logo

иқтисод

САРМОЯГУЗОРӢ - ОМИЛИ МУҲИМИ РУШД

Сармоягузорӣ муҳаррики асосии иқтисодиёт мебошад
Маблағи умумии маҷмӯи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории ҷомадонии (портфелии) амалкунанда то 1 декабри соли ҷорӣ 22,1 миллиард сомониро (2,8 миллиард долларро) ташкил дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маблағгузориҳои хориҷӣ беш аз 40 лоиҳаи грантиву қарзӣ, ҳамчунин 20 лоиҳаи сармоягузориҳои омехта мавҷуданд. Дар доираи татбиқи лоиҳаҳо 13,7 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст, ки 71 дарсади дурнамои солонаро ташкил медиҳад.

Ба Тоҷикистон 695 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид шуд
Тибқи маълумоти расмӣ, воридоти умумии сармоягузории хориҷӣ дар нуҳ моҳи соли равон 695 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки аз он 354,4 миллион долларро сармоягузории мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.
Сармояи мустақими хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 дарсад афзуда, бештар ба соҳаҳои саноати коркард, истихроҷи маъдан, фаъолияти молиявӣ ва хизматҳои тиҷоратӣ, нақлиёт ва алоқа равона шудааст.
Ҳудуди 62 дарсади сармояи хориҷӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, боқимонда аз Федератсияи Русия, Арабистони Саудӣ, Британияи Кабир, ИМА ва шарикони дигари иқтисодию тиҷоратӣ ворид гардидааст.
23 созишномаи нав ба имзо расид
Дар ин давра бо шарикони рушд ҷиҳати амалисозии 13 лоиҳаи афзалиятноки кишвар ба маблағи умумии 234,3 миллион доллари ИМА 23 созишнома ба имзо расид.
Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи ҷалби сармояи хориҷӣ диққати махсус зоҳир мешуд. Ин буд, ки бо кӯшишҳои ҳадафнок дар давраҳои гуногун Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, Чехия, Словакия, Корея, Давлати Кувайт, Эрон, Ҳиндустон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Беларус, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Фаронса, Олмон ва давлатҳои дигар оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориҳо созишномаҳо ба имзо расондааст.

Шароити зарурии техникиву молиявӣ фароҳам аст
Иштирокдорони Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе - 2016 таъкид доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон амалисозии як қатор ислоҳотро оид ба беҳсозии фазои мусоид баҳри рушди соҳибкорию сармоягузорӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорону сармоягузорон таъмин намуда, бо ин мақсад имконияту шароити зарурии техникӣ ва молиявиро фароҳам овардааст.
Дар радифи ислоҳоти татбиқшуда Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид “Дар бораи эътироф ва мавриди иҷро қарор додани ҳалномаҳои арбитражҳои хориҷӣ” ва Конвенсияи Апостилро дар бобати эътироф намудани ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ ба тасвиб расонд, ки пурра ба сода намудани ҷараёни фаъолияти сармоягузорону соҳибкорон ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо равона шудаанд.
Бо мақсади осон намудани рафтуомади сармоягузорон дар Тоҷикистон раводиди махсуси навъи “сармоягузор” амал мекунад. Ҷиҳати идомаи мантиқии ислоҳоти мазкур ва боз ҳам мусоид намудани шароит барои фаъолияти сармоягузорӣ Ҳукумат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки қоидаҳои пешниҳоди раводиди мазкур боз ҳам содатар карда шаванд. Инчунин, қоидаҳои пешниҳоди корти иҷозати кор барои мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ, ки ба омӯзондани кадрҳои маҳаллӣ машғул мешаванд, таҷдиди назар карда хоҳанд шуд.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2016    №: 259    Мутолиа карданд: 2031

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед