logo

иқтисод

ОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН ДУРАХШОН АСТ

Ҳадафи олӣ
«Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» воқеияти ин суханҳои ба такрор таъкиднамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз ҷиҳати илмию амалӣ собит месозад. Он дуюмин стратегияи дарозмуддати рушди кишвар дар таърихи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар он ҳадаф ва афзалиятҳои рушди дарозмуддат бо назардошти сабақҳои тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ва татбиқи стратегияи пешӣ («Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007 – 2015») андӯхта, мақсаду орзуҳои сокинони мамлакат, захираву имконоти воқеӣ, оянданигарии равандҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, минтақа ва Тоҷикистон муайян шудаанд.
 Иттилоотонии  сокинони кишвар доир ба ҷузъиёту вижагиҳои стратегияи нави дарозмуддати миллии рушд супориши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президент ва маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон садо додааст.
Дар таҳияи стратегия натиҷаҳои пурсишномаҳои зиёда аз 40 вазорату идора ва намояндагони шарикони рушд, хулоса ва натиҷаҳои умумии беш аз 50 вохӯрии корӣ бо коршиносони миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ва 11 машварат дар ҷараёни баррасии стратегия ба назар гирифта шудааст.
Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ пайи иҷрои дастури Пешвои миллат бобати иттилоотонии аҳолӣ доир ба қисматҳои асосии “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар ҳамбастагӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар манотиқи гуногуни кишвар корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуд. Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва мақомоти дигари дахлдор перомуни шарҳу баррасии мавзӯъ бо иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, матбуот ва мутахассисону коршиносон нишастҳои вижа баргузор шуданд.
- Дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷрибаи ғании андӯхта дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва Ҳадафҳои Рушди Устувор барои давраи то соли 2030, ки онро ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи Генералии СММ ба тасвиб расонд, таҳлилу омӯзиши натиҷаҳои татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии қаблӣ, тавсияҳои методологӣ ҷиҳати таҳияи стратегияи нав, рушди минбаъдаи иқтисодӣ бо истифода аз модели иқтисодӣ (эконометрикӣ) барои муайян намудани самтҳои афзали рушд барои то давраи соли 2030 ҳамчун заминаи муҳимтарин истифода шудаанд, - иброз дошт Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни шарҳи ин санади муҳим ба хабарнигорон.


Дастовардҳо
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали асри нав ба марҳилаи ҳақиқии рушд ворид шуда, пешрафти босуботи иқтисодӣ ва беҳсозии сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ, бахусус сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ, иҷтимоӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар бахшҳои гуногун таъмин гардид.
Дар пайи амалисозии «Стратегияи миллии рушд барои солҳои 2007 – 2015» суботи иқтисодӣ ба даст омад. Суръати солонаи рушди иқтисодӣ ба ҳисоби миёна 7 дарсад афзуда, то 4 баробар боло рафт ва сатҳи таваррум то адади якрақама паст карда шуд. Буҷети солонаи давлатӣ дар 15 соли охир аз 300 миллион то 18 миллиард сомонӣ зиёд гашт. Соли 2016 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 54 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он 6,9 фоизро ташкил кард. Таносуби қарзи берунаи давлатӣ нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ   аз 39% (соли 2005) то 19% (соли 2015) поин рафта, тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ба дараҷаи муътадил расонда шуд.
Дар бахши комплекси сӯзишворию энергетикӣ рушди гидроэнергетикаи хурд, сохтмони марказҳои барқу гармидиҳӣ, рушди истихроҷи ангишт, ҳамкориҳои мусбати давлат ва бахши хусусӣ, бунёди низоми ягонаи энергетикии кишвар, ба кор андохтани зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав, дар бахши саноат ва комплекси агросаноатӣ афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ то 20,3%, шумораи корхонаҳои саноатӣ то 29,1%, маҳсулнокии меҳнати кормандони соҳа то 26,7%, таъсиси зиёда аз 1600 коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ ва беш аз як миллион ҷойҳои корӣ, дар бахши нақлиёту телекоммуникатсия ба истифода додани 2000 км роҳи мошингард, 240 пул, 31,5 км нақб ва долонҳои транзитӣ, амалисозии 38 лоиҳаи инвеститсионӣ, ба фаъолият пардохтани 6 оператори асосии алоқа, зиёда аз 20 интернет-провайдер, дастрасии беш аз 90%-и нуқтаҳои аҳолинишини кишвар ба алоқаи мобилӣ ва ба 11 миллион нафар расидани шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ аз шумори комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мешаванд. Тавассути татбиқи ислоҳоти зарурӣ фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ фароҳам гардида, муколама ва шарикии давлат бо бахши хусусӣ дар сатҳи миллию минтақавӣ ривоҷ, истеҳсолоти ватанӣ тавсеа, аз рӯи ҳаҷми истеҳсоли баъзе молу маҳсулот, ба монанди меваю сабзавот ва масолеҳи сохтмон, аз ҷумла семент, Тоҷикистон аз кишвари воридкунанда ба содиркунанда табдил ёфт.
Имкон фароҳам омад, ки таъминоти аҳолӣ бо барқ, фаъолияти устувори инфрасохтори энергетикӣ ва содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя дар фасли тобистон ба таври назаррас беҳтар гардад. Тавассути бунёду таъмир кардани роҳҳо, пулу нақбҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ рафтуомад, боркашонӣ ва тиҷорати дохиливу байналмилалӣ осону дастрас гардид ва ин барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани кишвар мусоидат намуд. Дар соҳаи кишоварзӣ тавассути тадбирҳои андешидашуда, аз ҷумла корамсозии заминҳои нав, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо, зиёд кардани майдони боғу токзорҳо ва ислоҳоти соҳа фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мардуми кишвар бамаротиб беҳтар шуд.

Чор ҳадафи стратегӣ
Се ҳадафи муҳимтарини стратегии кишвар – истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ дар марҳилаи нави рушд хусусиятҳои сифатӣ касб мекунанд.
1.Таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ. Бе рушди энергетика таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат, хусусан индустрия, имконнопазир аст. Аз ин рӯ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат аст. Расидан ба ин ҳадаф  азхудкуниву истифодаи самараноки захираҳои бузурги энергетикии мамлакатро тақозо дорад. Ҳоло бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун вусъат гирифтааст. Дар соҳа 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 10 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Бунёди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ ва сохтмону барқарорсозии иқтидорҳои дигари энергетикӣ, аз ҷумла навбати аввал ва дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо тавоноии 400 мегаватт ба таъмини иншооти гуногун ва сокинони шаҳри Душанбе бо гармӣ ва коҳиш додани норасоии барқ дар фасли зимистон мусоидат кард. Таъмиру таҷдиди ҷиддии неругоҳҳои барқи обии Сарбанд, Норак ва Қайроққум низ барои расидан ба ин ҳадаф мусоидат менамояд. Дар баробари ин, набояд фаромӯш созем, ки талабот ба неруи барқ дар пайи афзоиши шумораи аҳолӣ ва иқтидорҳои иқтисодӣ пайваста меафзояд ва дар ин шароит истифодаи босамару беисрофи он аҳамияти вижа касб мекунад.
2. Аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан. Мо ба ҳадафи стратегии раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, комилан набошад ҳам, асосан расидем. Рафтуомади доимии нақлиёт байни минтақаҳои кишвар ва давлатҳои ҳамсоя таъмин гардид. Қаламрави сепорчаи Тоҷикистон дар замони истиқлолият ба як воҳиди комил табдил ёфт. Солҳои охир роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа - Кӯлоб, роҳҳои мошингарди Душанбе - Турсунзода, Восеъ - Ховалинг ва Айнӣ - Панҷакент ба маблағи умумии наздик ба се миллиард сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Амалисозии 19 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 6,5 миллиард сомонӣ ҷараён дорад. Беш аз 2000 километр роҳи мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ба маблағи умумии 11,4 миллиард сомонӣ ба истифода дода шуданд. Аммо гап дар он аст, ки ин роҳҳо чӣ гуна самара медиҳанд. Ҳоло ҳам агар санги Бадахшонро бо ин роҳҳо ба Душанбе кашонем, арзиши аслиаш қариб ба тилло баробар мешавад. Мутаассифона, мо ба роҳҳои арзонтарини ҳамлу нақл – роҳҳои баҳрӣ дастрасӣ надорем, пас, ба тамоми минтақаҳои кишвар бояд хати роҳи оҳан кашем, то нархи боркашонӣ арзонтар афтад. Ғайр аз ин “ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан” танҳо маънии сохтани роҳҳои оҳану мошинро надорад. Интиқоли транзитии газу барқ, нафт ва сарватҳои дигар тавассути қаламрави Тоҷикистон дар назар аст. Ҳоло татбиқи барномаҳои азими минтақавӣ, назири КАСА – 1000 барои интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ  ва бунёди хати гази Туркманистон – Чин тавассути қаламрави Тоҷикистон идома дорад. Ҳамчунин, фурудгоҳҳои мо бояд транзитӣ бошанд ва ҳавопаймоҳои кишварҳои минтақаю ҷаҳон аз онҳо истифода баранд. Намудҳои нави борҳои транзитӣ, назири интиқоли маводу барномаҳои интернетӣ низ пайдо шудаанд.
3. Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат. Дар натиҷаи тадбирҳои босамари Ҳукумат ва заҳмати кормандони комплекси агросаноатӣ рушди устувори соҳа таъмин гардида, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бамаротиб афзуд. Истеҳсоли ғалладона ба як миллиону 400 ҳазор, картошка ба 890 ҳазор ва сабзавот ба як миллиону 670 ҳазор тонна,  майдони боғу токзори мамлакат ба 180 ҳазор гектар расонда шуд. Хусусан дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муҳиму саривақтӣ истеҳсоли гӯшти мурғ ва тухм зиёд гардид. Ин ба таъминоти мардум бо маводи ғизоӣ ва поён рафтани нархи маҳсулот мусоидат намуд.
Акнун дар барорбари зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол, ҳамчунин, дастрасии мардум ба анвои ғизо, муназзамии доимии истеҳсол ва хушсифатию безарарии маҳсулот низ аҳамияти хоса пайдо мекунанд, бавижа сифати ғизо. Мардум бояд донанд, ки истеъмоли маҳсулоти бо роҳи трансгенӣ истеҳсолшуда ба саломатии инсон ва генофонди миллат зиён дорад ва Ҳукумат низ пеши роҳи воридшавии ин маҳсулотро бо истифода аз иқтидори худ гирад.
4. Вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул. Ҷиҳати мутобиқ гардондани сатҳи касбияти шаҳрвандон ба талаботи бозори меҳнат ҳар сол беш аз 100 ҳазор нафар ҷавонон ва калонсолон ба омӯзиши касбҳои гуногун ва бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Дар мамлакат зиёда аз як миллион ҷойи корӣ таъсис ёфт. Аммо мунтазам афзоиш ёфтани шумораи ҷойҳои нави корӣ ба рушди соҳаҳои воқеии истеҳсолот, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ ҷиҳати тезондани  раванди саноатикунонии мамлакат тавъам аст. Кадрҳои нав бояд аз технологияҳои навтарин босамар истифода бурда тавонанд.


ВАЗИФАҲО
Барои дар амал татбиқ намудани “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” иҷрои як қатор вазифаҳои муҳим ногузиранд. Дар 15 соли минбаъда саҳми соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба таври назаррас зиёд шуда, Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ - индустриалӣ ба индустриалӣ - аграрӣ мубаддал мегардад. Ин гузариш дар ҳалли вазифаҳои пешбининамудаи стратегияи нави рушд нақши калидӣ дорад. Содироти ашёи хом кам шуда, содироти молу маҳсулоти тайёр тамоюли бештар пайдо мекунад. Таносуби ҳаҷми байни маҳсулоти кишоварзӣ ва саноат дар маҷмӯи маҳсулоти доҳилӣ ба нафъи моли саноатӣ тағйир мепазирад. Айни ҳол дар ММД ҳиссаи маҳсулоти кишоварзӣ 20 - 25%, саноатӣ бошад 12% - ро ташкил медиҳад. Барои таъмини босамари раванди саноатисозии мамлакат, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор, рушди соҳаҳои воқеии истеҳсолот, фароҳам сохтани шароити мусоиди сармоягузорию ҷалби сармоя ва ворид намудани технологияҳои инноватсионии насли охир зарур аст. Технологияи истеҳсолии асосии мо насли сеюм, қисман насли чорум ва аҳёнан насли панҷум аст. Яъне мо аз ин ҷиҳат аз кишварҳои рушдёфта қафо мондаем. Кӯтоҳ намудани ин фосила, яъне то ба технологияи нав гузаштани онҳо (фарз кунем Олмону Ҷопон) мо бояд дорои технологияи насли панҷум бошем.
Дар марҳилаи аввал (2016 – 2020) ҳамаи аҳолии калонсол ҳадди ақал бояд соҳиби маълумоти миёнаи умумӣ ва на кам аз нисфи аҳолии қобили кор соҳиби таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бошад.
То соли 2030 иқтидори энергетикии кишвар аз 17 то 45 миллиард киловатт - соат дар як сол афзоиш дода, ҳамзамон, пешбинӣ мегардад, ки дар 15 соли минбаъда фазои сармоягузории Тоҷикистон беҳтар, ҳиссаи сармоягузориҳои хусусӣ зиёд карда шавад.
Рушди босуботи иқтисодӣ фаъолияти устувори бонкҳо ва корхонаву муассисаҳои молиявиро талаб менамояд. Аз ин лиҳоз, тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур аст, ки ҷиҳати тақвият додани устувории молиявӣ ва рақобатпазирии бонкҳо, ташкилотҳои молиявӣ ва корхонаву муассисаҳои давлатӣ ислоҳоти соҳа амалӣ шавад.
Баланд бардоштани самаранокии истифодаи сарватҳои миллӣ, суботи экологӣ, таҳкимбахшии диверсификатсияи фаъолияти иқтисодӣ, таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, татбиқи барномаҳои рушди бахши хусусӣ, ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ, ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ, тақвиятдиҳии сармояи инсонӣ ва суръат бахшидани рушди минтақавӣ фаъолсозӣ, такмилдиҳӣ ва дарёфти равишҳои нави ҳалли масъалаҳоро тақозо доранд.
Қабл аз ҳама лозим меояд, ки мушкилоти мавҷуда, назири сатҳи пасти хизматрасонӣ дар бахшҳои тандурустӣ ва маориф, афзоиши сусти шумораи муассисаҳои томактабӣ, сифати пасти инфрасохтори мактабӣ, донишу малакаи сусти омӯзгорон, норасоии неруи барқ дар фасли зимистон, мутобиқат ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист, дастрасии нокифоя ба оби нӯшоӣ коҳиши эътимод ба бонкҳо, тафовути байни минтақаҳо дар рушди инфрасохтори иҷтимоӣ  ва истифодаи нокифояи иқтидорҳои ноҳияҳои дурдаст дар рушди иқтисодии кишвар бартараф карда шаванд. Ин мушкилиҳо, тавре муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Умед Давлатзод баён дошт, дар назарсанҷиҳои миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ гузарондашуда аз душвориҳои асосии марҳилаи кунунии рушд арзёбӣ гардидаанд.

МАРҲИЛАҲО
Стратегияи нав рушди кишварро дар давраи дарозмуддат (2016 – 2030), ки ба 3 марҳилаи миёнамуҳлат (2016 - 2020, 2021 - 2025, 2026 – 2030) тақсим мешавад, пешбинӣ мекунад.
Дар марҳилаи аввал гузариш ба модели нави рушди иқтисодии ба афзоиши истеҳсолоти ба содирот ва воридотивазкунӣ нигарондашуда пешбинӣ мегардад. Тайи солҳои охир дар ин ҷода комёбиҳо ба даст омадаанд: истеҳсоли семент бо ба кор даромадани иқтидорҳои бузурги истеҳсолӣ бакуллӣ афзуда, Тоҷикистон аз мамлакати воридкунанда ба содиркунандаи семент табдил ёфт, истеҳсоли масолеҳи дигари бинокорӣ низ авҷ гирифт, ҳаҷми истеҳсоли меваю ангур, сабзавоту полизӣ, шарбату афшураҳо, гӯшти мурғу тухм афзуд. Бо таҷдиду барқарорсозии корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотӣ дар шаҳри Сарбанд дар се соли оянда корхона пурра ба кор даромада, дар маҷмӯъ 800 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол хоҳад кард. Яъне талаботи соҳаи кишоварзӣ ба нуриҳои азотӣ пурра қонеъ гардонда, содироти он ба хориҷи кишвар ба роҳ монда мешавад. Воридоти маҳсулоти тайёри нафтӣ коҳиш ёфта, тавлиди он дар дохили мамлакат (ҳамчунин содироти он) роҳандозӣ мегардад. Истеҳсоли ангишт меафзояд. То соли 2021 бояд афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 35 фоиз ва зиёдшавии ҳаҷми содироти молу маҳсулоти ватанӣ қариб ду баробар таъмин гардад.
Марҳилаи дуюм – гузариш ба рушди босуръат буда,  асоси он рушди сармоягузориҳои мустақим  аст. Дар ин марҳила воридоти технологияҳои навтарин ва истеҳсоли маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазиру серхаридор аҳамияти аввалиндараҷа пайдо мекунад.
Дар марҳилаи сеюм, ки гузариш ба рушди диверсификатсияи истеҳсолоти ба донишу навовариҳо асосёфта ном дорад, неруи  инсонӣ ба ҷойи аввал мегузарад. Яке аз сарчашмаҳои муҳими даромади иқтисодию иҷтимоӣ дар ҷаҳони муосир неруи инсонист, ки хушбахтона, Тоҷикистон барои рушди он имконоти фаровон дорад. Дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 “ ба баланд бардоштани сифати рушди неруи инсонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шудааст.
Тоҷикистон ба сатҳи давлатҳои даромадашон миёна шомил гардида, аз рӯи нишондоди рушди иқтисод дар байни кишварҳои ҷаҳон зинаи муносибро соҳиб шуд. Барои татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз буҷети кишвар, бахши хусусӣ ва шарикони рушд 118 миллиард доллари амрикоӣ сарф карда мешавад.
Сайвалӣ АЗИЗ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2016    №: 258    Мутолиа карданд: 2115

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед