logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ТАҚВИМ. АЗ ТУҒЁНИ НИЛ ТО ТАҲИЯИ ТАҚВИМИ ЮЛИАНӢ
Замин дар атрофи Офтоб аз рӯйи мадори сарбастаи кашидашуда ҳаракат мекунад, ки он на аввал дорад ва на охир. Бинобар ҳамин, муайян кардани  оғози сол нисбист. Масалан, мисриёни қадим аввали солро лаҳзаи туғёни тобистонаи дарёи Нил ҳисоб мекарданд. Эрониёни қадим дар натиҷаи таҷриба ва мушоҳидаҳои бисёрсола  пай бурданд, ки Наврӯз баробаршавии шабу рӯз, оғози баҳор ва сари сол аст. Дар Руси қадим ибтидои сол 1 март ҳисоб мешуд.
Ҳокими Рим Юлий Сезар оғози солро ба 1 январ мустақар кард. Ин ба он сабаб буд, ки дар Рим дар санаи 1 январ консулҳо – намояндагони интихобии ҳокимияти марказӣ ба иҷрои вазифаҳои худ оғоз менамуданд.
Шумораи рӯзу сол ҳам якбора муайян ва муқаррар нагардид. Одамон дар замонҳои қадим шумораи рӯзҳои пурраро ҳисоб карда буданд, ки ба 365 рӯзу 5 соату 46 сония мувофиқ намеомад. Масалан, коҳинони Шумер (давлати бостонӣ дар Байнаннаҳрайн (Месопотамия) солро 354 рӯз, мунаҷҷимони холдейӣ онро 360 рӯз ва римиён дар ибтидо ҳисоби вақтро 355 рӯз муайян карда буданд. Ҳамаи ин тақвимҳо дақиқ набуданд.
1 январи соли 45 пеш аз мелод Юлий Сезар бо маслиҳати мунаҷҷими мисрӣ Созиген тақвими хеле мушобеҳ ба тақвими имрӯза ва хеле дақиқтар аз тақвимҳои пешинаро вориди амал намуд. Дар тақвим 365 рӯз буд. Баъдтар тақвими юлианӣ пайдо шуд, аммо он ҳам комилан дақиқ набуд. Моҳ бори аввал дар робита бо мушоҳидаи ҳаракати  Моҳ (қамар) ба миён омад. Он 29,5 рӯзро дар бар мегирад ва ҳамин фосилаи замон дар асоси тақсими сол моҳ ҳисобида шуд. Дар бунёди тақвим ва номҳои моҳҳо ва рӯзҳои ҳафта бисёр нуктаҳо бо тасаввуроти динӣ вобастагӣ доранд. Масалан, моҳи аввали сол – январ бо Янус вобастагӣ дорад. Моҳи май бошад, ба ифтихори олиҳа Май ва июн ба номи олиҳа Юнона бахшида шудаанд. Солшумории муосир аз мавлуди Исои Масеҳ оғоз мегардад.
Ёқуб ОДИНАЕВ

МУРҒ БА ҶОЙИ ҲАМДУНА 
Мутобиқи солшумории шарқӣ, аз ҷумла тоҷикиву чинӣ, ҳар сол зери таъсири ягон ҳайвон аст. Соли гузашта ба ҷойи Гӯсфанд  (Буз) Ҳамдуна омад. Соли нави 2017 ин соли Мурғ аст. 28 январи соли 2017 (аз рӯйи тақвими чинӣ, 21 март мувофиқи тақвими тоҷикӣ) Ҳамдуна ваколатҳои худро ба Мурғ месупорад. Мурғ дар тақвими дувоздаҳгонаи тоҷикӣ ва ҳам чинӣ дар ҷойи даҳум аст ва аз рӯйи хислаташ аз ҳама махлуқи аҷоибу ғароиб ба шумор меравад. 
Соли 2017 дар тақвими чинӣ соли Хурӯси Тобон ё Хурӯси Оташранг аст, яъне ранги Хурӯс сурх мебошад. Донишмандон аз қадим чунин андеша доштанд, ки ранги сурх тимсоли пешравӣ, комёбӣ, пайваста дар ҳаракат будан ва офаридану обод кардан аст. Сурх ин ранги ишқу муҳаббат, дӯстдорӣ, ҷӯшу хурӯш, майлу рағбат аст. Дар он неру, боварӣ ва барор акс ёфтаанд.
Одамонеро, ки дар соли Хурӯс таваллуд ёфтаанд, фиреб додан душвор аст. Ақли онҳо аз дараҷаи миёна болост, фаросати табииашон бошад, имкон намедиҳад, ки ба доми касе афтанд. Хурӯс ба ҳазору як майдаву чуйда зеҳн мемонад. Танҳо таърифи аз ҳад болохонадор ӯро аз роҳ заданаш мумкин. Охир парандаи гарданфароз бисёр мехоҳад пайваста зери назарҳо бошад.  Умуман, соли Хурӯс соли фаровонӣ, шавқангез, пурнозу неъмат ва бартарафсозандаи ҳамаи душвориҳо мегардад. Дар нимсолаи аввал дарёфти пул каме душвор мешавад, дар нимсолаи дуюм вазъи молиявӣ хеле беҳбудӣ меёбад, зеро барои Хурӯс, пеш аз ҳама, дарёфти маблағ нишондиҳандаи ҳамаи муваффақиятҳост. Ҳамчунин, дар ин сол одамон бояд ба сиҳатиашон диққат диҳанд. Хурӯс шахси танбалу коҳилро дӯст намедорад, касе, ки маҳораташро сайқал мебахшад, тарзи ҳаёти солимро пеш мегирад, бисёр меомӯзад, комёб мегардад.
Императорон Акихито, Френсис Бэкон, Севериано Баллестерос, Дирк Богарде, Барбара Тэйлор Брэдфорд, Майкл Каине, Энрико Карузо, Эрик Клэптон, Гровер Кливлэнд, Ҷоан Коллинз, Рита Кулиҷ, Александр Дубчек, Муҳаммад Ал-Фэйед, Эррол Флинп, Мэлони Гриффис, Алекс Халей, Ричард Харрис, Голди Хоун, Кэт-рип Хэпберн, Майкл Хэзелтин, Элтон Ҷон, Диана Китон, Непси Керриген, Дин Кунттс, Дэвид Ливингстон, Ҷейни Мэнсфилд, Стиви Мартин, Ҷеймс Масон, Соммерсет Моэм, Бэтти Миллер, Ван Моррисон, Вилли Нелсон, Ким Новак, Йоко Оно, Долли Партон, Мишел Пфайфер, шоҳзодаҳо Филлип, Роман Полянски, Пристсилла Пресли, Ненси Рейган, Ҷордж Сигал, Питер Устинов, Ричард Вагнер, Эдди Янг дар мучали Хурӯс ба дунё омадаанд. Хурӯс вақти худро медонад.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ

ПЁТРИ КАБИР ВА СОЛИ НАВ
Сарчашмаи оро додани арчаи солинавӣ ба Мисри қадим, даврони        ҳукмронии фиръавнҳо рост меояд. Аммо дар Мисри қадим дар рӯзҳои ҷашну маросим одатан дарахтони зайтунро оро медоданд. Арчаҳои солинавӣ нахуст дар Аврупо дар авоили асри 16 пайдо шудааст. Ибтидо арча ва ё санавбари солинавиро бо шамъҳои фурӯзон оро медоданд.
Анъанаи таҷлили Соли нав дар зери дарахти арча, тибқи тақвими масеҳӣ дар Русия бо қарори Пётри кабир сурат гирифт. Аммо ба сурати густарда, таҷлили Соли нав дар зери арча дар Русия аз миёнаҳои асри 19 анъана шуд.
Дар шаҳри Лима, пойтахти Перу арчаи солинавиро бо 3 000 навъи картошка оро доданд. Дар маҷмӯъ барои сохтани арча 98 килограмм картошка сарф шудааст. Перу мехоҳад бо ин иқдом ин иддаоро собит созад, ки «картошка маҳз аз ҳамин сарзамин бархостааст».
Таҳияи Сарвиноз ШОДМОНОВА

САВОЛИ ХУНУК
Писар аз падараш, ки шаби Соли нав бо шавқи зиёд футбол тамошо мекард, пурсид:
- Падарҷон, яхи уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ хунуктар бошад ё аз яхдони мо?
Падар, ки ҳаргиз чунин саволро интизор набуд, лоқайдона ҷавоб дод:
- Аз ҳар ду ях ҳам, саволи ту хунуктар аст.

ЛАТИФАҲОИ СОЛИНАВӢ
Клаусофобия - дардест, ки ба он танҳо Бобои барфӣ гирифтор аст.

АЗ БОБОИ БАРФӢ ТО ДЕД МОРОЗ
Қариб ҳар як кишвар қаҳрамони солинавии худро дорад. Онҳо бо номҳои хос номбар мешаванд. Инак, номҳои бобои солинавии кишварҳои ҷаҳонро ба шумо пешкаш менамоем:
Дар ИМА — Санта - Клаус.
Дар Италия — Баббо-Натале.
Дар Ёқутистон - Чисхаан.
Дар Қазоқистон - Аяз ата.
Дар Арманистон - Дзмер Папи.
Дар Словакия - Ежинек.
Дар Англия - Фазер Кристмас.
Дар Тотористон - Кыш-Бабай.
Дар Чехия - Микулаш.
Дар Фаронса — Пйер Ноэл.
Дар Нидерландия - Синтерклаас.
Дар Хитой - Шан Дан Лаожен.
Дар Полша – Николайи муқаддас.
Дар Гурҷистон - Товлис Бабуа.
Дар Муғулистон — Увлин Унгун.
Дар Шведсия — Юлтумте.
Дар Эстония - Йиулувана.
Дар Финляндия - Йоулупукки.
Дар Белорусия - Зюзя.
Дар Русия  - Дед Мороз.
Дар Тоҷикистон - Бобои барфӣ.
Таҳияи Зебо НАЗАРЗОДА

«ХАНДАИ ТАҚДИР» Ё «БА ҲАММОМ ХУШ ОМАДЕД!»
Филми Эмил Брагинский ва Элдар Рязановро бори аввал бо номи «Ба ҳаммом хуш омадед!» ва ё «Шаби Соли нав» соли 1969 дар кинотеатрҳои Иттиҳоди Шӯравӣ намоиш доданд. Бо номи «Хандаи тақдир» ё «Ба ҳаммом хуш омадед!» аввалин бор 1 январи соли 1976 тариқи шабакаи аввали телевизиони шӯравӣ намоиш дода шуд. Шумораи тамошобинони нахустин он ба 100 миллион расид. То ҳол ин филмро беш аз 250 миллион нафар ҳар сол тамошо мекунад. Вале, бояд иқрор шуд: филме, ки беш аз 40 сол дар шаби 31 декабр намоиш дода мешавад, ба дили касе назадааст. 
Дар филм нақшҳои асосиро ҳунарпешаҳои машҳури он замон Андрей Мягков ва ҳунарпешаи лаҳистонӣ Барбара Брилска офаридаанд. Онро соли 1977 маҷаллаи «Советский экран» «Беҳтарин филм» эътироф намуд.
Дар Ҳиндустон аз рӯи он филми «Ман Соли навро дӯст медорам» офарида шуд. Дар он шаҳрҳои Москва ва Ленинград ба шаҳрҳои Чикаго ва Ню-Йорк иваз карда шудаанд. 
Соли 2007 «Хандаи тақдир. Идома» дар коргардонии Тимур Бекмамбетов, бо ҳунарпешаҳои нави синамои рус Константин Хабенский, Елизавета Боярская, Сергей Безруков офарида шуд. Аслан он идомаи филми пешин буда, дар он фарзандони қаҳрамонҳои филми аввал бо ҳамин гуна тазод рӯ ба рӯ мешаванд.
Таҳияи Шаҳбоз АБРОР

КАЙ? ДАР КУҶО? ЧӢ ТАВР?
Дар Ҷопон Соли нав аз 31 декабр то 4 январ ҷашн гирифта мешавад. Субҳи 1 январ бошандагони шаҳру деҳот манзилҳои худро тарк намуда, ба пешвози тулӯи Офтоб ба кӯчаҳо мебароянд. Тамоми рӯз кӯчаҳо пур аз одаманд ва мардум бо ҳам шӯхӣ ва бозӣ мекунанд. Танҳо пас аз фаро расидани говгум одамон ба манзилҳои худ бармегарданд.
Дар кишвари дигари Шарқ – Ветнам Соли навро шабона истиқбол мегиранд. Вақте ки заминро торикӣ фаро мегирад, ветнамиҳо дар истироҳатгоҳҳо, боғҳо ва дар кӯчаҳову хиёбонҳо гулхан меафрӯзанд. Дар назди гулханҳо онҳо бо тамоми аъзои хонаводаҳои худ гирд омада, дар оташи гулхан хӯроки идонаи бан чипро аз биринҷ мепазанд.
Яке аз қадимтарин кишварҳои шарқӣ – Бирма дар наздикии Ветнам воқеъ мебошад. Дар ин ҷо Соли нав ба вақти гармтарини сол рост меояд ва он тавассути «Ҷашнвораи обӣ», ки хеле ҷолиб аст, баргузор мегардад. Одамон ҳини бо ҳамдигар вохӯрдан, ба рӯйи якдигар бо сатил, обрез ва зарфҳои гуногун об мепошанд.
Дар кишвари Шотландия Соли нав ба гунаи комилан дигар таҷлил мегардад. Дар арфаи Соли нав дар ин кишвар дарҳои ҳамаи хонаҳо боз аст. Ҳар касе, ки мехоҳад дохил мешавад. Вақте ки ақрабаки соати Ратуша ба дувоздаҳ баробар мешавад, одамон ба хондани суруди қадимии миллӣ, ки аз ҷониби шоири мардумӣ Роберт Бернс суруда шудааст, мепардозанд.
Ё. ОДИНАЕВ

СОЛИ НАВ ЯК СОНИЯ ДЕР МЕКУНАД
Оё медонед, ки Соли нав имсол як сония дер фаро мерасад? Бале, ҳамин тавр аст. Назар ба иттилои муҳаққиқони соҳа, дар воқеъ, сайёраи Замин назар ба фосилаи вақте ки дар тақвим гузошта шудааст, каме оҳистатар ҳаракат мекунад. Ин фарқияти фосилаи вақт дар давоми чанд сол як сонияро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои Хадамоти байналмилалии чархиши Замин агар соли 1972 фарқияти фосилаи вақти тақвимӣ ва гардиши замин танзим намешуд, то ҳол ин фарқият 25 сонияро ташкил медод. Вале дар давоми ин солҳо хадамоти мазкур ин сонияҳоро ба охири 25 сол илова намуда, вақтро бо воқеият баробар менамуд.
Дар охири соли  2016 ҳам аз ҳисоби фарқияти гардиши Замин ва тақвим як сонияи иловагӣ пайдо шудааст, ки он ба 31 декабр зам мегардад. Ҳамин тариқ, пас аз он ки ақрабаки соат ба 23 – 59 дақиқа мерасад, дар соатҳои атомӣ рақамҳои 00 – 00 танҳо баъди ду сонияи дигар пайдо мешаванд.
Р. РАҲМОНҚУЛОВ

ОРЗУҲОИ СОЛИНАВӢ
Бигзор шаби Соли нав хушбахтӣ дари хонаи шуморо бикӯбад… Ва Худо кунад, ки ҳамон лаҳза шумо дар хона бошед!
Бигзор Соли нав ба рӯи шумо 365 дари хурсандиро боз намояд!
Беҳтарин Соли нав он аст, ки ин иди муборакро дар ҳалқаи пайвандон ва дӯстони қадрдон ҷашн гиред!
Соли нав боз як имконияти хубест, ки ба худ омад ва тамоми нафрат ва кудуратро аз дил бизудуд! 
Бигзор дар Соли нав на аз шароб, балки аз эҳсоси хушӣ махмур бошед!
Ш. ШОКИРОВ

ФАКТҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ СОЛИ НАВ
Маълумоти аввалин дар бораи ҷашни Соли нав аз ҳазораи сеи то мелод дар  Месопотамия ба назар мерасад.
Дар Рими Қадим Соли навро моҳи март ҷашн мегирифтанд: маҳз дар ҳамин вақт корҳои саҳроӣ оғоз меёфтанд. Соли 46 – и то солшумории мо императори Рим Юлий Сезар аввали солро ба 1 январ гузаронд. Тақвими Юлианӣ дар тамоми Аврупо паҳн шуд.
Аввалин маълумоти ҳуҷҷатӣ дар бораи ороиши арча ба ибтидои асри XVII рабт дорад. Тавре муаррихон тасдиқ кардаанд, якумин дарахтони ороёфта ба муносибати Соли нав дар Элзас (ҳамон замон он қисми Олмон буд, феълан Фаронса) пайдо шуданд. Барои ороишоти идонаи арча ва санавбарҳои буридашуда садбаргҳои коғазин ва себҳо ба кор мерафтанд. 
Бо занҷираи электрикии ҷилодори дорои лампаҳои рангоранг якумин маротиба арчаи назди Қасри сафед соли 1895 оро ёфт.
Аввалин ороишоти шишагини арча дар Тюринг (Саксония) асри XVI сохта шуд. Истеҳсоли оммавии саноатии овезаҳои арчаи солинавӣ танҳо аз нимаи асри XIX дар ҳамин ҷо шурӯъ гардид.
Соли 1843 Дар Лондон аввалин руқъаи солинавӣ чоп шуд, ҳамин тавр анъанаи тақдими руқъаҳои табрикотӣ дар Соли нав роиҷ гашт.
Дар Русия Соли навро бо қарори Пётри Як аз соли 1700 якуми январ таҷлил менамоянд.
Дар Испания ва Куба ҳангоми фарорасии Соли нав истеъмоли 12 дона ангур ҳатмист.
Анъанаи тарфпарронӣ аз Осиё баромадааст. Он ҳар қадар, ки равшантар ва баландтар бошад, ҳамон андоза ҷину аҷинаҳо дур мешаванд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН

САНТА КЛАУС. АЗ ТАХАЙЮЛОТИ БАДЕӢ ТО ҲАҚИҚАТИ ВОҚЕӢ
Соли 1823  омӯзгори семинарияи Клемен - Мур  Кларк  образи Санта Клаусро эҷод кард. Аввалин шеъри офаридаи ӯ, ки дар он образи Санта тасвир шудааст,  «Соли нав дар паси дар ва ё ташрифи Санта» ном дошт. Ӯ Клаусро ҳамчун фариштаи  некии дар чанаи ҳаштгавазна савор, офаридааст, ки ба воситаи  мурии дудбаро ба хона медарояд. Муаллиф мақсад надошт, ки  шеърашро чоп намояд, вале яке аз  дӯстони Кларк онро пинҳонӣ дар  рӯзномаи «Sentinel»  нашр кард. Ҳамин тавр шеър  байни мардум  зуд шуҳрат пайдо намуд.
Соли 1862 рассом Томас Наст образи Санта Клауси сиёҳқаламишударо  (графика) дар муқоваи маҷаллаи бонуфузи «Harpers Weekly» тасвир кард. Баъдан, соли 1885 ношири амрикоӣ Луис Пранг Сантаро бо пӯстини рангаш сурх пешкаши ҷаҳониён гардонд. Ҳамагон Санта Клаусро бо ҳамин шакл эътироф намуд, дӯст доштанд.    
Таҳияи М. ЗУВАЙДОВА

 

БАРФАК
Соли 1873 А. Н. Островский пйесаи «Барфак» - ро («Снегурочка») эҷод намуд, ки дар он Барфакро ҳамчун духтари Бобои барфӣ нишон додааст. Дар пйеса Барфак чун духтари зебову қоматбаланд, сафедпӯсти зардинамӯй, бо пироҳани осмониранг ва кулоҳу дастпӯш тасвир шудааст.
 Баъдан соли 1935 дар Иттиҳоди Шӯравӣ  китоби махсус доир ба ҷашни Соли нави мелодӣ интишор шуд. Барфак ҳамчун набераи Бобои барфӣ ва шахси кумакрасон баҳри тақдими туҳфаҳо аз ҳамон вақт эътироф гардид.
Бори  аввал соли 1937 Бобои барфӣ бо Барфак якҷоя гирди арчаи солинавии Хонаи иттиҳоди шаҳри Маскав пайдо шуда, хотири ҳамагонро шод намуданд. Аз он замон кӯдакон ҳар шаби Соли нав Бобои барфию Барфакро бесаброна интизор шуда, онҳоро бе якдигар тасаввур карда наметавонанд.  
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА

БАЛАНД ВА БОЗ ҲАМ БАЛАНДТАР 
Соли 1950 дар шаҳри Сиетли музофоти Вашингтон арчаи солинавӣ бо баландии 67 метру  36 сантиметр  ороста шуд. Он ҳамчун баландтарин арчаи солинавӣ дар дунё эътироф гардида, вориди китоби «Рекордҳои Гиннес» гардид.
Дар шаҳри Итуи Бразилия  соли 2000 - ум бо баландии 76, 2 метр арчаи сунъие мавриди тамошои ҳамагон қарор гирифт. Барои ороиши он 6,5 ҳазор чароғакҳои ранга истифода шуд.
Дар Итолиё бошад, соли 2001 арчаи солинавиро бо баландии 800 ва паҳнои 40 метр мавриди тамошо гузоштанд, ки диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намуд. Барои ороиши он 700 чароғаки ранга, ки дарозии 18 километрро ташкил мекард, истифода шуд.  Дар нӯги арча ситораи сурхи 50 - метра  ҷой гирифта буд.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА

1 ЯНВАР ВА СОЛИ МУРҒ ДАР ТАЪРИХ
Ҳар рӯз хосияти ба худ хос дорад. Хоса агар он рӯзи мавлуди кас бошад. Вале санаҳое ҳастанд, ки тавассути дар он рӯз ба дунё омадани шахсиятҳои бузург, дар хотираи бисёриҳо нақш бастаанд.
Рӯзи 1 январ – иди Соли нав Пйер де Кубертен, ташаббускори баргузории бозиҳои олимпии муосир, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.  Дар ин рӯз, ҳамчунин, қаҳрамонҳои Иттифоқи Советӣ Владимир Титов -  кайҳоннавард ва Иван Панфилов, генерал - майор, лашкаркаши машҳури шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷашни мавлуд доранд. Зодрӯзи  ҳунарманди машҳури Ҳолливуд, дорандаи Ҷоизаи «Оскар» Энтони Ҳопкинс низ ба ҳамин рӯз рост омадааст.
Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, шоири тоҷик ва собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» низ дар ҳамин рӯз ба дунё омадааст. 
Дар соли мурғ бошад, чунин шахсиятҳои машҳур, аз қабили Екатеринаи II, маликаи Русия (1762 – 1796), ҳунарманди машҳури театр, кино ва сирк - Юрий Никулин, физики машҳури шӯравӣ, дорандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел - Андрей Сахаров, нависандаи машҳури Ҳинд, дорандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт - Робиндранат Такур,  оҳангсози машҳури итолиявӣ - Ҷузеппе Верди, нависандаи машҳури амрикоӣ - Ҷеймс Фенимор Купер ба дунё омадаанд.
Таҳияи З. БОБОРАҶАБОВА

ГАРОНБАҲОТАРИН АРЧАҲОИ ОЛАМ
Соли 2010 дар меҳмонхонаи «Emirates Palace» - и  шаҳри Абу Даби ба муносибати Соли нави мелодӣ арчае ороста шуд, ки дар таърих ҳамчун гаронбаҳотарин арчаи солинавӣ шинохта шуда, бозичаҳои ороишии он саросар бо алмосу марворид ва лаълу зумуррад ороста гардида буд. Инчунин, ба шохаҳои ин дарахти ҳамешасабз маснуоти заргарӣ аз қабили гарданбанду занҷира ва даспонаю соатҳои қиматбаҳо овехта шуда, арзиши ин арчаро ба 11 миллион доллари амрикоӣ баробар намуданд.
Мӯъҷизаи дигари солинавӣ ин арчаи офаридаи устои заргари ҷопонӣ Гинза Танака мебошад. Ӯ барои сохтани ин рамзи солинавӣ 40 килограмм тиллои холисро истифода бурда, барои ороиши он на аз бозичаҳои маъмулӣ, балки аз 50 шакли қаҳрамонҳои афсонавӣ истифода кардааст. Мавриди зикр аст, ки соли 2007 Гинза Танака Бобои барфини зарринро сохта буд, ки вазни он ба 20 килограмм тилло мерасид. Соли 2008 бошад, Танака аввалин арчаи зарринро бо арзиши 1,5 миллион доллари амрикоӣ сохта, ба намоиш гузошт.
Соли 2007 дар маркази савдои «Такасимая» - и Ҷопон арчаи хурдакаки аҷибу ғайриодиро бо арзиши  1,8 миллион доллар ба савдо гузоштанд, ки диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намуд. Аҷоиботи ин дарахт дар он аст, ки он аз чандсад дона садбаргҳои хушкондашуда сохта шуда, гулбаргҳои он  бо 400 адад бриллиантҳо, ки вазни умумиашон ба 100 карат мерасид, ороиш ёфта буд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2016    №: 259    Мутолиа карданд: 2962

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед