logo

иқтисод

САНГВОР. 2016 СОЛИ БОБАРОР БУД

- 2016 - ро барои ноҳияи Сангвор соли барори соҳаи кишоварзӣ метавон арзёбӣ намуд. Ба шарофати таҷлили Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва файзи қадами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба ноҳияҳои водии Рашт тамоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, бахусус соҳаи кишоварзӣ, босуръат рушд ёфт, - гуфт Нурмуҳаммад Хушвақтов, сардори раёсати кишоварзии ноҳия.

Бино ба иттилои ӯ, дар натиҷаи заҳмати меҳнаткашони ноҳия ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 129,1 миллион сомонӣ баробар гардид. Кишоварзӣ дар рушди иқтисодиёти ноҳия нақши муҳим мебозад. Маҷмӯи маҳсулоти ин бахш дар соҳаи рустанипарварӣ 36,9 миллион сомонӣ ва дар соҳаи чорвопарварӣ 36,9 миллион сомонӣ афзуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 миллиону 900 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
   Кишоварзон аз ҳисоби зиёд кардани заминҳои бекорхобидаи талу теппаҳо дар майдони 2435 гектар кишт гузаронда, 28,7 гектар боғи нав бунёд намуданд.  
Бо мақсади пурраву оқилона ва самаранок истифода бурдани замин, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.04.2012, № 162 аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, фонди захиравии ноҳия ба масоҳати 170 гектар замин ҷудо гардида, аз ин ҳисоб дар маҷмӯъ ба 391 оилаи эҳтиёҷманд 60,7 гектар замин барои сохтмони манзили зист ҷудо карда дода шуд.
Дар хоҷагии ҷангали ноҳия дар майдони 23 гектар ба миқдори 2 ҳазору 300 бех ниҳоли мевадиҳанда ва сояафкан шинонда, 7 гектар боғи куҳнаро барқарор намуданд. Ҳамчунин, хоҷагии мазкур 35 тонна хошок ва 300 килограмм гиёҳҳои доруворӣ ҷамъоварӣ ва 360 метри мукааб ҳезум тайёр намудааст. Дар хоҷагӣ дар маҷмӯъ дар майдони 65 гектар зиёда аз 21 ҳазору 830 бех дарахтони мевадиҳанда, ороишӣ ва сояафкан шинондаанд. Ҳолати сабзиши ниҳолҳо ба 85 дарсад баробар аст.   Дар назди муассиса хоҷагии ёрирасон амал намуда, дар он 12 сар асп, 493 сар моли майда ва 120 оилаи занбӯри асал парвариш меёбад.
Филиали Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия низ дар ихтиёраш 306 ҳазору 613 гектар замин дошта, ҷиҳати аз сӯхтор эмин нигоҳ доштани ҷангалзор, пешгирии нестшавии ҳайвонҳои нодир ва риояи реҷаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар байни аҳолии ин минтақа вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондааст.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2016    №: 258    Мутолиа карданд: 1800

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед