logo

сиёсат

"ЭНЕРГИЯИ САБЗ". ИСТЕҲСОЛИ ОН ОҚИБАТҲОИ ХАРОБИОВАРРО ПЕШГИРӢ МЕКУНАД

Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ироаи бурду бохти соҳаҳои пешбарандаи иқтисоди миллӣ ва пешниҳоди дастуру супоришҳои қатъӣ ҷиҳати сари вақт бартараф сохтани мушкилиҳои ҷойдошта аз ҷониби кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист хуб пазируфта шуд. Азбаски тағйирёбии гармшавӣ дар сайёра як дараҷаро ташкил медиҳад, дар Паёми Сарвари давлат саҳми Тоҷикистон дар  пешгирии оқибатҳои харобиовари он ва татбиқи чорабиниҳои экологӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон муҳим арзёбӣ гардид. Махсус қайд шуд, ки кишвари мо, аз рӯи 98 фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, бо истеҳсоли ин намуди энергия барои ҳифзи атмосфера аз партофти газҳои гулхонаӣ имконияти бештар пайдо кардааст. Масалан, ҳаракати нақлиёти роҳи оҳан тавассути неруи барқ дар шароити Тоҷикистон бисёр фоидаовар ва камхарҷ  мебошад ва истифодаи самаранокии роҳҳои автомобилгардро беҳтар мегардонад. Бахши дигари Паём вазифаҳои асосиеро, ки дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба миён гузошта шудаанд, дар бар гирифта, роҳҳои татбиқи онҳо барои пешрафти соҳа нақши муассир мегузорад. Яке аз онҳо ворид намудани технологияи муосири ба муҳити зист безарар ва баланд бардоштани маърифати экологии мардум тавассути беҳтар намудани сатҳи таълим аз фанни экология дар муассисаҳои томактабӣ ва олӣ мебошад, ки кумита барои самарабахш анҷом ёфтани ин вазифаҳо ва барои ба як марҳилаи нави рушд баровардани фаъолияти соҳаҳои ҳифзи табиат тадбирҳои зарурӣ меандешад.     
Масъалаи дигаре, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштанд ин аҳамияти умумиҷаҳонии Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" мебошад, ки он бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи умумии  СММ қабул гардидааст.
Кормандони кумита қабул гардидани ташаббуси навбатии  Роҳбари давлатро бо хушнудӣ пазируфта, ҷиҳати амалӣ намудани  он, дар доираи салоҳиятҳои худ чораҳои зарурӣ меандешанд.
Хайрулло ИБОДЗОДА,
раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2016    №: 258    Мутолиа карданд: 2695

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед