logo

фарҳанг

ПАЁМ. ТАКОНИ ҶИДДӢ БА РУШДИ МИНБАЪДАИ ИЛМ

Дар Паёми навини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар масъалаи  рушди минбаъдаи илми ватанӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ва нақши калидӣ доштани он дар рушди устувори ҷомеа таъкид гардид. Дар баробари ин,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз норасоиҳои мавҷуда дар соҳа, аз ҷумла кам будани ихтироъкорию навоварӣ, самаранок истифода нашудани маблағҳои ба соҳаи илм ҷудошуда, ба талаботи замон  ҷавобгӯй набудани рушди илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникӣ,  кам татбиқ шудани натиҷаҳои илмӣ ва технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолоти ватанӣ, ҳамчунин ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ, хусусан дар самти навоварӣ, изҳори нигаронӣ намуданд.
Вобаста ба ҳалли масъалаи истифодаи самарабахши  маблағҳои буҷетӣ  дар соҳаи илм ва тақсими он ба муассисаҳои илмию таҳқиқотии ҷумҳурӣ  супориш дода шуд, ки    Академияи илмҳо якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба механизми нави маблағгузорӣ  дар соҳаи илм ва мавзӯъҳои илмию таҳқиқотии фармоишӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод манзур намоянд.  Айни замон Академияи илмҳо тасмим гирифтааст, ки ин мавзӯъҳоро  мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода, онҳоро минбаъд ба самтҳои барои иқтисодиёти кишвар муҳим равона намояд.
Яке аз вазифаи асосие, ки Сарвари давлат дар назди олимони кишвар гузоштанд, дар истеҳсолот татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ мебошад. Бо мақсади  мустаҳкам намудани ҳамгироии илм бо истеҳсолот  ва дар истеҳсолоти ватанӣ татбиқ намудани коркардҳои олимон дастур дода шуд, ки дар сохтори Академияи илмҳо Маркази татбиқи технологияҳои инноватсионӣ таъсис дода шавад. Ҷиҳати иҷрои ин дастур Академияи илмҳо айни замон  гурӯҳи корӣ таъсис дода, мақсаду вазифаҳои марказ ва муайян намудани роҳҳои ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдорро  ҷиҳати дар истеҳсолот татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ ва технологияҳои инноватсионии олимони ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш қарор додааст.
Ҷалби ҳарчи бештари  мутахассисони ҷавон ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ба илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ ва омода кардани олимон дар ин соҳа низ дар Паёми Пешвои миллат аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ гардид.  Академияи илмҳо кӯшиш менамояд, ки соли 2017 тавассути қабули ҷавонон ба магистратура ва аспирантура, инчунин қабули наврасон ба Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ба муассисаҳои илмию таҳқиқотии илмҳои дақиқу техникӣ  бештар ҷалб намояд. Бо мақсади баланд бардоштани тафаккури илмию техникии наврасон ва ҷавонон, ҳамчунин дарёфти ҷавонони боистеъдод  дар соҳаи илмҳои дақиқ ва техникиву технологӣ академия нақша дорад, ки бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҳамасола озмуни ихтироъкорони ҷавонро доир карда, бо ин роҳ ҷавононро ба корҳои навоварӣ ҷалб намояд.
Олимони Академияи илмҳо кӯшиш мекунанд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа доштанд, сари вақт иҷро намоянд. Онҳо саъй мекунанд, ки  натиҷаҳои илмӣ ва технологияҳои инноватсионии коркардшударо дар истеҳсолоти ватанӣ самаранок татбиқ намуда, барои пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда гузоранд ва 20 - умин солгарди Ваҳдати миллиро бо дастовардҳои нави илмӣ истиқбол гиранд.
Фарҳод РАҲИМӢ,
президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2016    №: 256-257    Мутолиа карданд: 2601

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед