logo

фарҳанг

РАШТ. НИЗОМ ДАР ҶАШНУ МАРОСИМҲОИ МАРДУМӢ ТАЪМИН МЕГАРДАД

Дар ноҳияи Рашт ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Сокинони ноҳия зарурати қонунро ба хубӣ дарк кардаанд ва талош доранд, ки нафаре аз меъёрҳои муқаррарнамудаи он берун амал накунад.

Мустафо Хоркашов, мудири бахш оид ба корҳои дини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, иброз дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои сокинони кишвар шароити мусоиди баргузории маъракаҳои гуногунро  фароҳам оварда, ба буҷети оила ва вазъи иқтисодии аҳолӣ  таъсири мусбат расонд. Ба ин васила баргузории тӯйҳои хайриявӣ ва дастаҷамъона вусъат ёфта, дар арафаи  идҳо аз ҷониби саховатмандон  ба шахсони камбизоат ва фарзандони оилаҳои ятиму бепарастор кумак расонда мешавад. Дар баробари ин, аз тарафи сокинони саховатпеша ба мактаб - интернатҳо, қисмҳои низомӣ ва беморхонаҳо пайваста маҳсулоти ғизоӣ дастрас мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар ноҳия 1 масҷиди ҷомеи марказӣ, 5 масҷиди ҷомеъ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва 85 масҷиди панҷвақта аз қайди давлатӣ гузаронда шуда, расман амал менамоянд.  Бо мақсади  иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 27 январи соли 2011, № 28 бо қарорҳои раиси ноҳияи Рашт соли ҷорӣ фаъолияти 33 масҷиди панҷвақтаи ғайриқонунӣ фаъолияткунанда манъ шуда, ба марказҳои фарҳангию фароғатии ҷавонон табдил дода шудаанд. 
- Соли ҷорӣ дар ноҳия 1501 маърака, аз ҷумла 753 тӯйи домодию арӯсӣ, 159 хатнатӯй баргузор гашт. Ҳамзамон, шаш ҳолати риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ошкор гардида, қонуншиканон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд, - изҳор дошт Мустафо Хоркашов.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2016    №: 258    Мутолиа карданд: 2792

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед