logo

порлумон

ТОҶИКИСТОН БА МАМЛАКАТИ ИНДУСТРИАЛӢ - АГРАРӢ ТАБДИЛ МЕЁБАД

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар ин саноатикунонии мамлакат мебошад, яъне аз кишвари аграрӣ - саноатӣ ба кишвари индустриалӣ - аграрӣ табдил додани Тоҷикистон аст.  Ҳамаи мо шоҳиди ҳол ҳастем, ки ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ, неругоҳҳои барқи обӣ бо нақшаи стратегии Пешвои миллат зина ба зина амалӣ шуда истодааст ва он рӯз дур нест, ки Тоҷикистони азизи мо пурра ба мамлакати индустриалӣ - аграрӣ табдил меёбад.

Ин матлабро Акрамшо Фелалиев, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, зимни баррасии «Иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012  - 2020» ва ҳисоботи ташаббуси шаффофият дар соҳаи истихроҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар ҷаласаи муҳокимаи ошкорои парлумонӣ ироа дошт. Зикр гардид, ки ҷиҳати рушди соҳаҳои саноат дар заминаи истифодаи захираҳои маъдани маҳаллӣ оид ба корҳои ҷустуҷӯию иктишофии сарватҳои зеризаминӣ барномаи мазкур таҳия гардидааст.  Дар ин самт Саридораи геология сиёсати давлатиро дар идора ва танзими омӯзиши геологияи қаъри замин, истифодаи самаранок ва аз нав барқароркунии захираҳои ашёи минералиро татбиқ намуда, фонди давлатии иттилоотии геологӣ оид ба қаъри замини Тоҷикистонро пеш мебарад.
Садриддин Шарифов,  раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, иброз дошт, ки айни замон дар зери замини кишвар беш аз 600 кон ва 800 зуҳуроти канданиҳои фоиданок кашф ва омӯхта  шудаанд. Ин конҳо ангишт, сурб, руҳ, мис, висмут, сурма, симоб ва дигар металлҳои асил буда, зиёда аз 50 намудро ташкил медиҳанд. Ҳадафи асосоии «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012  - 2020»  афзун гардондани заминаи ашёи минералӣ ҷиҳати мунтазам фаъолият намудани корхонаҳои амалкунанда, бунёдшаванда ва банақшагирифташуда буда, ба таъмини талаботи саноати кишвар ба захираҳои ашёи минералӣ ва кам кардани вобастагии иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз воридоти ашёи маъданӣ вобастагӣ дорад. Омӯзиши кон ва зуҳуроти тилло метавонад ҷумҳуриро ба кишвари дорои захираҳои бойи тиллодошта табдил диҳад. 
Дар муҳокимаи парлумонӣ зикр шуд, ки яке аз маъданҳои асосӣ ҷиҳати истеҳсоли гилхок, ки барои ширкати «ТАЛКО» зарур аст, ин боксит буда, захирааш дар ҷаҳон кам шуда истодааст. Боксити баландсифат асосан дар кишварҳои Австралия, Гвинея, Бразилия (71,2 дарсад  истихроҷи боксит дар ҷаҳон) ва Ямайка, Суринам, Гайана (15,5 дарсад)  истеҳсол мешавад, ки ворид намудани он ба ҷумҳурӣ кори осон нест. Аз ин рӯ, тақозои замон аст, ки дар Тоҷикистон маъдани хокаи алюминийдор омӯзиш, кашф ва мавриди истифода қарор дода шавад. Дар ин росто, ҷустуҷӯи ашёи дорои алюминий дар се минтақаи алоҳида - Бодомдара, Зонг ва Курговати  (Дарвоз)  Помири Ғарбӣ  гузаронда шуд. Аз ин минтақаи Курговат ояндадор арзёбӣ мегардад. Солҳои 2012 - 2013 тадқиқоти озмоишӣ бо мақсади ҳосил кардани алюминий аз маъданҳои кони Курговат дар озмоишгоҳи марказии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронда шуд, ки дар натиҷа аз ин маъданҳо окиси алюминий ба даст омада, схемаи ҷудокунии алюминий коркард гашт.
Мунаввари САФАР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2016    №: 256-257    Мутолиа карданд: 6899

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед