logo

иҷтимоиёт

ФАРХОР. АЗ ҲОЛИ ХАРОБИ КОМПЛЕКСИ ФАРҲАНГИЮ ВАРЗИШӢ, КИ ҚУРБОНИ БЕМАСЪУЛИЯТИИ МАСЪУЛОН ШУД

Қаблан Комплекси варзишию фарҳангии Ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор фаъолияти чашмрас дошту овозаи санъаткору варзишгаронаш дар қаламрави давлатҳои шӯравӣ паҳн шуда буд. Айни ҳол ин клуби варзишию фарҳангӣ аз меҳвари таваҷҷуҳ дур монда, ба ёди масъулон намерасад.

6 марти соли 2008 аз тарафи собиқ раиси Ҷамоати деҳоти Ватан  бинои клуби Иттиҳодияи иҷоракорони ба номи Ленин ба тавозуни хоҷагии деҳқонии «Шаҳртеппа», ки роҳбарии онро Чорӣ Одинаев ба уҳда дошт, гузаронда шуд.
Дар асоси шартномаи қарзӣ аз 7 марти соли 2008 хоҷагии деҳқонии “Шаҳртеппа” аз ҶСП “ҶК Кафолат”, ки ҳоло  ҶСП «Кафолатбонк» ном дорад, барои парвариши пахта ба маблағи 107 733 (яксаду ҳафт ҳазору ҳафсаду сиву се) доллари  ИМА қарз мегирад. Ба хотири таъмини уҳдадории хоҷагии деҳқонии “Шаҳртеппа” бо ризогии собиқ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Шариф Ғаффоров бинои клуби деҳаи Сафармадро ба гарав гузоштанд. Аммо хоҷагии деҳқонии номбурда уҳдадориҳои худро дар назди бонк иҷро накард. Дар муддати ду сол, яъне то соли 2010 қарзи умумии хоҷагӣ ба 136 852 доллари ИМА расид. Бинобар ин, бонк маҷбур шуд, ки оид ба рӯёндани маблағи қарз ба суди иқтисодии вилояти Хатлон муроҷиат намояд. Ҳамин тавр, соли 2010 дар асоси қарори суди иқтисодии вилояти Хатлон комплекс бинобар пардохт нагардидани қарз пурра ба тавозуни ҶСП «Кафолатбонк» гузаронда шуд.
Агар ҳолати феълии комплекси варзишию фарҳангиро инъикос намоем, шояд бархе бовар накунанд. Ҳангоми ба бино ворид шудан макони торику ифлос ва харобазор ба назар расида, ба дили кас ваҳм меангезад. Чакидани бом девору фаршашро валангор карда, тамоми утоқҳои корӣ хароб шудаанд. Таъмиру таҷдиди бино имкон дорад, зеро деворҳои бино аз хишти пухта бунёд шудаанд ва мустаҳкаму боқувват мебошанд. Дар муддате, ки бино беназорат мондааст, бархе аз мардуми атроф тахтаву бомпӯшҳои онро канда бурда истодаанд.  
Дар солҳои аввали фаъолияташ комплекси варзишию фарҳангӣ 30 воҳиди корӣ дошт. Намудҳои фаъолияти онро ансамбли тарона ва рақс, дастаи ҳаваскорони ҷамоат, мактаби рассомӣ, сексияҳои футбол,  гӯштин, бокс, шоҳмот, волейбол ва тенниси рӯи миз ташкил мекарданд.
Толори васеи консертию намоишии бино, ки 450 ҷойи нишастро дар бар мегирифт, тамоман хароб гаштааст. Саҳнае, ки садҳо ҳунарманд ва варзишгарро парваридаву ба зинаҳои баланд баровардааст, аз сабаби бетаваҷҷуҳиву хунукназарии масъулон ба вайрона табдил ёфтааст.
Қурбонбой Каримзода, муовини аввали раиси вилояти Хатлон, ки аз соли 2010 то соли 2013 раиси ноҳияи Фархор буд, мегӯяд: “Дар ҳалли ин масъала мо чандин бор бо мардуми фарҳангдӯсту меҳнатқарини  ҷамоат кӯшиш ба харҷ додем, ки маҷмааи фарҳангию варзиширо дубора аз тавозуни бонк бозпас гирифта, таъмиру тармим намоем ва ба истифодаи васеи мардуми ҷамоат супорем. Мехостем онро харидорӣ намуда, бинои ҷамоатро, ки дар ҳолати бисёр бад қарор дошт, ба он ҷо кӯчонем. Вале аз ҳисоби кам будани маблағҳои буҷетӣ ин корро карда натавонистем”.
Доир ба ин масъала андешаҳои роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Бурихон Абдураҳмонзодаро  шунидем: “Аз ин кор то ҳол хабар надорам. Акнун аз шумо фаҳмидам, ки ин бино дар тавозуни бонк будааст. Дар ин хусус ҳуҷҷатҳоро аз назар гузарондан лозим”.
Абдураҳмон Каримзода, сокини ҳамин ҷамоат мегӯяд: “6 сол мешавад, ки бинои қасри фарҳанг бо сабаби ба гарав гузошта шуданаш дар «Кафолатбонк» аз истифода бозмондааст. Чандин сол аст, ки рӯи таъмирро надидааст. То ҳол ягон сарчашма барои таъмираш маблағгузорӣ накардааст. Ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия мактуб навиштем, то бино дубора мавриди истифода қарор гирад. Баъди дубора фаъол гаштани он, барои қисме аз мардуми ҷамоат ҷойҳои корӣ фароҳам меояд. Аммо ба ҷуз аз ваъдаҳои пучу холӣ дар амал кореро ба сомон нарасонданд”.
Масъулони ноҳия бояд андеша кунанд, ки аз фаъолият мондани чунин як бино рӯҳияи мардумро дар пешбурди фарҳанг ва варзиши кишвар коста мегардонад. Дар ин маврид дархостҳои пайвастаи сокинони ҷамоати калонтарини ноҳия, ки 20 ҳазор аҳолӣ дорад, бояд ба инобат гирифта шавад.
Раҳматулло КАРИМОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2016    №: 258    Мутолиа карданд: 2703

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед