logo

сиёсат

ПАЁМ ВА ТАҲКИМИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳар як Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунгузори кишвар, ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ роҳҳои ташаккули равандҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ва фарҳангию идеологиро муайян менамояд.

Пешвои миллат, зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ бори дигар ба рушди низоми ҳуқуқӣ, аз ҷумла фаъолияти мақомоти судии кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷиҳати таҳкими адолати судӣ, кори бенуқсони судяҳо, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Сарвари давлат бо нигаронӣ аз таъхири иҷрои қарорҳои судӣ, ки воқеан ҳам яке аз мушкилоти ҳалталаби соҳа ба шумор меравад, ба Вазорати адлия, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Прокуратураи генералӣ дастур доданд, ки бо назардошти таҷрибаи пешқадам механизми самараноки таъмини иҷрои қарорҳои судӣ ва чораҳо ҷиҳати таъмини фаъолияти иҷрочиёни судро таҳия ва пешниҳод  намоянд.
Албатта, иҷрои ин дастури Президенти муҳтарами кишвар дар меҳвари фаъолияти сохторҳои марбутаи давлативу мақомоти судии кишвар қарор гирифта, итминон дорем, ки дар бартараф намудани ин мушкил ва татбиқи саривақтии қарорҳои судӣ мусоидат хоҳад кард. Илова бар ин, Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ  вазоратҳои адлия, маориф ва илм, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Академияи илмҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва тамоми мақомоти давлатиро вазифадор намуданд, ки ба манзури баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ густариш диҳанд. Ба андешаи мо, ин ҳидояти Пешвои миллат амри заруриву саривақтист, зеро дар сурати дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ будани шаҳрвандон кафолати таъмини ҳуқуқу озодиҳояшон бештар ва сатҳи ҷинояткорӣ паст хоҳад шуд. Зеро, таҳлилу омӯзиши таҷрибаи судӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Шаҳритуз нишон медиҳад, ки яке аз омилҳои асосии содир гардидани ҷиноятҳо, ҳуқуқвайронкунӣ, пошхӯрии оилаҳо, баҳсҳои иқтисодӣ ва гражданӣ ба сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста мебошад.
Қобили зикр аст, ки дар давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ барои таҳкими ҳокимияти судӣ се барномаи ислоҳот ва як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба тасвиб расиданд, ки дар шаклгирии низоми судӣ, мустаҳкам гардидани сохтор, ҳалли масоили иҷтимоии он, тавсеаи муносибатҳои байналмилалии ҳокимияти судӣ заминаи воқеӣ гузоштанд. Аз ҷумла, дар идомаи ислоҳот 5 январи соли 2015 бо Фармони Президенти мамлакат  «Барномаи нави ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 -  2017» тасдиқ гардид, ки ҳоло мавриди амал қарор дорад. Пешбинӣ мешавад, ки татбиқи босамари барнома барои боз ҳам устувор шудани сохтори мақомоти судӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат хоҳад кард.
Мо, кормандони суди ноҳияи Шаҳритуз дар фаъолияти минбаъдаи худ низ, ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро пайгирӣ намуда, дар татбиқи дастуру нишондодҳои Сарвари давлат, ки барои пешрафти ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нигаронда шудаанд, иқдом хоҳем кард.
Холмурод ЗУҲУРИЁН,
раиси суди ноҳияи Шаҳритуз


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2016    №: 258    Мутолиа карданд: 2201

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед