logo

фарҳанг

ФИЛМҲОИ ТАСВИРИИ МИЛЛӢ. БУД НАБУД?

Ҳоло дар шаҳру навоҳии кишвар нуқтаҳои бешумори бозиҳои компютерӣ ва фитафурӯшӣ фаъолият доранд, ки ҳар рӯз садҳо кӯдаку наврасро ба худ ҷалб карда, бо бозиҳои даҳшатангез ва наворҳои фаҳшу хусусияти зӯроваридошта ба психологияи онҳо таъсири манфӣ мерасонанд. Ин аз як тараф бемасъулиятии падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд нишон диҳад, аз ҷониби дигар дуруст тарғиб нагардидани ҳунарҳои миллӣ ва холӣ будани фурӯшгоҳҳоро аз фитаҳои филмҳои ватанӣ ошкор месозад.
Ба андешаи равоншинос Нафиса Муродова, набудани адабиёту маводи лозимӣ доир ба таълиму тарбия мушкилоти ҷиддист. Зеро бе он кафолат додани тарбияи дуруст ва баланд бардоштани завқи зебоишиносии кӯдак номумкин аст. Агар хӯрокҳои серғизо кӯдакро аз ҷиҳати ҷисмонӣ камол бахшад, тарбияи дуруст ахлоқу маънавиёти ӯро ташаккул медиҳад. Аз ҷумла, филмҳои тасвирӣ дар инкишофи зеҳнии кӯдакон нақши муҳим мебозанд.
Имрӯзҳо кам нафароне ҳастанд, ки дар бораи ҳақиқати ниҳонии филмҳои тасвирие, ки аз дигар кишварҳо вориди Тоҷикистон мешаванд, андеша кунанд. Албатта, вақте ки мо филмҳои тасвириро мебинем, дарк менамоем: онҳо тавре сохта шудаанд, ки ба кӯдакон писанд оянд ва онҳоро зуд ба худ ҷалб созанд. Вале, бояд донист, ки на ҳама чизе, ки ба кӯдак маъқул аст, фоидаовар мебошад. Ба шарофати ташаккул ва пешрафти техникаю технологияҳои навин қариб ҳар рӯз як филми тасвирӣ ба тамошобинони хурдсол пешкаш мегардад. Имрӯз волидон бояд донанд, ки фарзандонашон дар телевизион чиро мебинанд.
Набояд фаромӯш сохт, ки кӯдак агар ба филмҳои тасвирӣ дил бандад, ба бемории логонервоз (тарзи нодуруст суханронӣ кардан) гирифтор мешавад. Равоншинос Маҳмадулло Давлатов бар он ақида аст, ки «Барои назорат ва пахши филмҳои тасвирӣ як сохтори алоҳида амал намояд ва ҳатман ҳангоми намоиш додани ин ё он филм ба мазмуну мундариҷаи он эътибор диҳад. Агар мо филмҳои тасвириро ба тариқи умумӣ гирем, бояд ҳадаф ва мазмуни онҳо як чиз бошад: ҷисман ва рӯҳан тарбия кардани кӯдакон. Агар дар ҳақиқат муҳтавои филм зӯроварӣ бошад, зулму ситамро тарғиб намояд, дар онҳо ҷангу ҷидолу моҷароҳо бошанд, онгоҳ кӯдак дар асоси қаҳрамонҳои филмҳои тасвирӣ эталон (намуна) меҷӯяд. Зеро кӯдакон эътиқоди на он қадар устувори ахлоқӣ доранд. Ҳамин тариқ, тарзи рафтор, гуфтор, ҳаракату амали онҳоро дар ҳаёти худ истифода мебаранд. Мунтазам дидани моҷароҳои гуногун, ҳарбу зарб, умуман муносибатҳои бераҳмона ба кӯдак таъсир мерасонанд. Образҳои гуногуни хаёлие, ки дар онҳо вуҷуд доранд, дар кӯдакон хоби даҳшатнокро ба вуҷуд меоранд».
Тарҷумаи сифаташ паст ва кӯчагии филмҳои тасвирӣ яке аз мушкилиҳои дигари таъсир ба шуури кӯдакон мебошад. Воқеан, қисме аз волидон мехоҳанд фарзандонашон филмҳои тасвириро бо забони тоҷикӣ тамошо кунанд, аммо филмҳои хуби миллиро мо на дар телевизион ва на дар фитаҳои сарироҳӣ во намехӯрем. Пас, саволе пайдо мешавад, ки оё мо филмҳои тасвирии миллӣ надорем?
Ба ин савол Бахтиёр Қаҳҳоров, роҳбари гурӯҳи аниматсияи Киностудияи «Тоҷикфилм» мегӯяд, ки
«Имрӯз дар Киностудияи «Тоҷикфилм» як теъдод ҷавонони болаёқат кор мекунанд. Ҳар сол як - ду филми тасвирӣ офарида мешавад. Дар «Тоҷикфилм» таҷҳизот, толор барои наворҳои махсус бо сабки 3D, компютерҳо, дастгоҳҳои ҷадид - рендер боксҳо мавҷуданд. Тӯли 3 соли охир студия филмҳои аниматсионии «Асал дору», «Саги гурусна», «Зодрӯз муборак!», «Деви мевахӯр», «Буд – набуд, будгор буд» ва ғайраро офарид.
Аммо мухлисон суол мекунанд, ки аз куҷо филмҳои тасвирии ватаниро дастрас намоем. Дар ин маврид, Б. Қаҳҳоров зикр намуд, ки «Пеш аз ҳама идораи дахлдоре, ки барои прокати филмҳо дар дохили Тоҷикистон уҳдадоранд, ба вазифаи худ расанду ба харидору мухлиси ватанӣ филмҳои тасвирии миллиро пешкаш намоянд».
Аз ин рӯ, барои рушди аниматсияи миллӣ, пеш аз ҳама, муттаҳид шудан ва муташаккилона кору фаъолият намудани ҳамаи ниҳодҳои соҳа вобастагӣ доранд.
Раҳматулло КАРИМОВ,
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2016    №: 258    Мутолиа карданд: 2745

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед