҷагидории бесамар, таҳияи бемақсад, афзоиши номуайяниҳо ва хатарҳое, ки бар асари тағйирёбии иқлим ва дигар омилҳо ба амал меоянд, бисёре аз низомҳои экологиро (экосистемаҳоро) зери хатар қарор медиҳанд». 
Ҳамин тариқ, Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 - 2028, ки Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул  намудааст, ташаббус ва иқдоми  бузурги башардӯстонае ба шумор меравад, ки дар амал тадбиқ намудани он ба ҳаёти миллиардҳо сокинони сайёра беҳбудӣ ва хушбахтӣ меорад ва эътибори Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускори ин иқдом боло мебарад.
Раёсати Академияи
илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2016    №: 256-257    Мутолиа карданд: 2113

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед