logo

иҷтимоиёт

МЕҲАНПАРАСТӢ ҶАВОНМАРДИСТ

Боиси хурсандист, ки солҳои охир дар тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон корҳои созандагию бунёдкорӣ  босуръат идома доранд.  Махсусан, таваҷҷуҳи соҳибкорони маҳаллӣ ба ободонии деҳаҳои дурдаст зиёд гардидааст. Ин амалҳои хайрхоҳонаро  онҳо барои худ  ҳамчун як соҳибватан вазифаи муқаддас ҳисоб намуда, яке аз пайи дигаре барои ободии диёр камари ҳимат баста истодаанд.
Деҳаи Дараи Сови ноҳияи Ховалинг низ маҳз бо дастгирии бевоситаи соҳибкорони маҳаллӣ солҳои охир хеле ободу зебо гардида истодааст. 
Чандин сол боз фарзандони деҳа беш аз 10 километр роҳро  тай карда, ба мактабҳои  деҳоти ҳамсоя мерафтанд. Хусусан рафту омад дар зимистон ба мактаббачаҳои хурдсол  хеле душвор буд. Соҳибкор Самад Зайфуллоев бо як гурӯҳ соҳибкорони фаъоли дигар дар ин деҳа мактаби замонавиеро бо тамоми шароитҳояш сохта ба истифода доданд. Мактаб, ки бо харҷи 50 ҳазор сомонӣ сохта шудааст, аз чор синфхона иборат мебошад. Ҳоло дар он даҳҳо нафар хонанда ба таълим ва тарбия фаро гирифта шудаанд.
Амалҳои хайри ин марди саховатпеша воқеан ҳам шоистаи таҳсин мебошанд. Ӯ аз ҳисоби пасандозҳои худаш дар деҳа боз як  бунгоҳи тиббӣ низ сохта, мавриди истифода қарор додааст. Бунгоҳ аз 5 ҳуҷра иборат аст. Барои сохтмони он 68 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст. Алҳол мардуми деҳа аз фаъолияти он қаноатманд буда, барои гирифтани ёрии аввалияи тиббӣ дигар сарсону саргардон шуда ба дигар деҳаҳо ва маркази ноҳия намераванд.
Лола РИЗОЕВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2016    №: 258    Мутолиа карданд: 2623

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед