logo

иқтисод

ЗАМИН. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ОН ПУРЗӮР МЕГАРДАД

Раҷаббой АҲМАДЗОДА, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатии танзимкунандаи муносибатҳои вобаста ба замин соли 2016 иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи қарорҳои Ҳукумати мамлакатро меҳвари фаъолияти худ қарор дода, дар самти истифодаи самараноку оқилонаи замин корҳои судманд анҷом дод.

Кумита дар доираи иҷрои вазифаҳои худ назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо, корҳои заминсозии байнихоҷагӣ, тадқиқоти калонҳаҷми хок, баҳои замин, пажӯҳиши геоботаникии чарогоҳҳо, бақайдгирӣ ва барасмиятдарорӣ, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди корхонаҳои кишоварзӣ, ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ, корҳои топографӣ - геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро дар миқёси ҷумҳурӣ идома дод.
Дар ин замина, соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Истаравшан, Варзоб, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон ва Вахш оид ба риояи талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба замин ва истифодаи он санҷиш гузаронда шуд. Дар рафти санҷишҳои назоратӣ нисбат ба 379 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Инчунин, ҳангоми гузарондани санҷишҳои назоратӣ вобаста ба истифодаи замин дар ин шаҳру ноҳияҳо қабули 624 қарори ғайриқонунӣ ошкор шуд, ки аз ин 583 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо, 21 қарори раисони ҷамоатҳои деҳот ва 20 қарору протоколҳои хоҷагиҳо мебошанд.
Ҳамзамон, дар ин давра ҳолати истифодаи қитъаҳои замини дурнамои васеъшавии шаҳри Душанбе, ҳолати заминҳои маҳалҳои аҳолинишин, истифодаи мақсадноку самараноки қитъаҳои замини таъйиноти кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ мавриди санҷиш қарор гирифт. Санҷишҳо дар ин самт собит сохтанд, ки маҷмӯан дар 79,80 гектар қитъаи замин, аз ҷумла 67,95 гектар замини корами обӣ, ки ба замини дурнамои васеъшавии шаҳри Душанбе мансуб мебошад, сохтмони ғайриқонунӣ бунёд шудаанд. Санҷиши ҳолати заминҳои маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Рӯдакӣ муайян намуд, ки масоҳати умумии 1031,54 гектар қитъаҳои замини пурқимати кишоварзӣ, аз ҷумла 638,49 гектар корами обӣ, 63,18 гектар корами лалмӣ, 92,04 гектар дарахтони бисёрсола ва 237,83 гектар чарогоҳҳо худсарона ғасб гардида, бархилофи талаботи қонунгузорӣ иншооти гуногун бунёд гардидаанд. Чунин ҳолат ё амалҳои ғайриқонунӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор (146,69 гектар), Истаравшан (64,62 гектар), Варзоб (7,82 гектар) Абдураҳмони Ҷомӣ (271,23 гектар),  Ёвон (71,75 гектар) ва Вахш (206,67 гектар) ба амал омада, ба шаҳрвандон қитъаҳои замин ғайриқонунӣ тақсим шудаанд.
Қобили зикр аст, ки Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда низ ҳамасола санҷишҳои назоратӣ анҷом медиҳад. Соли ҷорӣ чунин санҷишҳо нишон доданд, ки дар ҷумҳурӣ майдони 12830,16 гектар замин, аз ҷумла 10247,24 гектар корами обӣ ва 2582,92 гектар корами лалмӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд. Шӯршавӣ ва ботлоқшавӣ, аз кор баромадани шабакаҳои обёрикунанда, зери селоб мондан, нагузарондани корҳои мелиоративӣ, аз нав таъмиру таҷдид намудани шабакаҳои обёрикунанда, набудани об барои обёрӣ, корҳои ғайриқаноатбахши ташкили хоҷагидорӣ дар заминҳои обӣ сабабҳои асосии аз гардиши кишоварзӣ берун мондани қитъаҳои замин мебошанд.
Бо назардошти ин, дар доираи талаботи Низомномаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани қитъаҳои замин чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва Конибодоми вилояти Суғд, Ҷайҳун, Носири Хусрав, Вахш, Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, Данғара ва Балҷувони вилояти Хатлон, Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Ҳисор, Файзобод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвори ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҳисоби замини партов 844 гектар, чарогоҳ 595 гектар ва дигар заминҳо 99 гектар азхуд карда шуда, ба замини корам, аз ҷумла 1498 гектар корами обӣ гузаронда шудаанд. Илова ба ин, дар шаҳри Истаравшан 77 гектар ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 29 гектар замини корами лалмӣ ба корами обӣ табдил дода шуд.
Дар ин давра боғу токзорҳо дар майдони умумии 751 гектар, аз ҷумла 339 гектар обӣ бунёд шуданд. Дар ноҳияҳои Ашт, Шаҳринав ва Лахш 28 гектар боғҳои лалмӣ обёрӣ шуда, ба боғҳои обӣ гузаронда шуданд.
Баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 30 июни соли 2006 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва истеҳсолоти ташкилотҳои кишоварзӣ» то моҳи декабри соли 2016 дар ҷумҳурӣ 166009 адад хоҷагии деҳқонӣ таъсис ёфт, ки шумораи саҳмдорон беш аз 785 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин гардида, таҳия ва дастраснамоии шаҳодатномаҳои саҳми замин идома дорад.
Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ва корхонаҳои давлатии фаръӣ дар 11 моҳи соли ҷорӣ 33853 адад сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро ба қайд гирифтанд.
Бо мақсади мутобиқ намудани санаду меъёрҳои ҳуқуқии соҳа дар шароити иқтисоди бозаргонӣ, такмили усулҳои идоракунии захираҳои замин дар доираи қонунгузории амалкунанда кумита дар қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонии фермерӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъйиноти кишоварзӣ» фаъолона иштирок намуд.
Кумита дар партави дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, ҷиҳати пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ, истифодаи самараноку оқилонаи замин, ҳамасола зиёд намудани майдони заминҳои ба гардиши кишоварзӣ воридшаванда, пурзӯр намудани назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва такмил додани усулҳои идоракунии захираҳои замин тадбирҳои зарурӣ меандешад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2016    №: 258    Мутолиа карданд: 2144

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед