logo

иқтисод

БАШОРАТ. АЗ ПЕШРАВИИ ИҚТИСОДӢ, КИ ДАР ПАЁМ МАТРАҲ ШУД

Як қисмати бузурги Паёми имсоларо Президенти кишвар ба соҳаи иқтисод, ки дар ин давраи таърихӣ аз ҳама муҳим ба назар мерасад, бахшидаанд ва камбудиҳои дар  ин соҳа ҷойдоштаро бо як дарки амиқ бозкушоӣ намуда, роҳҳои ҳали онҳоро ироа кардаанд. Махсусан се масъалаи баррасишуда ҳалли ҳарчи зудтарро талаб мекунанд. Инҳо масъалаҳои таъмини пурраи аҳолӣ ва корхонаҳо бо барқ, рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва болобарии иқтидори зеҳнии мамлакат мебошанд. Ҳалли саривақтии ин мушкилот, бешак, ба рушди босуръати иқтисод мерасонад ва боиси зиёдшавии музди меҳнат ва ҷойҳои нави корӣ мегардад.
Дар ҳақиқат, расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва таъмини аҳолӣ ва корхонаҳо бо барқи доимии нисбатан арзон яке аз роҳҳои дурусти таъмини рушди босуръати иқтисод аст. Дар Паём Президенти мамлакат қайд карданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд гардида, зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд. Дар се соли оянда, Тоҷикистон пурра ба истиқлолияти энергетикӣ хоҳад расид.
Тоҷикистон бо табиати зебои худ метавонад аз ҳисоби сайёҳӣ манфиати хеле зиёд ба даст орад. Президенти мамлакат дар Паёми навбатӣ на танҳо дастовардҳо, балки камбудиҳо ва роҳи ҳалли онҳоро ҳам иброз доштанд. Пешвои миллат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти марбутаро муваззаф намуданд, ки ба соҳаи сайёҳӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи он тадбирҳои судманд андешанд. То имрӯз дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони зиёда аз 80 кишвари ҷаҳон низоми содакардашудаи раводид ҷорӣ шудааст. Шумораи умумии сайёҳон дар се соли охир ба таври назаррас зиёд гардид. Дар панҷ соли оянда, дар назар аст, бо як қатор ислоҳот ва бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, муҳити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беҳтар карда, воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда мешаванд. Бо дар амал татбиқ кардани ин нақшаҳо кишвари мо аз имкониятҳои сайёҳии худ даромади хуб ба даст меорад ва ҷойҳои нави кор таъсис меёбанд.
Пӯшида нест, ки бе рушди энергетика ба кор даровардани иқтидорҳои нави саноатӣ мушкил мебошад. Дар Паёми навбатӣ масъалаи рушди иқтисоди кишвар дар мадди аввал истодааст. Рушди босуръати иқтисодӣ имкониятҳои бештарро барои ҳалли мушкилоти дигари иҷтимоӣ ва амниятӣ фароҳам меорад.
Аз Паёми имсолаи Сарвари давлат равшан бармеояд, ки роҳбарияти  мамлакат ба мушкилоти мавҷуда назари воқеӣ дошта, ҳама тадбирҳои имконпазирро барои боз ҳам ободтару зеботар гардондани ватан ва фароҳам овардани зиндагии шоистаю арзанда барои  мардум меандешад. Моро ояндаи нек дар пеш аст.
Меҳр СОБИРИЁН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2016    №: 259    Мутолиа карданд: 1968

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед